Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садои бонги хатар дар Украина хомӯш шуд


Сарбозони украинӣ дар Бахмут
Сарбозони украинӣ дар Бахмут

Садои бонги хатар дар саросари Украина, ки рӯзи 4-уми феврал тақрибан ду соат давом кард, хомӯш карда шуд. Ҳанӯз ҳеҷ гузорише дар бораи эҳтимоли хисороти нав дар паи ҳамлаҳои нирӯҳои русӣ дар даст нест, вале дар шарқи ин кишвар – минтақаҳои Донетск ва Луҳанск давоми 24 соати гузашта авҷи нави ҳуҷумҳо мушоҳида шудааст.

Дар ду рӯзи гузашта ин бори сеюм аст, ки дар фазои Украина бонги хатар садо медиҳад. Рӯзи 3-юми феврал ду дафъа бонги хатар бекор шуд ва ҳеҷ гузорише дар бораи эҳтимоли осеб дидани сохторҳои мулкӣ ё талафоти ҷонӣ нашр нашуд. Бо афзоиши таҳдидҳои афзоиши ҳамлаҳои Русия дар яксолагии шурӯи ҷанги бедалелаш дар хоки Украина, аз шиддатёбии низоъҳо дар минтақаи Донбасс гузоришҳо мерасанд.

Ситоди кулли Украина дар гузорише гуфт, “душман амалиёти таҳоҷумиро дар минтақаҳои Лиман, Бахмут, Авдеевка ва Новопавливка (-и Донетск) идома медиҳад”.

Ҷанг дар Бахмут, ки нирӯҳои русӣ мехоҳанд онро таҳти назорати худ дароранд, чандин моҳ аст ҷараён дорад. Бархе сокинони мулкӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки даргириҳо дар дохили шаҳри Бахмут ва ҳам канораҳои он мушоҳида мешаванд. Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 3-юми феврал гуфт, ки нирӯҳои украинӣ мубориза барои ҳифзи Бахмутро идома медиҳад. Ӯ гуфт, “ҳеҷ касе аз Бахмут даст намекашад. Ҳар қадар лозим шуд, меҷангем. Бахмут қалъаи мо аст”.

Зеленский ин суханҳоро дар ҳузури мақомоти Иттиҳоди Аврупо баён кард, ки барои баррасии нақшаи ба узвияти оилаи аврупоӣ пазируфта шудани Украина дар Киев қарор доштанд.

Ин ҳам дар ҳоле буд, ки бархе матбуоти амрикоӣ навишт, ки ИМА ба Украина машварат додааст, ки қаламрави Бахмутро тарк кунанд. Мақомоти амрикоӣ ба Bloomberg гуфтаанд, ки ин қарор барои тақвияти нирӯ дар пешорӯи ҳуҷумҳои нави баҳорӣ мусоидат мекунад.

Ситоди кулл рӯзи 4 феврал инчунин гуфт, ки нирӯҳои украинӣ аз ҳамлаҳои русҳо дар маҳаллаҳои Грекивка, Невске, Креминна ва Дибровои минтақаи Луҳанск пешгирӣ карданд.

Низомиён гуфтанд, ки нирӯҳои русӣ 20 ҳамлаи ҳавоӣ ва се ҳамлаи мушакӣ анҷом дода дар минтақаҳои Харков ва Миколаев зербиноҳои мулкиро ҳадаф қарор доданд ва боиси марги сокинони мулкӣ шуданд.

Зеленский гуфт, дар сурати таъмин шудани нирӯҳои украинӣ бо силоҳҳои дурусти ғарбӣ, “шонси зада шудани” муқовимати русҳо вуҷуд дорад. Ӯ гуфт, “агар захираҳои силоҳ афзоиш ёбад, бахусус силоҳҳои дурпарвоз, мо на ин ки аз Бахмут даст намекашем, балки ишғолгарони русро аз Донбасс берун мекунам”.

Зеленский гуфт, таҳримҳои аврупоӣ бояд пеш роҳи барқарор шудани тавонмандиҳои низомии Русияро бигиранд.

ИМА рӯзи 3 феврал эълон кард, ки ба Украина як бастаи навбатии кӯмакҳои низомиро дар ҳаҷми 2,2 миллиард доллар пешкаш мекунад ва ин ёриҳо аз мушакҳои дурпарвозе иборат хоҳад шуд, ки тавонмандиаш ду баробар беҳтар аз силоҳҳои имрӯзаи дар ихтиёри Украина буда мебошад. Пентагон гуфт, ки ин бастаи кӯмакҳо инчунин бомбаҳои хурдҳаҷми заминиро ҳам дар бар мегиранд, ки вусъати парвозаш тақрибан ду баробар дуртар аз системаи мушакии HIMARS мебошад.

Дар пешорӯи афзоиши ҳуҷумҳо дар шарқи Украина ва гирифтани ваъдаи ирсоли тонкҳо аз ҳампаймонҳои ғарбиаш Киев инчунин дархости ирсоли силоҳҳои бештари замонавӣ ва пурқудраттари мисли ҳавопаймоҳои ҷангии F-16-ро ҳам кардааст.

Рӯзи 3 феврал Иттиҳоди Аврупо эълон кард, ки дар Украина машқҳои низомиро афзоиш медиҳад ва ин машқҳо на 15 ҳазор, балки 30 ҳазор низомии украинаро фаро хоҳад гирифт.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG