Бар пояи натоиҷи назарпурсии International Republican Institute (IRI) ё Пажӯҳишгоҳи байналмилалии ҷумҳурихоҳон, мақараш дар Вошингтон,, ки натиҷаҳояш рӯзи якшанбе, 6 апрел, нашр шуд, бо вуҷуди иддаои Маскав, русҳову русзабонҳо дар Украина таҳти таҳдиду фишор қарор надоранд ва бештари мардум дар Украина аз робитаҳои зич бо Иттиҳодияи Аврупо ва пайвастан ба ин ниҳод пуштибонӣ мекунанд.
Бештари ширкаткунандагони назарпурсӣ аз боқӣ мондани нимҷазираи Қрим дар ҳайати Украина ҷонибдорӣ кардаанд. Ба ин суол ки оё русзабонҳо дар Украина барои истифода аз забони худ мавриди фишор қарор доштаанд ё хайр?, 85 дарсади украиниҳо посухи рад доданд. Зимнан, 66 дарсади русҳои маҳаллӣ, ки дар манотиқи шарқӣ ва ҷанубии Украина, аз ҷумла, дар нимҷазираи Қрим ба сар мебаранд, низ таҳти фишор қарор доштани забони русиро рад кардаанд. Назарпурсӣ ҳамчунин нишон дод, ки 81 дарсади сокинони Украина, аз ҷумла, 67 дарсади сокинони манотиқи ҷанубӣ ва 61 дарсади сокинони вилоятҳои шарқӣ ба фиристодани нерӯи низомии Русия ба хотири дифоъ аз русзабонҳо мухолифанд.
Дар як моҳи гузашта теъдоди афроди пуштибон аз робитаҳои наздиктар бо Аврупо низ афзоиш ёфтааст. 52 дарсади афроди пурсидашуда гуфтаанд, ки барои вуруди кишвар ба Иттиҳодияи Аврупо бартарӣ медиҳанд, то ба Иттиҳодияи гумрукии Русия, Белорус ва Қазоқистон. Моҳи феврал фақат 41 дарсад аз пурсидашудаҳо хостори вуруди кишвар ба Иттиҳодияи Аврупо буданд. Дар ҳоле ки фарқ миёни манотиқи ғарбӣ ва шарқии Украина қобили мулоҳиза боқӣ мемонад, 53 дарсад гуфтаанд, ки дар сурати баргузории референдум ба вуруди Украина ба Иттиҳодияи Аврупо раъй медиҳанд. Фақат 28 дарсад хостори пайвастани Украина ба Иттиҳодияи гумрукӣ будаанд.
Натиҷаҳои назархоҳӣ ҳамчунин ҳокист, ки 66 дарсади афроди пурсидашуда раъйпурсӣ дар Қримро талоши пора кардан ва таҳдид ба истиқлоли Украина арзёбӣ мекунанд. 40 дарсади сокинони манотиқи шарқӣ ва 48 дарсад дар ҷануби Украина низ ба ин назаранд. 91 дарсади сокинони вилоёти ғарбӣ, 57 дарсади сокинони ҷануб ва 52 дарсади мардуми бумии манотиқи шарқӣ аз боқӣ мондани Қрим дар ҳайати Украина пуштибонӣ кардаанд. Ва ин дар ҳолест, ки бар пояи иттилои Маскав, 97 дарсади ширкаткунандагони раъйпурсӣ дар Қрим хостори пайвастани нимҷазира ба ҳайати Русия шудаанд.
Аксари пурсидашудаҳо (54 дарсад) амали Русия дар Қримро таҷовуз ва забти қаламрави Украина хондаанд.
Ин назарпурсӣ аз 14 то 26 март дар ҳама вилоятҳои Украина, ба шумули нимҷазираи Қрим, баргузор шуда, дар он 1200 сокини аз 18-солаи болои Украина ширкат доштанд.