Бар асоси шумориши 90 дарсади овозҳо, миллиардер Петро Порошенко бо 54,22 дарсад пешсаф аст. Сарвазири собиқ Юлия Тимошенко, ки дар мақоми дуюм аст, то ин лаҳза ҳамагӣ 13 фоиз овоз гирифтааст, яъне беш аз 4 маротиба камтар аз Порошенко ва гумон аст, ки дигар кор ба даври дуюм бикашад.
Раиси Кумиссиюни марказии интихоботи Украина Михаил Охендовский рӯзи 26 май гуфт, ҷараёни шумориши овозҳо нишон медиҳад, ки дигар зарурате барои даври дуюм боқӣ намемонад. Иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Украина Олександр Турчинов низ алакай Петро Порошенкоро бо пирӯзӣ дар интихоботи рӯзи 25 май табрик кардааст.
Ҳамин тавр, дар интихоботи рӯзи 25 май яке аз ёрони наздики Петро Порошенко - қаҳрамони собиқи бокси ҷаҳон ва раҳбари ҳизби УДАР - Виталий Кличко шаҳрдори Киев, пойтахти Украина интихоб шуд.
Аммо дар интихоботи президентӣ баъди шумурдани 85 дарсади овозҳо, Олеҳ Ляшко бо 8,43 фоиз дар зинаи сеюм буда, вазири собиқи хориҷа Анатолий Гритсенко 5,42 ва Сергий Тигипко 5,27 дарсад ва Михаил Добкин - номзади ҳизби минтақаҳои раисиҷумҳури барканоршуда Виктор Янукович 3,18 фоиз овоз гирифтаанд. 12 номзади дигар дар маҷмӯъ камтар аз 9 фоиз овоз ба даст овардаанд.
Тигипко ва Добкин амалан дар миёни 18 номзад ба президентии Украина танҳо ду номзади рӯ ба Русия буданд ва ҳамагӣ чизе бештар аз 8 фоиз овоз гирифтани онҳо, ба гуфтаи нозирон, нишон медиҳад, ки дар асл, бар хилофи иддаоҳои мақомот ва матбуоти Русия, танҳо шумори ночизе аз мардуми Украина аз наздикии Киев бо Маскав пуштибонӣ мекардаанд. Беш аз 90 дарсади мардум, бар асоси ин натиҷаҳо, аз сиёсатмадорони тарафдори ҳамоиши Украина бо Аврупо ҳимоят кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Виктор Янукович, ки баъди барканориаш дар моҳи феврал дар Русия паноҳ ёфтааст, низ зоҳиран ба поёни умри сиёсиаш тан додааст. Янукович бо нашри як изҳорот гуфт, ба натиҷаҳои интихоботи Украина эҳтиром қоил аст, вале ба гуфтаи ӯ, раисиҷумҳури оянда бояд хунрезӣ алайҳи мардумихудро қатъ ва ба талабҳои мардуми шарки кишвар гӯш диҳад.
Петро Порошенко гуфтааст, Украинаро ба сӯи Аврупо хоҳад бурд ва сарвазир Арсений Ятсенюкро, ки дасти рости рақиби асосии Порошенко - Юлия Тимошенко - маҳсуб мешавад, дар ин мақом нигоҳ хоҳад дошт.
Видеои ҳамлаи ду чархболи МИ-24 ба фурудгоҳи Донетск
Дастикам ду чархболи нирӯҳои Украина рӯзи 26 май фурудгоҳи Донетскро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Ҷудоиталабони тарафдори Русия субҳи 26 май ин фурудгоҳи бузургтарин дар шарқи Украинаро ишғол карданд.
Нирӯҳои давлатии Украина талош доранд, таҳти ҳимояти ҳавопаймоҳо фурудгоҳи Донетскро, ки рӯзи 26 май аз сӯи ҷудоиталабон тасарруф шуд, дубора ба даст биоранд. Дастикам ду чархболи низомии нирӯҳои Украина фурудгоҳи байналмилалии Донетскро ҳадафи ҳамлаи шадид қарор додаанд. Ҷангиён аз майдон ва дохили фурудгоҳ алайҳи чархболҳо тир кушодаанд.
Бино ба охирин ахбори расида, нирӯҳои десанти Украина ба поккории ҳудуди фурудгоҳ аз ҷангиёни тарафдори Русия шурӯъ кардаанд.
Хабарнигорони ғарбӣ аз маҳалли даргириҳо гузориш медиҳанд, ки чархболҳои МИ-24 бинои "Фурудгоҳи байналмилалии Сергей Прокофйев" ва аҳдофе дар атрофи хаттҳои парвозро ҳадафи ҳамла қарор доданд, ки боиси ба ҳаво хестани дуди сиёҳи ғафс аз ин ҳудуд шудааст.
Владислав Селезнёв, сухангӯи амалиёти зиддитеррори нирӯҳои Украина гуфт, низомиҳо баъди иҷро нашудани талаби тарки фурудгоҳ болои ҷангиёни мустақар дар фурудгоҳи Донетск аз ҳаво ҳамла кардаанд.
Телевизизиони давлатии Русия - Russia Today - дар шабакаи Youtube навори ҳамлаи чархболҳо ба фурудгоҳи Донетскро нашр кардааст:
Қаблан хабар шуда буд, ки нирӯҳои Украина ба хотири озод кардани фурудгоҳи Донетск таҳти ҳимояти ҳавопаймоҳои низомӣ алайҳи ҷудоиталабон амалиёти густардаеро ба роҳ андохтаанд.
Фурудгоҳи асосии вилояти Донетск субҳи 26 май ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Ҷудоиталабони силоҳбадаст аз сарбозони дар фурудгоҳ мустақаршуда талаб кардаанд, ки хориҷ шаванд. Фурудгоҳ аз соати ҳафти субҳ кор намекунад.
Денис Пушилин, раҳбари ҷудоиталабони Донетск гуфтааст, аз соати 00-00-и 26 май дар “Ҷумҳурии мардумӣ”-и Донетск вазъи низомӣ ҷорӣ шудааст ва “як вазифаи асосӣ аз нирӯҳои душман, яъне нирӯҳои Украина тоза кардани қаламрави Ҷумҳурии мардумии Донетск мебошад.”
Хабари дигар аз Украина мегӯяд, ки ҳайати нозирони САҲА интихоботи раёсати ин ҷумҳуриро ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ номидааст. Нозирони ғарбӣ рӯзи 26 май дар нахустин арзёбии худ гуфтанд, интихоботи рӯзи 25 майи раёсатҷумҳурии Украина ҳамроҳ бо азми мақомоташ барои баргузории интихоботи воқеъӣ гузашта, ҷавобгӯи аксари ӯҳдадориҳои байналмилалии ин кишвар буд.
Бино ба натоиҷи шумориши оро, дар интихоботи Украина алакай дар даври аввал миллиардер Петро Порошенко баранда мешавад. Порошенко ва Маскав алакай аломат додаанд, ки барои музокироти роҳҳои ҳалли бӯҳрони Украина омодаанд. Порошенко рӯзи 26 май дар Киев ба хабарнигорон гуфт, ӯ қасд дорад бо раҳбарони Русия дар аввалҳои моҳи июн мулоқот кунад. Ӯ афзуд, таъмини субот дар шарқи Украина бидуни ширкати Маскав имкон надорад. Порошенко гуфт, хоҳони идомаи амалиёти низомӣ алайҳи ҷудоиталабон аст, вале бо шеваи “муассиртар”.
Ҳамзамон вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар Маскав гуфт, Русия барои муколама бо Порошенко омода аст. Маскав қонунмандии мақомоти муваққати Украинаро, ки то интихобот раҳбарии он кишварро бар дӯш доштанд, ҳамеша зери суол мегузошт ва чандин бор гуфта буд, ки Виктор Януковичро раҳбари қонунии Украина мешиносад.
Сергей Лавров рӯзи 26 май ҳамчунин гуфт, Маскав “муколама ва гузашт байни Киев ва вилоятҳо”-ро калиди ҳалли бӯҳрони Украина медонад. Ӯ алайҳи азсаргирии амалиёт ба зидди ҷудоиталабон дар Донетску Луҳанск ҳушдор дод.
Порошенко дар интихоботи Украина пирӯз мешавад
Бар асоси натоиҷи шумориши 25 дарсади орои интихоботи раёсатҷумҳурии Украина, Петро Порошенко бо касби 54,1 дарсади овозҳо пешсаф аст. Юлия Тимошенко бо 13,1 дарсад дар ҷои дувум аст.
Натоиҷи расмии интихоботи президентии Украина, қарор аст, имрӯз, 26 май эълон шавад. Аммо натоиҷи муқаддамотии шумориши 25 дарсади овозҳо баёнгари пешсафии миллиардер ва молики корхонаҳои шоколадсозии "Рошен" Петро Порошенко мебошад, ки 54,1 дарсади овозҳоро ба даст овардааст. Рақиби асосии ӯ - сарвазири собиқ Юлия Тимошенко - баъди ҳисоби чоряки овозҳо ҳамагӣ 13,1 дарсад раъй ба даст овардааст.
Экзит-поллҳо низ нишон медиҳанд, ки Порошенко зоҳиран алакай дар даври якум баранда мешавад. Ӯ алакай эълони пирӯзӣ карда ва гуфтааст, нахустин вазифааш ба ҳайси раисиҷумҳури Украина "поён додан ба ҷанг ва овардани сулҳ" ба кишвар буда, нахустин сафараш ба ҳайси раҳбари кишварро ба вилоятҳои ошӯбзадаи шарқи Украина анҷом хоҳад дод.
Порошенко ҳамчунин гуфт, ҳеҷ гоҳ раъйпурсии моҳи марти Қрим ва "тасарруфи Қрим аз сӯи Русияро эътироф нахоҳад кард. Ӯ афзуд, мардуми Украина дар раъйдиҳии рӯзи 25 май "роҳи ҳамоиш бо Аврупо"-ро интихоб карданд.
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама интихоботи баргузоршуда дар Украинаро "қадами дигари муҳим ба тарафи пеш дар роҳи талошҳои давлати Украина барои ваҳдати кишвар" унвон кард.
Экзит-поллҳо аз пирӯзии Порошенко дарак медиҳанд
Интихоботи президентии Украина анҷом ёфт. Экзит-поллҳо аз пирӯзии Петро Порошенко дарак медиҳанд. Юлия Тимошенко - 2-юм ва Олеҳ Ляшко - 3-юм шудааст. Соати 20 -00 ба вақти Украина (соати 22-00 ба вақти Душанбе) раъйгирӣ дар интихоботи президентии Украина анҷом ёфт ва билофосила натиҷаҳои экзит-поллҳо эълон шуданд.
Бино ба натоиҷи экзит-полле ки Пажӯҳишгоҳи сотсиологии Киев(КМИС) ҳамроҳ бо Маркази назарсанҷии Разумков анҷом додааст, Петро Порошенко метавонад алакай дар даври якум баранда шавад. Ба ӯ 55,9 дарсади пурсидашудагон овоз додаанд.
Сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенко бо 12,9 дардсади овозҳо дар ҷои дувум аст. Мақоми сеюмро ғайриинтизор Олеҳ Ляшко бо 8 дарсад ба даст овардааст. Анатолий Гритсенко, бино бар ин экзит-полл, 6,3 фоиз, Сергий Тигипко - 4,7 ва Михаил Добкин - номзади ҳизби то 3 моҳи пеш ҳокими минтағаҳои раисиҷумҳури барканоршуда Виктор Янукович - 2,1 дарсад овоз гирифтаанд. Раъйи бадастовардаи 12 номзади дигар аз ин ҳам камтар аст.
Ширкати фаъолонаи мардум дар интихоботи Украина
Кумиссиюни марказии интихоботи Украина гуфт, то соати 15 ба вақти Киев беш аз 40 дарсади мардум дар интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ раъй додаанд. Аммо дар вилояти Луҳанск мизони ширкати мардум дар интихобот 17 дарсад ва дар вилояти Донетск ҳудуди 11 дарсад гуфта мешавад.
Ин дар ҳолест ки ҷудоиталабони тарафдори Русия дар аксари қаламрави вилоятҳои Донетску Луҳанск баргузории ин маъракаро иҷозат надоданд. Дар Қрим ҳам, ки аз сӯи Русия тасарруф шудааст, ин интихобот доир намешавад. Дар ин се вилоят дар маҷмӯъ қариб 10 миллион аз 45 миллион аҳолии Украина ба сар мебаранд.
Интихоботи рӯзи 25 майи раёсатҷумҳурии Украина, ки бо ширкати 18 номзад мегузарад, 3 моҳ баъд аз барканории раисиҷумҳури рӯ ба Русияаш Виктор Янукович ва ду моҳ баъд аз тасарруфи Қрим аз тарафи Русия ва ба низои мусаллаҳона байни нирӯҳои давлатӣ ва ҷудоиталабони тарафдори Русия печидани ҷунбишҳои ҷудоихоҳӣ дар вилоятҳои Луҳанску Донетск доир мешавад.
Хабарнигори Радиои Фардо Анна Райская фазои Украина дар рӯзи интихоботро чунин тасвир мекунад:
Тимошенко: Украина бояд узви НАТО шавад
Юлия Тимошенко, сарвазири собиқ ва яке аз номзадҳои умда ба интихоботи президентии Украина рӯзи 25 май баъд аз раъй додан дар зодгоҳаш - шаҳри Днепропетровск гуфт, "фурсате расида, ки ба хотири истиқрори сулҳ дар Украина раъйпурсии саросарӣ дар масъалаи узвият ба паймони низомии НАТО доир карда шавад." Тимошенко гуфт, агар пирӯз шавад, тамоми корро хоҳад кард, то Украина барои расидан ба сулҳ ба ин паймон бипайвандад.
Даъвати Порошенко ба гуфтугӯи мустақим бо Донетску Луҳанск
Аммо рақиби асосии ӯ - миллиардер Петро Порошенко - баъд аз раъй додан дар пойтахт, шаҳри Киев, хостори музокироти мустақим бо мардуми вилоятҳои ошӯбзадаи Донетску Луҳанск шуд. Ӯ ҳамин тавр изҳори умед кард, ки интихобот ба истиқрори сулҳ ва манъи террор дар Украина кумак хоҳад кард.
Интихоботи рӯзи 25 майи раёсатҷумҳҳурии Украина, ки бо ширкати 18 номзад мегузарад, пурчолиштарин интихобот дар таърихи Украина муосир ба шумор меравад. Сарвазири Украина Арсений Ятсенюк, ки низ дар Киев раъй дод, гуфт, "тамоми талошҳо барои ба ҳам задани интихобот, ки аз сӯи Русия ва террористони спонсоронашон низ Русия анҷом шуд, ба нокомӣ меанҷоманд."
Мақомот дар ҳар сурат умедворанд, ки ин интихобот ихтилофот бо Русияро, ки ин кишвари пасошӯравиро бо ҷудоиталабони тарафдори Маскав дар ду вилояти шарқиаш вориди низои мусаллаҳона кардааст, ҳалл хоҳад кард.
Хабарҳои расида ҳокии ширкати фаъолонаи мардум дар интихобот дар пойтахт, шаҳри Киев ва дар ғарби Украинаанд. Аммо мақомоти вилояти Донетск мегӯянд, то соати 8-30 субҳи 25 май аз 2430 қитъаи овоздиҳӣ дар ин вилояти ошӯбзада, ки чандин шаҳр, бо шумули марказаш таҳти назорати ҷудоиталабони тарафдори Русия қарор дорад, танҳо 426 қитъа боз шудаанд. Дар шаҳри Донетск, барои мисол, ҷудоиталабон ягон қитъаи раъйдиҳиро иҷозат надодаанд.
Дар шаҳри Луҳанск, ки низ дар зери назорати ҷудоиталабони рӯ ба Маскав қарор дорад, раъйдиҳӣ барои интихоботи президентии Украинаро иҷозат надодаанд, вале дар бархе ноҳияҳои вилояти Луҳанск раъйдиҳӣ идома дорад. Раиси Кумиссиюни марказии интихоботи Украина Михаил Охендовский ба хабарнигорон гуфт, аз 12 ҳавзаи интихоботӣ дар вилояти Луҳанск интихоботи раёсатҷумҳурии Украина танҳо дар ду ҳавза доир мешавад.
Мақомоти Украина аз қабл мегуфтанд, ки бисёре аз қитъаҳои раъйдиҳӣ дар вилоятҳои Донетску Луҳанск, ки як бахши аъзами ҳардуяш таҳти назорати ҷудоиталабони рӯ ба Русия афтодааст, ғолибан боз нахоҳанд шуд.
Бо ин вуҷуд, кафили сарвазири Украина Арсений Ятсенюк гуфт, интихоботи президентӣ қадами аввал дар роҳи истиқрори субот дар шарқи ошӯбзадаи кишвар хоҳад шуд. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ваъда додааст, ки Русия бо ҳукумати нави Украина, ки дар натиҷаи интихоботи рӯзи 25 май рӯи кор хоҳад омад, ҳамкорӣ хоҳад кард.
Барои касби мақоми раҳбари ояндаи Украина 18 номзади сабти ном шудаанд. Назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки миллиардер ва молики корхонаоҳи шоколади “Рошен” Петро Порошенко дар байни номзадҳо пешсаф аст, вале зоҳиран наметавонад, ки беш аз нисфи овозҳоро ба даст оварда, пирӯзиашро алакай дар даври якум собит кунад. Петро Порошенко, бино ба назарсанҷиҳо, беш аз 40 дарсади оовозҳоро соҳиб хоҳад шуд.
Рақиби асосии ӯ – сарвазири собиқ Юлия Тимошенко – аз Порошенко хеле ақиб мемонад. Вале Тимошенко бакарат гуфтааст, ки ба натиҷаҳои ин назарсанҷиҳо бовар надорад ва танҳо ҳақиқати мавриди эътимоди ӯ раъйи мардум дар рӯзи 25 май мебошад.
Сарвазир Арсений Ятсенюк рӯзи 24 май дар як баёния гуфт, мардуми Украина бояд алорғами таҳдиди “бандитҳое ки аз хориҷ таъмини молӣ мешаванд” ва қасди ба ҳам задани интихоботро доранд, бояд ба қитъаҳои овоздиҳӣ бирезанд ва раъйи худро бидиҳад. Арсений Ятсенюк гуфт, интихоботи рӯзи 25 май бояд “иродаи украиниҳо – аз ғарбу шарқ ва шимолу ҷануби кишвар”-ро ба намоиш бигузорад. Аммо Ятсенюк гуфт, ӯ мутмаин аст, ки ғолиби ин интихобот имзои паймонҳои калидии сиёсӣ ва тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро дар меҳвари сиёсати давлати ояндааш қарор хоҳад дод.
Маҳз сарпечии раисиҷумҳури барканоршуда ва рӯ ба Русияи Украина Виктор Янукович аз имзои ин қарордодҳои калидӣ бо Иттиҳодияи Аврупо дар поёни моҳи ноябр боиси оғози эътирозҳои маъруф ба “Евро-майдон” дар маркази Киев ва шаҳрҳои дигари Украина шуд, ки дар моҳи феврал мунҷар ба суқути ҳукумати Янукович ва печидани Украина ба як бӯҳрони амиқи сиёсӣ ба дунболи ин шуд. Русия дар моҳи март нимҷазираи аксаран русзабони Қрими Украинаро ишғол ва бо баргузории як раъйпурсӣ ба қаламрави худ ҳамроҳ кард.
Аз аввалҳои моҳи апрел ҷудоиталабони тарафдори Русия дар ду вилояти дигари низ умдатан русзабони Донетск ва Луҳанск ба тасарруфи биноҳои давлатӣ пардохтанд ва ба дунбол аз таъсиси “Ҷумҳуриҳои мардумӣ”-и Донетску Луҳанск ва ташкили нирӯҳои мусаллаҳи ин ду “ҷумҳурӣ” хабар доданд. Дар Киев мутмаинанд, ки эҳсосоти ҷудоиталабиро дар шарқ ва ҷануби Украина аз Русия доман мезананд ва таъмини силоҳ мекунанд. Мақомоти Украина аз 15 апрел алайҳи ин ҷудоиталабон амалиёти густардаи “зиддитеррор”-ро ба роҳ андохтаанд, вале ин амалиёт то кунун пешрафти қобили мулоҳизае накардааст.
Бо ин ҳол, чирикиҳои тарафдори Русия дар Донетску Луҳанск дафтарҳои маҳаллии интихоботиро тасарруф ваё муҳосира кардаанд. Дар ин манотиқ чандин мавриди рабудан ва таҳдид алайҳами мақомоти интихоботӣ низ мушоҳида шудааст.
Денис Пушилин, як аз раҳбарони ба ном “Ҷумҳурии мардумии Донетск” рӯзи 24 май таҳдид кард, ки “дар сурати зарурат”, ҷудоиталабон барои ҷилавгирӣ аз баргузории интихоботи президентии Украина дар ин вилоят аз нирӯ ҳам истифода хоҳанд бурд.
Интихоботи президентии Украина ҳамин тавр, дар Қрим, ки баъди тасарруфаш аз сӯи Русия берун аз юрисдиксияи Киев мондааст, баргузор нахоҳад шуд. Дар ҳар сурат, дар қаламрави ин ҷумҳурии мухтор ягон қитъаи интихоботӣ ташкил нашудааст.
Мақомоти Украина мегӯянд, барои таъмини амният дар рӯзи интихобот даҳҳо ҳазор пулису ихтиёриён басиҷ шудаанд. Мақомот ҳамин тавр, ба сокинони вилоятҳои ошӯбзада имкон додаанд, ки дар ягони шаҳри дигар раъй бидиҳанд.
Ҷараёни интихоботи раёсатҷумҳурии Украинаро, ба истиснои Донетсуку Луҳанск, дар дигар вилоёти ин кишвар беш аз 1000 нозири САҲА назорат мебаранд.
Раъйдиҳӣ 12 соат – аз соати 8 субҳ то 8 шом – давом мекунад. Натоиҷи экзит-поллҳо ба муҷарради анҷоми раъйдиҳӣ эълон мешаванд, вале натиҷаҳои муқаддамотии расмӣ ғолибан рӯзи 26 май нашр хоҳанд шуд.