Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таърихи Шаҳрисабз зери хатар мондааст


Кумитаи мероси ҷаҳонии СММ маркази таърихии шаҳри Шаҳрисабзи Узбакистонро ба рӯйхати маконҳои таърихии таҳти хатар шомил кардааст.

Кумитаи мероси ҷаҳонии СММ маркази таърихии Шаҳрисабзи Узбакистонро ба рӯйхтаи маконҳои таърихие ворид кард, ки ба далели шаҳрсозӣ таҳти хатар қарор гирифтаанд. Кумитаи мероси ҷаҳонӣ рӯзи 13 июл гуфт, аз тахриби биноҳо ба хотири боз кардани роҳ барои зербинои сайёҳӣ дар маҳаллаҳои атрофи Шаҳрисабз, ки ҳанӯз дар асрҳои миёна бино шудаанд, дар ташвиш афтодааст.

Ба гуфтаи ин кумитаи ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги СММ – бунёди меҳмонхонаҳо ва дигар биноҳои муосир “сурати таърихии Шаҳрисабзро ба таври бебозгашт тағйир додаанд.”

Кумитаи мероси фарҳангӣ аз ЮНЕСО даъват кард, то як ҳайъаташро барои бароварди хисоротит расида ба маркази таърихии Шаҳрисабз ва пешниҳоди тадбирҳои муносибат барои ислоҳи ин ҳолат ба Узбакистон бифиристад.

Дар рӯйхати Маркази мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, Шаҳрисабз ҳамчун шаҳре қаламдод шудааст, ки маркази таърихиашро “ёдгориҳои меъмории барҷаста ва маҳаллаҳои қадимаи комиле, ки аз таърихи чандинасраи ин шаҳр дарак медиҳанд, зиннат медиҳанд. Ин ёдгориҳо ва маҳаллаҳо ба даврони шукуфоии ин шаҳр дар даврони Амир Темур ва Темуриён дар асрҳои XIV–XV тааллуқ мегиранд.”

Амир Темур, бино ба маъхазҳо ва ривоятҳои таърихӣ, дар рустои Хоҷа-Илғар дар канори Шаҳрисабз ба дунё омада буд. Баъди расиданаш ба қудрат ва тасарруфи сарзаминҳои зиёд Амир Темур барои рушди зодгоҳаш низ масрафи зиёд кард. Аз ҷумла маҳз бо фармони Амир Темур дар Шаҳрисабз қасри Оқсарой сохта шуд, ки қисматҳое аз он то имрӯз расидаанд.

Таърихи Шаҳрисабз, ки дар ҷануби Узбакистон дар масири Роҳи Абрешим ҷойгир шудааст, ба тақрибан 2700 соли пеш мекашад. Шаҳрисабз дар аҳди бостон Кеш ном дошт ва дар даврони Ҳахоманишиён маркази фарҳангӣ ва сиёсии вилояти Суғд будааст.

Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО гуфт, Шаҳрисабз бо маҷмӯаи ёдгориҳои мазҳабиву ғайримазҳабии бебаҳову беҳамтояш фарқ мекунад. Шаҳрисабз дар соли 2000 ба рӯйхати ёдгориҳои мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шуд. Шомил кардани шаҳр ба рӯйӣхтаи маконҳои таърихии таҳти хатар имкон медиҳад, ки талошҳо барои ҳимояти милливу байналмилалӣ ба хотири ҳифзи Шаҳрисабз тақвият биёбанд.

Шаҳрисабз, воқеъ дар 80-километрии ҷануби Самарқанд, дар ҳудуди вилояти Қашқадарёи Узбакистон дар байни рӯдхонаҳои Оқсӯ ва Танхоздарё ҷойгир шудаааст. Дар Шаҳрисабз, бино ба оморҳо, беш аз 100 ҳазор нафар ба сар мебаранд.

Адаш Истад, адиби тоҷики муқими Самарқанд рӯзи 14 июл дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, “дар Шаҳрисабз тоҷикон зиёд ба сар мебаранд. Дар атрофи шаҳр низ чандин деҳаи комилан тоҷикнишин аст, ба мисли Саричашма. Ин шаҳр ба далели наздикиаш ба Самарқанд дар рушди илму фарҳанги мардуми тоҷик саҳми муҳим дорад. Аз Шаҳрисабз чандин донишманди барҷастаи тоҷик бархостааст, ба мисли профессор Нуралӣ Мирзоев, Шокир Мухтор, ки дар бораи равобити фарҳангии Тоҷикистону Фаронса таҳқиқоти зиёд бурдааст, Ҷумъа Ҳамроҳ. Ҳоло ҳам як бахши аъзами устодони риштаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи Самарқанд аҳли Шаҳрисабзанд.”

Мақомоти Узбакистон мехоҳанд дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Шаҳрисабз ба муносибати 680-солагии Амир Темур ҷашни бузурге барпо кунанд. Ба ин муносибат дар ин шаҳри зодгоҳи Амир Темур сохтмони масҷиди бузурге ба номи ӯ идома дорад. Барои сохтани ин масҷид мақомоти Узбакистон устоҳои беҳтаринро аз саросари кишвар ба Шаҳрисабз даъват кардаанд.

XS
SM
MD
LG