Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз рӯсарӣ ба аммома: Либоси мазҳабӣ дар Тоҷикистон замонавӣ мешавад. ВИДЕО


Дар пасманзари маҳдудият ва баҳсҳои чандинсола атрофи пӯшиши либоси мазҳабӣбархе барои худ тарҳи нави либоспӯширо пайдо карданд, ки ба маънои "ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад" аст. Занону духтарони сатрпӯши тоҷик ба хотири он ки ҳам аз кору таҳсил намонанд ва ҳам мувофиқ бо ақидаи мазҳабии худ амал кунанд, рӯсариро бо рӯймол ё амомаи модели шарқӣ иваз карданд.

Фаъолони ҳуқуқ аз мудохилаи давлат ба сару либоси шаҳрвандон интиқод намуда ва онро нақзи озодиҳои шахсӣ меноманд.

Шукрона Саидова яке аз онҳост. Ӯ мегӯяд, замоне сатр мепӯшид, аммо вақте сатр дар донишгоҳ мамнуъ шуд, дар дуроҳа қарор гирифт. Бояд ё сатрро аз сар мегирифт ва таҳсилро дар донишгоҳ идома медод ё бо сатр, вале дур аз таҳсил мемонд. "Вақте донишгоҳ дохил шудам, гуфтанд, тибқи низомнома сатр кардан мумкин нест. Ва дар кӯчаҳо ҳам мумкин набуд. Баъдан ба фикри ин шудам, ки чӣ рӯймоле ба сар кунам, то дар кӯчаҳо озод бигардам."

Бо кӯмаки интернет ӯ тарзи либоспӯшиашро "соддатар" ва замонавӣ кард. "Бештар дар интернет наворҳои тарзи нави рӯймолбандиро тамошо мекардам. То як шеваашро барои худ интихоб кунам. Ҳоло бо ин либос ҳам роҳатам, ҳам дар кӯча озод мекардам. Ба дугонаҳоям ҳам дар ин самт кӯмак мекунам. Ҳам зебанда аст, ҳам барои мо мувофиқ."

Ба гуфтаи Шукрона, аксар дугонаҳои сатрпӯши ӯ ҳам ҳоло ба ҷойи рӯйсариҳои қаблии худ, ки барои мақомот хушоянд нест, ба шеваҳои нави рӯймолбандӣ ва либоси пӯшидаи замонавӣи рӯ овардаанд. Воқеан духтарони зиёдеро ҳоло дар шаҳр бо амома дидан мумкин аст.

Аз рӯсарӣ ба кулоҳу саллаҳои модели шарқӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Ин навъи либоспӯшӣ дар ҳоле маъмул ва муд шуд, ки хоҳарони овозадор Шабнаму Фарзона баъди Ҳаҷҷи амома пӯшиданд. Аксу видеоҳои зиёди овозхонҳои пуртарафдор ба духтарони ҳаводори ҳунарашон илҳом бахшид. Ҳамакнун ҳам духтарон бо ақоиди мазҳабӣ ва ҳам духтарони озоди аврупоипуш аз ин шеваи рӯймолбандӣ истифода мекунанд.

Азиза, як духтари дигар ҳам дар сӯҳбат бо мо гуфт: "Дар хонаи мо ҳама намоз мехонанд, занҳо рӯймол мебанданд. Вале ин шакли рӯймолбандӣ ҳам мисли рӯймолбандиҳои худамон аст. Ҳам замонавӣ аст, ҳам ғайриқонунӣ нест".

Дар Тоҷикистон пӯшиши либоси мазҳабӣ, ба хусус чодари сиёҳ барои донишҷӯёну коргарони сохторҳои давлатӣ манъ шудааст. Бо бонувоне, ки бо чунин либос дар кӯчаҳо ё муассисаҳои ҷамъиятии мисли мактабу бемористонҳо ҳозир мешавад, гоҳҳо дар рейдҳои махсуси мақомот сӯҳбатҳо сӯҳбатҳо мешавад, то ба шеваи ба истилоҳи мақомот "миллӣ"-и либоспӯшӣ, рӯ оваранд.

Либосҳои пӯшидатар, аммо замонавӣ

Дар фурӯшгоҳҳо пешниҳоди чунин навъи либос ва воридоти он аз хориҷа ҳам назорат мешавад. То чанд соли пеш ҳиҷобфурӯшӣ ва ё либосӣ исломии занона, барои бисёре аз фурӯшандаҳо тиҷорати фоидаоварде буд, аммо ҳоло чунин либосҳо дар фурӯш камёфтанд.

Тоҷироне ҳам, ки қаблан либосҳои хоси мазҳабиро ба фурӯш мегузоштанд, ҳоло шеваи кори худро тағйир додаанд ва шакли либосеро вориди бозор мекунанд, ки ҳам барои духтарони тарафдори либоси аврпуоӣ ва ҳам тарафдорони ақидаҳои мазҳабӣ, мувофиқ бошад. Тоҷирон мегӯянд, ҳоло дигар мисли чанд соли пеш, духтарон ҳам зиёд либосҳои дарозу маҳкам намепурсанд ва бештар ба либосҳои албатта пӯшидатар, аммо замонавӣ таваҷҷӯҳ мекунанд.

Наргис Обидова, фурӯшандаи як нуқтаи либосҳои занона дар фурӯшгоҳи "Садбарг" мегӯяд: "Мо бо хости духтарон рӯймолу шарфҳои мухталиф меорем, духтарон ҳам чеҳраҳояшон кушодагӣ, либосҳо ҳам мувофиқ. Либосашон маҳками хушрӯ, вале пештара барин, сиёҳ нест. Аз мо либосе мепурсанд, ки сахт кушода набошад, вале замонавӣ бошад.

Ба гуфтаи ин тоҷир, ҳоло шарфу саллаҳо миёни духтарони озоду аврупоипӯш ҳам, ки қаблан бидуни ягон сатру рӯймол мегаштанд, харидорони зиёд дорад. Ин гурӯҳи духтарон ҳам баъзан аз рӯйи шавқу завқ сару мӯйи худро бо саллаҳои баланд басташуда оро медиҳанд.

Мисли Миҷгона, як донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгорӣ, ки мегӯяд, сирф барои зебову замонавӣ будан, чанд вақт боз бо либосҳои озоди худ, рӯймол дар шакли кулоҳҳои баланд, мепӯшад. "Ба ман чунин шакли рӯймолбандӣ писанд аст ва он мӯд ҳам ҳаст. Ин шакл ҳам ба либоси миллӣ ва ҳам аврупоӣ мувофиқат мекунад",- мегӯяд Миҷгона.

Бо ин ҳама ба таъкиди фаъолони ҳуқуқ, мудохилаи давлат ба сару либоси шаҳрвандон дахолат ба ҳаёти хусусӣ ва мояи интиқоди онҳо шудааст. Аксари мунаққидон интихоби шеваи либоспӯширо кори хусусии шахс меҳисобанд.

Мӯд тибқи талаботи давлат

Вале бархе таҳлилгарони масоили ҷомеа мегӯянд, ҳамин монеаҳо аз сӯе боиси таҳрир шудани сару либос дар ҷомеа шуд ва занони зиёд ба хотири дучор нашудан ба мушкил, барои худ шеваи либоспӯшии раворо интихоб карданд.

Зулайхо Усмонова, пажӯҳишгари масоили занон.
Зулайхо Усмонова, пажӯҳишгари масоили занон.

Зулайхо Усмонова, пажӯҳишгари масоили занон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, духтарон дар Тоҷикистон ҳам ҳоло кӯшиш мекунанд муду либосро бештар бо талаботе, ки давлат дорад, мувофиқ кунанд.

"Модда як чизи гузаранда аст. Имрӯз вай дар тренд аст, пагоҳ не. Мӯди имрӯза бештар ба талаботи сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ҷавобгӯ мебошад. Яъне, мумкин аст, духтарҳо кӯшиш мекунанд ба талаботи имрӯза, ки аз ҷониби давлат ва ҷомеа талаб мешавад, ҷавобгӯ бошанд."

"Мӯд"-ро дар Тоҷикистон чӣ муайян мекунад?

Замоне ақидае мустаҳкам буд, ки қонуни мӯдро дар Тоҷикисто на танҳо равандҳои байналмилалӣ, балки тоҷирон ҳам муайян мекунанд. Вале баъди он, ки давлат мубориза бо "либоси бегона"-ро бахше аз маъракаи ҷилавгирӣ аз ифротишавии ҷомеа номид ва назорат сахттар шуд, мӯди ҷавонон ҳам мувофиқ бо ин вазъият таҳрир хӯрд.

Чанд сол пеш нахуст вазорати маориф барои донишомӯзон ва ҳам омӯзгорон ва ахиран вазорати маориф барои бонувони машғул дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ навъи либоспӯшии қобили қабул барои давлатро таҳия кард.

Дастурамали либосҳои тавсиявии мақомот на танҳо либосҳои мазҳабӣ балки пӯшидани домани кӯтоҳ ё "мини-юбка"-ро барои духтарону занони тоҷик нораво дониста, дарозии домани либосро 15-20 сантиметр поинтар аз зону муайян кард.

XS
SM
MD
LG