Додситонии ҳарбии минтақаи Қӯрғонтеппа гуфт, ки ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон роҳӣ кардани толибилмони мактабҳо, шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 нарасида хилофи қонунҳои ҷории кишвар мебошад.
Мақомоти маҳаллӣ қаблан гуфта буданд, ки дар даъвати баҳории ҷавонон ба сафи артиш имсол дастикам 23 муҳассили мактабҳои ҳамагонии ноҳияи Шаҳритус роҳӣ шудаанд. Мақомоти гуногун шумораи онҳоро аз 6 то 23 нафар ҳисоб кардаанд. Ҳамакнун додситонии ҳарбии минтақа алайҳи чанде аз масъулони комиссияи даъвати ҳарбии ноҳия парванда кушодааст.
Муфаттишон аз ироаи тафсилоти ин парванда феълан худдорӣ мекунанд, чун мегӯянд, таҳқиқ идома дорад ва баъзе ҷузъиёти он «сирри тафтишот аст».
Сайфиддин Садриддинов, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус, аз шарҳи ин қазия сарпечӣ кард ва гуфт, салоҳияти посух ба ин саволро надорад.
Лутфия Ҷӯраева, муовини раиси ҳукумати Шаҳритус, ки раҳбарии бахшҳои иҷтимоӣ ва маорифи ин ноҳияро ба дӯш дорад, низ аз сафарбарии толибилмон ба артиш изҳори бехабарӣ кард.
Яке аз волидони наваскарон, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ин баҳор писарашро, ки дар синфи 11-ум таҳсил мекард, ба артиш сафарбар карда, ваъда додаанд, ки пас аз ду соли хизмати низомӣ ӯ соҳиби билети ҳарбӣ хоҳад шуд. Маҳина, як сокини маҳаллӣ низ мегӯяд, шоҳиди саҳнаи иҳотагирӣ ё ба истилоҳи маъмул – «облава»-и як толибилми мактаб аз сӯи масъулони комиссияи даъват шудааст.
«Дар ҳамин даъвати баҳорӣ аз назди мактабе мегузаштам. Давутозу ғавғои бисёре шуд. Фикр кардам, ки боз касеро облава кардаанд. Як бачаеро кашида мебурданд. Директори мактаб баромад, пурсидам, гуфт, ки ин бачаро омада аз синфаш бурда истодаанд, ки ин бачаи бетартиб асту дар кӯчаҳо мегардад, равад, хизмат кунад, сафро пур кунад. Баъдтар ҷавони дигаре омаду ба онҳо муроҷиат кард, ки ҳозир аст ба ҷойи додараш рафта, хизмати аскариро ба ҷо орад, то додараш мактабро хатм карда, аттестат бигирад. Ростӣ, баъд намедонам, ки ин қазия бо чӣ анҷомид», - афзуд Маҳина.
Нуриддин Садриддинов, раиси комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Шаҳритус, ба гуфтаи худаш, наметавонад дурусту қонунӣ будан ё набудани далели ҷалби муҳассилони мактаб ба артишро арзёбӣ кунад.
«Ман фақат бо масъалаҳои корӣ машғулам, аммо комиссариат бо ин кор вобаста буд, аниқашро медонад, ки қонун вайрон шудааст ё нашудааст. Мебахшед…
- Аммо Шумо ҳадди ақалл аз сар задани ин қазия огаҳӣ доред?
- Ин хел ҳодиса набояд шуда бошад. Аммо агар шаҳрванд худаш хоҳаду ариза диҳад, падару модараш зид набошанд, меравад ба артиш…»
Дар ҳамин ҳол, масъулони комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус, иқрор мекунанд, ки имсол дастикам 6 толибилми мактабҳои маҳаллии таҳсилоти ҳамагонӣ ба хизмати ҳарбӣ дар артиши Тоҷикистон ҷалб гардидаанд, аммо «ин ҷавонон довталабона ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудаанд».
Сафар Худойдодов, комиссари низомии Шаҳритус, гуфт, ба хизмати ҳарбӣ асосан он мактабхонҳоеро ҷалб кардаанд, ки ба 18-солагӣ расида ва давомоташон дар мактаб хуб набуду ахлоқу рафторашон ҳам беҳбуд мехост.
«Ин бачаҳо таҳсил дар мактабро тарк кардаанд худсарона ва гуфтаанд, ки ба Русия мераванд барои пулкоркунӣ. Бачаҳои душвортарбия буданд. Ба гапи падару модарашон гӯш намедоданд. Аз ин рӯ, волидонашон онҳоро ба комиссариати ҳарбӣ оварданд, ариза навиштанд, ки ба аскарӣ раванд. Азбаски 18-сола буданд, аризаашонро гирифтему сафарбар намудем. Фикр мекунам, ягон қонуншиканӣ рух надодааст», - афзуд комиссар.
Ба иддаои Сафар Худойдодов, ин ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ тарбияи хуб гирифта, ба камол мерасанд, чун артиш барояшон дарси мардонагӣ хоҳад дод. Мактабхонҳои шаҳритусӣ, ки ба артиш ҷалб шудаанд, феълан дар воҳидҳои низомии мустақар дар вилояти Суғди Тоҷикистон адои хидмати сарбозӣ мекунанд.