Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоугланд: "Барбарҳо" омодаи ишғоли Осиёи Марказӣ нестанд


Ричард Ҳоугланд аз соли 2001 то 2006 ба ҳайси сафири Амрико дар Душанбе кор кардааст
Ричард Ҳоугланд аз соли 2001 то 2006 ба ҳайси сафири Амрико дар Душанбе кор кардааст

Як дипломати амрикоӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам кор кардааст, мегӯяд, бо вуҷуди он ки "Давлати исломӣ" мояи нигаронӣ барои Осиёи Марказӣ аст, аммо хатари ҷиддӣ барои минтақа ба ҳисоб намеравад.

Ричард Ҳоугланд, дипломати баландпояи амрикоӣ, дар мусоҳиба бо телевизиони "Садои Амрико" гуфт, ки хатари гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро набояд нодида гирифт. Вале айни замон, ба қавли ӯ, хатар ингуна нест, ки гурӯҳе аз "барбарҳо" дар остонаи дари Осиёи Марказӣ истода ва омодаанд, минтақаро ишғол кунанд.

"Мо бояд хатари ДИИШ ва ё гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро ҷиддӣ бигирем чун хатари навест, ки на танҳо ба мо, балки ба кишварҳои зиёд дар саросари ҷаҳон таҳдид мекунад... Омилҳое вуҷуд дорад, ки бояд нигарон бошем, чунки теъдоде аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Сурия рафта, барои гурӯҳи "Давлати исломӣ" меҷанганд. Дар ниҳоят онҳо ба кишварҳояшон бармегарданд. Ҳарчанд мо бояд эҳтиёткор бошем ва ба ин хатар таваҷҷӯҳи ҷиддӣ бидиҳем, аммо ҳоло ин як хатари бузургу ҷиддӣ барои амният, ҳукуматҳо ва мардуми Осиёи Марказӣ нест," -- афзуд Ричард Ҳоугланд.

Ин дипломати собиқадор, аз соли 2001 то соли 2006 ба ҳайси сафири Амрико дар Тоҷикистон кор кардааст ва дар замони маъмурияти ӯ Душанбе аз Вашингтон барои тақвияти нерӯҳои мусаллаҳ ва аз ҷумла нерӯҳои марзбонӣ ёриҳои зиёде гирифтааст.

Сӯҳбати Ричард Ҳоугланд дар бораи хатари гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ҳолест, ки дар дохилу хориҷ аз кишварҳои минтақа таҳлилгарону коршиносон дар бораи хатари афзояндаи ин гурӯҳ дар Осиёи Марказӣ ҳарф мезананд. Тахмин зада мешавад, ки аз ҳар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистону Узбакистону Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон - аз 1 то 4 ҳазор нафар ба Сурияву Ироқ рафта ва ба сафи гурӯҳҳои тундрав ва бахусус гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста ва дар он кишварҳо меҷанганд.

Зодагони минтақа ҳам дар онҷо гурӯҳҳои тундрави худро таъсис дода ва баъдан ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" изҳори садоқат ва ё байъат кардаанд. Танҳо аз Тоҷикистон ба эътирофи худи мақомоти расмӣ, бештар аз 500 нафар аз сокинони кишвар, аз ҷумла баъзеашон бо зану кӯдакони худ ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва 150 нафарашон ҳам кушта шудаанд.

Ричард Ҳоугланд дар идомаи мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони “Садои Амрико” дар бораи ҳамкориҳои Иёлоти Муттаҳида бо кишварҳои минтақа сӯҳбат кард ва гуфт, Амрико дар Осиёи Марказӣ бо рақибонаш - Русияву Чин бозие анҷом намедиҳад ва барои ҳамкории дарозмуддат ба минтақа омадааст.

"Мо дар инҷо барои дарозмуддат омадаем. Мо аз аввалин кишварҳои ҷаҳон будем, ки истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказиро баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ба расмият шинохтем. Мо дар инҷо 23-24 сол ҳастем. Мо дар саросари кишварҳои Осиёи Марказӣ сафоратхонаҳои нав сохтем. Ба зудӣ ҳам аз ин ҷо рафтанӣ нестем. Айни замон мо ба шарикони худ дар ҳар кишвар таъкид мекунем, ки мо аз истиқлолу соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии шумо ҳимоят мекунем, вале аз шумо талаб надорем, ки аз миёни шарикон якеро интихоб кунед. Ин ин ихтиёри шумост."

Ричард Ҳоугланд, дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, Амрико бо Русия, шарики таърихиву ҷуғрофии Осиёи Марказӣ ва Чини сарватманд ва фаъолтар дар минтақа на рақобат, балки ҳамкорӣ мекунад. Ҳарчанд ба гуфтаи Ричард Ҳоугланд, дигар кишварҳо ин ҳамкориро рақобат мешуморанд.

Ҳоугланд яке аз дипломатҳои собиқадори Амрико аст, ки дар Қазоқистону Тоҷикистону Туркманистон ва Покистону Афғонистон кор кардааст ва тайи ду сол муовини дастёри вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ буд. Маҳз ӯ дар имзои созишномаи ҳамкории байни Тоҷикистону Амрико, ки баъди оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон дар соли 2001 имзо шуд, нақши аслиро ифо кардааст. Ӯ ба наздикӣ бознишаста мешавад.

XS
SM
MD
LG