Хабаргузории Ройтерз навиштааст, Барак Обама дар аёлати Вермонт ва Митт Ромнӣ дар аёлати Кентакӣ дастболо шудаанд. Дар ҳоли ҳозир, Обама се раъйи интихобӣ ва Ромнӣ 8 раъйи интихобӣ ба даст овардаанд.
Овоздиҳӣ дар аёлатҳои Индиана ва Вирҷиния низ ба поён расида, вале натиҷаи он то ҳол эълон нашудааст.
Рӯзи шашуми ноябр даҳҳо миллион нафар дар саросари Амрико дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат карданд, ки дар он Барак Обама, раисиҷумҳури феълӣ ва Митт Ромнӣ рақиби ӯ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ бо ҳам рақобат доранд.
Митт Ромнӣ, номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, дар зодгоҳаш дар иёлати Масачусетс раъй дод ва Ҷо Байден, муовини раисиҷумҳури Амрико, дар зодгоҳаш Делавер. Барак Обама, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз ин пештар дар маҳалли иқомати расмиаш дар вилояти Иллиноис раъй дода буд.
Амрикоиҳо президенти ояндаро интихоб мекунанд
Интихобот дар ҳоле шурӯъ шуд, ки бисёриҳо дар Амрико аз таъсири тӯфони вайронгари Сендӣ нигаронанд ва бо гузашти як ҳафта аз он бисёре аз мардуми маҳалҳои соҳилии шарқии Амрико дар ҳоли рафъи паёмадҳои тӯфон ҳастанд.
Куртни Брукс, хабарнигори Радиои Озодӣ, дар Стейтен Айленд, яке аз маҳалҳои осебдидаи шаҳри Ню-Йорк буд ва доир ба тамоюл дар байни раъйдиҳандагон мегӯяд: "Посухҳои раъйдиҳандагон гуногун аст. Карлаи 56-сола, ки худро бетараф мехонад, мегӯяд, ки ба Митт Ромнӣ раъй медиҳад. Ба гуфтаи Карла, Барак Обама дар бисёре аз мавзӯъҳо худро нодон нишон дод ва аксаран ба назари хеш такя мекард. Карла мегӯяд, баъд аз тӯфон чаҳор рӯз бе нерӯи барқ буд, вале ҳоло дорад. Андреаи 34-сола гуфт, мисли соли 2008 ба Барак Обама раъй медиҳад. Ӯ мегӯяд, ки аз амалкарди Барак Обама барои рафъи паёмадҳои тӯфон ифтихор мекунад ва аз пеш қарор карда буд, ки ба ӯ раъй медиҳад. Ба гуфтаи Андреа, Барак Обама ҳаққи даври дувуми раёсати ҷумҳуриро ба даст овард."
Аксарияти назархоҳиҳо нишон додаанд, ки аз назари тарафдорон, миёни Обама ва Ромнӣ фосилаи андаке вуҷуд дорад. Аммо дар Иёлоти Муттаҳида раъйи мардум пирӯзи интихоботро муайян намекунад, балки номзадҳо бояд камаш раъйи 270 вакили иёлатҳои алоҳидаи Амрикоро ба даст биёранд, ки дар миёни онҳо ва бо дар назардошти аҳолии иёлатҳои мазкур тақсим шудааст.
Дар Иёлоти Муттаҳида ҳамроҳ бо раисиҷумҳур ҳамчунин вакилон барои 33 курсии холишудаи сенати Амрико ва тамоми 435 вакили Маҷлиси Намояндагонро интихоб мекунанд.