Баъди ин қарор аст аризаи шикоятии РАО/РО алайҳи ҳукумати ИМА баррасӣ шавад, ки дар паи боздошта шудани маблағҳои ин расона аз ҷониби USAGM ба додгоҳ ворид гардид.
Қарори додгоҳ аз рӯзи 24 март ба ин маъност, ки РАО/РО маблағеро дар ҳаҷми 7,46 миллион доллар дарёфт мекунад ва ин пулҳо фаъолияти расонаро дар муддати 1 то 14 март дар бар мегирад. Рӯзи 15 март USAGM қарори боздошта шудани маблағгузории ин расонаро содир намуд.
USAGM дар номае, ки ба додгоҳ ироа кардааст, навишт: “Оҷонсӣ барои пардохти маблағ иқдомҳои фаврии маъмуриро рӯи даст гирифтааст”. Бовар меравад, ки ин маблағ то 26 март ирсол шуда, РАО/РО то охири моҳи март онҳоро дарёфт хоҳад кард.
Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳии рӯзи душанбе, Абигайл Стаут, ҳуқуқшиноси вазорати адлия, ки аз USAGM намояндагӣ мекард, даъво намуд, ки созишномаи грантии миёни USAGM ва РАО/РО, онгуна, ки дар дар Қонун дар бораи суханпарокании хориҷӣ ёд шудааст, ба ин оҷонсӣ ҳақ медиҳад, ки дар сурати ба талаботи ин санад мувофиқат накардани РАО/РО, созишномаро боздорад.
“Бо ҳамин далел, қонун пешбинӣ мекунад, ки оҷонсӣ метавонад грантро боздорад”, гуфт Стаут.
Дар посух Девид Тсионтс, яке аз ҳуқуқшиносони РАО/РО гуфт:
“Агар Конгресс фақат ба маблағгузории он оҷонсиҳое розӣ мешуд, ки ҳар коре, ки дилашон мехост, мекарданд, ин бемантиқ мешуд”.
РАО/РО ҳамоно интизори гирифтани дигар қисми маблағҳояш барои буҷаи соли 2025 аст, ки то 30 сентябри соли 2025-ро дар бар мегирад. Ба ҳамин хотир ҳам ба додгоҳ ариза додааст, ки дар ин замина ҳам қарори дахлдор қабул шавад. Додрас бояд ҳафтаҳои наздик қарорашро дар бораи ин бахши даъво бигӯяд.
“Рӯшание дар торикии пурдурӯғ”
Таҳдиди қатъи маблағгузории кори РАО/РО, ки дар 23 кишвари ҷаҳон ба 27 забон барнома таҳия мекунад, мавҷи пуштибонӣ аз ин расонаро бедор кард.
Аз Эрон то Беларус, аз Афғонистон то Русия, аз Покистон то Укрина бисёр хонандагону бинандагони хабару гузоришҳо - хабарнигорони РАО/РО-ро барои бозтоби ҷасорат, бетарафона ва воқеъбинонаи ҳодисаҳо аз майдони ҷанг то вазъ дар кишварҳои саркӯбгар ситоиш мекунанд. Бисёриҳо аз хатари баста шудани кори РАО/РО нигарон ҳастанд.
Олеҳ Прозоров, як хонандаи хабарҳои Радиои Озодӣ аз Украина дар Фейсбук навишт, “гоҳо шумоён мисли рӯшание дар торикии пурдурӯғ ҳастед”. Прозоров аз Бахши украинии Радиои Озодӣ барои “дифоъ аз озодиҳои сиёсӣ” миннатдорӣ баён кардааст.
Амри боздошта шудани маблағгузории РАО/РО чанд соат баъди як дастури президент Доналд Трамп содир шуд, ки ба коҳиши ҳадди аксари харҷу кори ҳафт идора, аз ҷумла USAGM мувофиқи қонунҳо амр дод. Додани гранти кори РАО/РО бар асоси як номаи Кари Лейк боздошта шуд, ки вазифааш мушовири аршади мудири муваққати USAGM ёд шудааст.
Трамп Лейкро ба вазифаи раиси “Садои Амрико” пешбарӣ кардааст, вале номзадии ӯро бояд Шӯрои машваратии суханпарокании байналмилалӣ тасдиқ кунад. Аъзои ин шӯро баъди барканориашон аз ҷониби Трамп дар моҳи январи имсол дигар то ҳол нав карда нашудаанд. “Садои Амрико” ва USAGM идораҳои федеролӣ ва РАО/РО як ниҳоди ғайридавлатӣ ба шумор меравад. Бо ин ки ин муассиса аз ҷониби Когресс маблағгузорӣ мешавад, кормандони РАО/РО мақоми коргарони давлатӣ ва федеролиро надоранд.
Трамп, ки гуфтааст, бо харҷҳои беҳудаи давлатӣ мубориза мебарад, дар давраи аввали раёсатҷумҳуриаш бо USAGM дар робита бо масъалаи мустақил будани сиёсати таҳририяи он ва ҳам мудирияти барномаҳо даъво кардааст.