Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маломати" сарбозони тоҷик барои ширкат дар ҷанги Афғонистон. ВИДЕО


Рӯзи 15-уми феврал аз хуруҷи нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон 30 сол пур шуд. Сабзаалӣ Каримов, сокини Душанбе ҳар сол дар ин рӯз китоби зиндагии худро ҳам варақ мезанад. Ҳаждаҳ сол дошт, ки дар қатори садҳо ҷавони дигари тоҷик, пас аз тамрини 6-моҳа дар Русия ба Афғонистон сафарбар шуд.

Мегӯяд, сарбоз буд ва фармон иҷро мекард, ҳаққи интихоб надошт. Имрӯз ӯ ва дигар ҳамхидматонашро маломат мекунанд, ки ба муқобили ҳамзабону ҳамфарҳангони худ силоҳ гирифт ва дар ҷанги бемаъние ширкат кард, ки то ҳол оқибатҳояшро мардуми Афғонистон мечашад.

“Мо хеле ҷавон будем, ҳеҷ чизро намедонистем. Фақат як фикр доштем, ки сиҳату саломат баргардем. Дар он даҳшатҳо одам умедро аз зиндагӣ меканад. Аммо ҳоло мешунавем, гапу хабарҳо зиёд аст, бар зидди мо, вале дар асл ин хел нест. Мо нарафтем, моро сафарбар карданд. Чунин фармон буд.”

"Рафиқам дар пеши чашмам пора шуд"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Сабзаалӣ қариб ду соли умри худро дар Афғонистон дар ҷанг сипарӣ кард. Сарбози баталиёни иктишофӣ буд. Ба гуфтаи ӯ, низомиёни тоҷик ба мардуми афғон муносибати хос доштанд ва талош мекарданд, ба онҳо осеб нарасонанд.

Суҳбат дар бораи ин ҷанг барои Сабзаалӣ мушкил аст. Ӯ намехоҳад аз ҷанге, ки ҳамхизматонашро кушт ва ё аз дасту по маҳрум кард, ёд орад. “Умеди зинда баргаштан набуд. Ҳар сарбозе, ки мерафт, бозгаштро интизорӣ мекашид” – мегӯяд, ӯ.

Сайфулло Мусоев яке аз сарбозони собиқи дигар аст, ки он замон онҳоро “ҷанговарони интернатсионалист” мегуфтанд. Ҳанӯз ҳам даҳшатҳои ҷанги Афғонистонро дар хоб мебинад. Ӯ аз соли 1982 то 1984 дар Афғонистон будааст.

Худо як рӯзи моро ба ҷавонон нишон надиҳад

“Рафиқамро дидам, ки дар пешам пора шуд, ба мина, ё бомба бархӯрда, таркид. Худо як рӯзи моро ба ҷавонон нишон надиҳанд” - мегӯяд Сайфулло Мусоев.

Полковники бознишаста мегӯяд, сарбозони тоҷик дар Афғонистон бештар байни афсарони шӯравӣ ва мардуми афғон нақши тарҷумонро иҷро мекарданд.

Ӯ бо таваҷҷуҳ ба андешаҳое, ки имрӯз ҷавонон нисбат ба ин ҷанговарон доранд, мегӯяд, сарбозони тоҷик аксарият талош мекарданд, як раҳме дар дили фармондеҳони рус ва дигар миллатҳои шӯравӣ нисбат ба ҳамзабонҳои худ бедор кунанд ва ҷони онҳоро наҷот диҳанд.

Ин кор ба гуфтаи Сайфулло Мусоев, осон набуд, аммо ба хотири душман муаррифӣ нашудан дар чашми мардуми ҳамзабону ҳамфарҳанг талош мекарданд.

“Ҳолатҳое буд, ки шахсан ман дар амалиётҳои ҷангӣ ба фармондеҳон мефаҳмонидам, ки вақте пирамарде аз тарафи неруҳои шӯравӣ кушта шуд, 7 ё 10 фарзанди ӯ ба мо душман мешавад, барои ҳамин мо бояд ин корро накунем. Мо бояд дар симои онҳо худро душман муаррифӣ накунем” - мегӯяд Сайфулло Мусоев.

Сабзаалӣ Каримов ва полковник Сайфулло Мусоев мисли даҳҳо иштирокчии ҷанги Афғонистон ҳар сол дар рӯзи 15-уми феврал бо либоси ҳарбӣ ва нишонҳои худ ба маросими гулгузорӣ мераванд ва зери нимпайкараи Александр Мироненко гул мегузоранд.

Ин сарбози зодаи Тоҷикистон барои «ҷасорату шуҷоат» дар Афғонистон унвони қаҳрамони шӯравиро гирифтааст ва дар Душанбе барои ӯ нимпайкара гузоштаанд.

Ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон 10 сол идома кард ва бино ба иттилои расмӣ аз Тоҷикистон ба ин ҷанг 15 ҳазор нафар сарбозу афсар ва тарҷумону табибон сафарбар шуданд. Дар кишвар 7 ҳазор собиқадори ҷанги Афғонистон сабт шудааст.

Сесаду шасту панҷ сарбози тоҷик дар ҷанги Афғонистон кушта шудаанд. Дар 10 соли ҷанги Афғонистон дар маҷмӯъ аз кишварҳои шуравӣ беш аз 15 ҳазор нафар кушта ва 53 ҳазор нафар захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG