Чанд рӯзи ахир шабакаҳои телевизиони давлатии Узбакистон бо пахши барномаҳои вижа, занонро аз "интим ҷиҳод" ё "ҷиҳоди ҷинсӣ" ҳушдор медиҳанд. Дар ин барномаҳо шахсиятҳои мазҳабӣ ва фарҳангӣ ширкат мекунанд ва мегӯянд, ки аз Узбакистон занон ба Сурия мераванд ва дар он ҷо “хидмати ҷинсӣ”-и тундравҳои “Давлати исломӣ”-ро ба ҷо меоранд. Дар худи “Давлати исломӣ” онро гӯё кори раво медонанд. Дар гузашта Қирғизистон ва Тоҷикистон низ изҳори нигаронӣ карда буданд, ки аз ин кишварҳо на танҳо мардон, балки занон низ дар Сурия ва Ироқ ба ҷиҳод ҷалб мешаванд.
Барно Исҳоқова, коршиноси умури Узбакистон дар бахши узбакии Радиои Озодӣ дар посух ба ин пурсиш, ки чаро дар рӯзҳои охир шабакаҳои телевизионии Узбакистон баробар занонро аз “ҷиҳоди ҷинсӣ” ҳушдор медиҳанд, гуфт:
Исҳоқова: 19 июн дар се шабакаи телевизионии Узбакистон «Ешлар», «Узбекистон» ва «Тошкент» барномаҳое пахш карданд ва дар онҳо гуфта мешуд, ки занони Узбакистон дар Сурия дар суфуфи тундравҳои "Давлати исломӣ" қарор доранд ва ҳоло наметавонанд ба Узбакистон баргарданд. Ин занон дар гуфтугӯҳои телефонӣ эътироф кардаанд, ки онҳо чун “хидматгори ҷинсӣ” барои муҷоҳидон ба он ҷо рафтаанд ва ҳоло баргашта наметавонанд ва аз мақомот кӯмак хостаанд. Мо бо ононе, ки ин барномаҳоро тамошо кардаанд, тамос гирифтем. Онҳо ба мо гуфтанд, ки дар ин барномаҳо маълумоти дақиқ ё номи касе оварда намешавад. Вале баъзе пораҳо аз гуфтугӯҳои телефонӣ бо ин занонро дар барнома гузошта будаанд.
Озодӣ: Дар ин барномаҳо асосан шахсиятҳои мазҳабӣ ва фарҳангӣ сӯҳбат мекунанд. Онҳо аз ин ҷараёнот хабар доранд ё ба онҳо ниҳодҳои амниятӣ маълумот медиҳанд?
Исҳоқова: Дар телевизиону радио ва умуман дар матбуоти расмӣ маъмулан маълумоти умумӣ медиҳанд. Маълумоти мушаххас дода намешавад. Ҳатто ниҳодҳои интизомӣ дар ин бора то ҳол маълумоте надодаанд. Бо вуҷуди ин, рӯшанфикрону шахсиятҳои мазҳабии Узбакистон ин ҷараёнотро назорат мекунанд ва аз он огаҳӣ ҳам доранд. Онҳо дар ин бора маълумоти кофӣ доранд, вале маълумот бояд аз ҷониби мақомоти расмии Узбакистон пахш шавад. Бори аввал дар ин барномаҳо истилоҳи нави “интим ҷиҳод” истифода шуд. Мо бори аввал ин истилоҳро дар матбуоти Узбакистон мешунавем. Ба назари ман ин истилоҳро мақомоти Узбакистон пешниҳод кардаанд”.
Озодӣ: Оё дар ин барномаҳо худи занон ҳам чизе дар бораи саргузашти худ мегӯянд?
Исҳоқова: Ин занон аз Сурия телефонӣ сӯҳбат кардаанд. Гузашта аз ин, баъзе занони дигар ҳам дар барнома ширкат кардаанд. Онҳоро мақомот пеш аз сафар ба Сурия боздошт карда буданд. Вале гуфта намешавад, ки онҳоро дар куҷо боздошт кардаанд. Худи ин занон мегӯянд, ки онҳо бо муҷоҳидон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар "Однокласники" ошно шудаанд. Онҳо низ мегӯянд, ки онҳоро фиреб кардаанд ва аз занони Узбакистон хоҳиш кардаанд, ки эҳтиёт бошанд ва фиреби ҷавонони мазҳабии тундравро нахӯранд”.