Интизор меравад, рӯзи 15 январ додгоҳе дар вилояти Самарқанди Узбакистон ҳукми як духтари 14-соларо, ки ба қатли бобои 76-солааш айбдор мешавад, эълон кунад. Исми мақтул ва қотил дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, вале ба далоили ахлоқӣ ва инки муҳокимаи парванда ба поён нарасидааст, ҳанӯз аз ифшои он худдорӣ мекунем.
Д. дар як хонаводаи серфарзанду камбизоат дар маҳаллаи Дӯстлики шаҳри Каттақӯрғони вилояти Самарқанд ба сар мебурд. Падари ӯ гӯркан буд ва модараш дар бозор нон мефурӯхт. Даромади онҳо барои таъмини рӯзгори ин оилаи соҳиби 7 фарзанд намерасид ва Д., ки дар мактаби рақами 16 таҳсил мекард, баъди хатми синфи 5 аз баҳри идомаи таҳсил гузашт ва ёвари модараш шуд. Иттифоқе, ки тавре баъди ин фоҷиа маълум шуд, дар он замон на раиси маҳалла, на раиси шӯъбаи маориф ва на устодону мудири мактаби маҳаллаи Дӯстлик парвояш накарданд.
Д. рӯзи 18 сентябри соли 2014 ба хонаи бобои модариаш А., ки дар маҳаллаи Қӯшбегии ноҳияи Каттақӯрғон ба сар мебурд, рафт. Иттифоқан ҳамон рӯз бобои 76-солаи ӯ нафақаашро дастрас кард ва Д. аз бобояш хост, ки барояш аз сари пули нафақа барои харидани як курта пул бидиҳад. Пирамарди ҳанӯз аз амри тақдир бехабар инро рад карда, пулро дар дохили сандуқ мегузорад. Д. мехоҳад субҳи рӯзи дигар пули нафақаи бобояшро бидуздад, вале бобояш мебинад ва ӯро маломат мекунад. Д. аз тарси ин ки сирраш фош шуд, ба бадани бобояш ду зарбаи корд мезанад. Вақте мӯсафед аз по афтида, ба нолиш медарояд, набера ба сари бобояш халта андохта бо чанд зарбаи табар ӯро мекушад.
Духтар баъди ин тарсида, пеши модараш фирор мекунад ва қиссаро ба ӯ мегӯяд. Модараш ӯро муддате дар хонаи холааш пинҳон мекунад, вале мақомоти интизомӣ, ки алакай ӯро гумонбари асосӣ медонистанд, Д.-ро боздошт карданд. Ӯ баъди як муддат саркашӣ билохира эътироф кард, ки бобояшро ӯ ва барои чӣ куштааст. Ба гуфтаи Д., дугонаҳои вай рӯзе пеш аз он қазия дар ҳузураш аз куртаҳои тоза харидаашон “фахр” карда, ба ҳоли ӯ хандидаанд, ки ҳамеша дар тан либосҳои кӯҳна ё арзони аз муд рафта мегардад.
Ӯ ибтидо чанд дафъа аз падару модараш барои харидани куртаҳои нав пул мепурсад, вале онҳо мегӯянд, ки ин имконро надоранд ва вақте арӯс шуд, пеш аз тӯй барояш куртаҳои хуб мехаранд. Вақте духтар ба аёдати бобояш меравад ва он ҳам иттифоқан дар рӯзе, ки ӯ нафақаашро гирифт, талотуми ҳодисот ба чунин сурати фоҷиавӣ меанҷомад, ки як хоҳитши дар назари аввал оддӣ дар ниҳоят сабаби марги бобои 76-сола бо дасти набераи ҳамагӣ 14-солаи ӯ шуд ва ин хонаводаро аз чанд тараф ғарғи ғаму мотам кард.
Баъди ошкор шудани ин куштор мақомоти маҳаллӣ дар тараддуд уфтод, раисони ҳарду маҳаллаҳои Дӯстлику Қӯшбегӣ, раҳбарони мактаби 16-ум раиси шӯъбаи маорифи Каттақӯрғон ва ҳатто бино ба бархе хабарҳо, ҳокими ин шаҳрро аз мақомҳояшон ба далели хунукназарӣ барканор карданд.
Дар ҷомиаҳои умдатан муҳофизакори Узбакистону Тоҷикистон, ки умури молии хонаводаҳо бештар дар дасти мардон аст ва занону духтарон гоҳо дар тӯли тамоми умри худ мақоми дастнигарро доранд, ҷанҷолҳо ва ҳатто мавридҳои худкушии духтарон барои мушкилоти молии зоҳиран хурде, чун рад шудани хоҳиши харидани ягон курта ё ҳатто туфли мушоҳида шудааст. Вале инки барои пули як курта набера бобои кӯҳансоли худро бикушад, ба гуфтаи нозирон, ҳодисае нодир ба шумор меравад.