Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дӯсту душмани Рӯзи Валентин


14 феврал дар саросари олам тақозо ба садбарги сурх ба маротиб бештар аст, ҳарчанд бархе ҳукуматҳо бар зидди он қарорҳо қабул мекунанд.

Ин ҷашни рӯзи Валентин аст, ки ҳамчун рӯзи ошиқон эътирофи бештару бештар касб мекунад. Дар ин рӯз ошиқон ба маъшуқонашон ба нишони муҳаббат садбарги сурх ва дигар тӯҳфаҳоро тақдим мекунанд. Дар собиқ Шӯравӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон ҳам, то ҷое медонем, дар бораи рӯзи Валентин иттилоъ ҳаст ва баъзеҳо онро ҷашн мегиранд.

Дар ин бора, яъне Валентини муқаддас ва пайдоиши иди рӯзи Валентин қиссаҳои мухталиф ба табъ расидаанд. Аввалан, тибқи баъзе ривоятҳо иди Валентин дар давраи пеш аз Милоди Масеҳ вуҷуд дошт ва дар ин рӯз империяи Рум идомаи насли инсонро ҷашн мегирифт. Дигарон, пайдоиши ин идро бо роҳибе бо номи Валентин иртибот медиҳанд. Ба гуфти онҳо дар асри 3-уми баъд аз Милоди Масеҳ императори Рум Клавдий издивоҷро манъ кард. Ба фикри вай мардон мебоист фақат сарбоз бошанд, на шавҳару падар. Вале тибқи ин қисса, роҳибе бо номи Валентин пинҳонӣ маросими ақди никоҳи ҷавонони ошиқро доир менамуд. Вақте сирри ӯ кашф шуд, Валентинро эъдом намуданду ба ёди ӯ рӯзи Валентин боқӣ монд.

Қиссаи дуюм ин аст, ки Валентин ном шахсе бандии яке аз маҳбасҳои империяи Рум буда, ба духтари нозири маҳбас ошиқ мешавад. Духтари ҷавон ҳам ӯро дӯст дошта, ошиқи ӯ мегардад. Ҳамин тариқ дар рӯзе, ки Валентинро ба эъдом мебаранд, ӯ ба маъшуқааш карде фиристода, дар ҳошияи он бо муҳаббат менависад: «Аз Валентини ту!». Ин шиор имрӯз ҳам дар бисёре аз кардҳои ошиқона ба чашм мехӯрад.

Хуллас, қиссаҳо зиёданд, вале имрӯз ин иди ошиқон асту бештар ҷилои дунявӣ дорад. Аммо Арабистони Саудӣ хариду фурӯш ва аслан овехтани рамзҳои Валентинро манъ кардааст. Ҳафтаи равон дар ин кишвар фурӯши садбарги сурх низ ба ваҷҳи умум мутаваққиф шуд. Полиси динӣ бо номи Мусавво ба гулфурӯшиҳо дастур додааст, ки то 15 феврал аз фурӯши садбарги сурх худдорӣ варзанд.

Имсол вакилони мардумии кишвари дигари минтақаи Халиҷ: Кувайт ҳам изҳор намуданд, ки ин ид пояи оташпарастиву насронӣ дошта, ба анъанаҳои исломӣ мухолифат мекунад. Вале дар ҳар сурат, дар Кувайт дарёфти садбарги сурх ҳеҷ душворие надорад ва тарабхонаҳо низ ҷуфтҳоро ба ҷашн даъват мекунанд. Дар Баҳрайни ҳамсояи Кувайту Арабистони Саудӣ ҳар сол тақозо ба садбарги сурх афзоиш меёбад. Соли гузашта 14-уми феврал дар ин кишвар 20 000 садбарг ба фурӯш рафт. Имсол гулфурӯшиҳо 25 000 дона садбарг фармоиш додаанд.

Мухолифат ба рӯзи Валентин дар Ҳиндустон ҳам ҷо дорад. Пайравони гурӯҳи мазҳабии Шив Сена шадидан мухолифи таҷлили Валентин буда, мегӯянд, ки онҳо ҷонибдори ҳифзи анъанаҳои ҳиндӣ ва муҳаббату эҳсоси мутамаддин мебошанд. Ин гурӯҳ бо арзишҳои ғарбӣ мин ҷумла ресторанҳои Макдоналдс, барномаҳои телевизионии МТВ ва Рӯзи Валентин мубориза мебарад.

Албатта мубориза мубориза асту баъзан аз он одамони комилан бетараф азият мекашанд. Гулпарвар аз минтақаи Ғазза Зиёд Ҳиҷозӣ аз ошиқон маъзарат хоста афзудааст, ки имсол садбаргҳои парвардааш хӯроки гов хоҳанд шуд. Зеро таҳрими Ғазза имкон намедиҳад, ки садбаргҳояш ба ошиқону маъшуқон расанд.

Аз сӯи дигар, ҳукумати Бритониё бо ишора ба вазъи даҳшатноки кишвари африқоии Кения аз мардум дархост намудааст, ки ба маъшуқонашон садбарги сурхи Кения тӯҳфа кунанд. Нооромиҳои ахири Кения соҳаи кишоварзии ин кишварро дар ҳоли фавқулодда душвор қарор додааст.

XS
SM
MD
LG