Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои Покистон мегӯяд, ки пас аз ҳамлаи хунини ҳафтаи гузашта дар Кашмири зери назорати Ҳинд, ҳамлаи низомӣ аз сӯи Ҳинд бисёр наздик ба назар мерасад.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", ин дар ҳоле аст, ки таниш миёни ду кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ, афзоиш ёфтааст. Дар ҳамлаи рӯзи 22 апрел дар минтақаи Паҳалгам дар Кашмир, 26 нафар кушта шуданд. Ҳинд Покистонро муттаҳам кардааст, ки аз террористҳо дар муноқишаи Кашмир ҳимоят мекунад.
Хоҷа Муҳаммад Осиф рӯзи 28 апрел дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Рейтерз" афзуд, "эҳтимол дорад, ки Ҳинд талош кунад ба хоки Покистон таҷовуз кунад ва ба даргирии низомӣ бо Покистон бипардозад. Ин як эҳтимол аст, эҳтимоли бисёр рӯшан ва ошкор. Ин рад шуда наметавонад".
Хоҷа Муҳаммад Осиф таъкид кард, ки нишонаҳои ҷанг аз сӯи Ҳинд афзоиш ёфтааст ва артиши Покистон гузоришҳое аз эҳтимоли ҳамларо ба ҳукумат супурдааст.
Ӯ ҷузъиёти бештаре дар бораи ин, ки чаро ҳамларо қарибулвуқӯъ медонад, ироа накард. Вазири дифои Покистон гуфт, ки кишвараш дар болотарин сатҳи омодабош қарор дорад, аммо силоҳи ҳастаии худро танҳо дар сурате истифода хоҳад кард, ки таҳдиди мустақим алайҳи бақои Покистон, вуҷуд дошта бошад.
Ӯ афзуд, "аммо табиатан, мо медонем, мо нерӯҳои худро тақвият кардаем, зеро ин масъала акнун қарибулвуқӯъ аст. Бинобар ин, дар чунин вазъияте, бояд тасмимҳои стратегӣ гирифта шавад. Ин тасмимҳо гирифта шудаанд ва мо бо хости Худованд, дар мавқеияте қарор дорем, ки битавонем аз хоки худ дифоъ кунем".
Хабаргузории "Рейтерз" навиштааст, ки вазоратҳои хориҷа ва дифои Ҳинд ҳанӯз ба пурсишҳояш дар ин бора посух надодаанд.
Пас аз ҳамлаи Паҳалгам, Ҳинд ду покистониро масъули ин ҳамла муаррифӣ кард. Покистон ин иттиҳомро рад кард ва хостори таҳқиқи бетарафона шудааст.
Хоҷа Муҳаммад Осиф гуфт, ки Исломобод бо кишварҳои Халиҷи Форс ва Чин тамос гирифта ва дар мавриди вазъият барои Бритониё, Амрико ва дигар кишварҳо низ тавзеҳ додааст.
Вазири корҳои хориҷии Покистон гуфт, ки бархе кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс бо ҳар ду тараф гуфтугӯ кардаанд, аммо ӯ номи ин кишварҳоро ошкор накард.
Чин рӯзи 28 апрел ибрози умедворӣ кард, ки ҳар ду тараф хештандорӣ нишон диҳанд. Хоҷа Муҳаммад Осиф ҳамчунин афзуд, ки Амрико то кунун аз мудохила дар ин мавзуъ худдорӣ кардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳафтаи гузашта гуфт, ки Ҳинд ва Покистон мушкилашонро ҳал хоҳанд кард.
Аммо сипас Вазорати корҳои хориҷии Амрико эълон кард, ки бо ҳар ду тараф дар тамос аст ва онҳоро ба гирифтани "тасмимҳои масъулона", ташвиқ мекунад.
Гуфтугӯ