Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳо аз назари худи номзадҳо


Баъзе аз номзадҳо ба мақоми президентӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ танҳо баъд аз сабти номзадияшон "аз худ дарак доданд."

Бо вуҷуди силсилаи сафарҳо ба манотиқи мухталифи Тоҷикистон, ки Куммиссиюни марказии интихобот барои номзадҳо доир кард, чунин ба назар мерасад, ки ба истиснои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, бақия номзадҳо ба интихоботи президентии рӯзи 6-уми ноябр барои аксари мардум ношинохта боқӣ мемонанд.

Рӯзи 31-уми октябр сафарҳои 5 номзад ва шахсони боэътимоде, ки номзади шашум ва асосӣ - раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро намояндагӣ мекунанд, ба манотиқи кишвар ба поён мерасанд. Тибқи нақша, дар ҷараёни ин сафарҳо ба манотиқи мухталиф номзадҳо бо мардум вохӯрда, ҳар кадом 15-дақиқаӣ суханронӣ кардаву барномаҳои пешазинтихоботии худ ва ҳизби худро муаррифӣ мекунанд. Ҳамин тавр, барои таблиғи ҳар номзад дар телевизионҳои давлатӣ нимсоатӣ вақт ҷудо кардаанд. Вале чунин имкониятҳои маҳдуд то чӣ андоза имконият медиҳад ,то номзадҳо миёни интихобкунандагон шинохта шаванд, суоли матраҳ аст.

Ба назар мерасад, ки ғайр аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ, дигар номзадҳо имкониятҳои зиёди тарғибу ташвиқи номзадӣ ва барномаҳои ҳизбияшонро надоранд. Ғайр аз ҳизби ҳоким, ки имконоти тамоми радиову телевизионҳо ва нашрияҳои давлатӣ дар ихтиёраш аст ва ҳар рӯз дар тӯли чандин соат таблиғи номзадаш Эмомалӣ Раҳмонро мекунанд, дигар ҳизбҳо ягон расонаи таҳти назорати худро надоранд, ки барои таблиғи номзадашон сафарбар кунанд. Бархе ҳизбҳо нашрияи чопӣ доранд, ки хеле аҳён ва ба сурати гоҳнома нашр мешавад. Танҳо ҳизбе, ки кӯшиши сохтани телевизионро дошт, ҳизби наҳзати исломӣ буд, ки он ҳам аз ҷониби Кумитаи давлатии телевизион ва радио ҷавоби рад гирифт.

Таҳлилгарон мегӯянд, интихобкунандагон дар бораи ҳатто вуҷуди аксари ҳизбҳое, ки номзади худро ба интихоботи президентӣ пешбарӣ кардаанд, маълумот надоранд, чӣ расад ба номзади ин ҳизб ва масъалаи пуштибониашон аз ин номзад.

Шинохти шахсиятҳо

Суоле дар зеҳнҳо чарх мезанад, ки бо чунин шароите, ки аксари ҳизбҳо доранд, ва ин чанд мулоқоти аҳён-аҳёни пешазинтихоботӣ бо мардум, 5 номзади дигар то куҷо тавонистаанд худро ба мардум бишиносонанд? Ҳадди ақал ба ҳадде, ки мардум онҳоро, ки мунтақидон номзадҳои "кисагӣ" ҳам номашон мебаранд, аз якдигар фарқ бикунанд?

Баъзе номзадҳо мегӯянд, бо сабаби надоштани нашрияи худӣ барои чопи матолиби таблиғотиашон бо дигар расонаҳо шартнома бастаанд. Бархе ҳизбҳо нашрияи ҳизбиашонро ба таври як ё дудафъаина дар пешорӯи интихобот дигарбора гардон кардаанд.


Саидҷаъфар Исмонов.
Саидҷаъфар Исмонов.
Саидҷаъфар Исмонов, номзад ба мақоми президентӣ аз ҳизби демократ мегӯяд, тарғиби номзадии ӯро баъди анҷумани ҳизбӣ, ки дар нимаи моҳи сентябр доир шуда буд, шурӯъ кардаанд. Саидҷаъфар Исмонов, гуфт бо вуҷуди он ки баъд аз "хомӯшиҳои тӯлонӣ" ин ҳизб номзад ба мақоми президентӣ пешниҳод кардааст, шахсияти худро то ҷое "шинохта" медонад.

Ин дар ҳолест, ки Исмонов мегӯяд, то баргузории анҷумани охирини ҳизбӣ бо мардум вохӯрӣ нагузарондаанд. Вай гуфт, қаблан танҳо бо аъзои ҳизби худ дар манотиқи кишвар вохӯриҳо доштаанду халос. Ба назари ин номзад ба мақоми раисиҷумҳур, мулоқотҳои пешбиникардаи Куммиссиюни интихобот кам аст ва барои хубтар муаррифӣ кардани худ "қувва ва маблағи бештар" лозим будааст.

Ин дар ҳолест, ки дар назар буд, нашрияи ҳизби демократ бо номи "Адолат" дар арафаи интихобот фаъол шавад, вале ин кор нашуд. Исмонов мегӯяд, ҳоло бо ҳафтаномаи "Истиқлол" шартнома бастаанд, вале "Адолат"-ро яқинан то рӯзи интихобот фаъол карда наметавонанд.

Дар мавриди шинохти шахсияти номзадҳо Исмоил Талбаков, номзад ба мақоми президентӣ аз ҳизби комунисти Тоҷикистон мегӯяд, худ дар сиёсат шахси тасодуфӣ нест. Ӯ, ки бори дувум ба мақоми раисиҷумҳур номзад мешавад, ҳамин тавр, собиқаи 13-солаи вакилиашро дар парлумон далел меорад ва мегӯяд, "то ҷое" ӯро мардум мешиносад.

Исмоил Талбаков.
Исмоил Талбаков.
Ҷаноби Талбаков мегӯяд, барномаи худро барои номзадии президент муддатҳои зиёд омода карда, ҳатто аз назари комунистҳои Чин гузарондааст, вале 15 дақиқае, ки дар вохӯриҳо бо мардум барои ҳар номзад ҷудо мекунанд, имкон намедиҳад, ки ӯ барномаашро пурра муаррифӣ кунад.

Ҳизби комунисти Тоҷикистон, нисбат ба дигар ҳизбҳо нашрияҳои расмиву ноҳиявӣ бештар дорад. Теъдоди нашрияҳои ҳизби комунистро дар ҳамаи ноҳияҳо Талбаков 24 мегӯяд. Аз ҷумла нашрияи расмии ҳизбӣ, ки бо се забон нашр мешавад, бо забони тоҷикӣ "Коммунисти Тоҷикистон", бо забони русӣ "Коммунист Таджикистана" ва бо забони узбакӣ "Халқ овозӣ" ном дошта, моҳе як маротиба нашр мешавад.

Зиё Раҳмон, узви раёсати ҳизби аграрӣ "маъруфият"-и номзади аграриҳо - Толиббек Бухориевро дар академик ва як донишманди варзида будани ӯ мебинад. Аммо дар посух ба ин суол, ки қаблан ҳам роҳбарияти ин ҳизб бо мардум вохӯриҳо мегузаронд ё не?, Зиё Раҳмон гуфт, танҳо баъд аз анҷумани ҳизбӣ, ки номзад ба мақоми президентиро интихоб кардаанд, дар пайи таблиғи барномаҳои худ шудаанд.

"Меҳргон" - ягона нашрияи ҳизби аграрии Тоҷикистон аст, ки ба гуфтаи масъулонаш, дар ду ҳафта як маротиба нашр ва танҳо дар байни аъзои ҳизб ва баъзе муассисаҳои аграрӣ паҳн мешавад. Имконоти таблиғотии ин ҳизб чун аксари ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, бо ҳамин як нашрия маҳдуд шудааст.

Аммо Олим Бобоев, номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, тарғибу ташвиқи номзадии худро ба воситаи ягона нашрияи ин ҳизб – "Иқтисод ва ҳаёт", ки дар як моҳ як маротиба бо теъдоди то 2 ҳазор нусха нашр шуда, дар доираи аъзоёну шӯъбаҳои ин ҳизб дар ноҳияҳо паҳн мешавад, кофӣ медонад.

Олим Бобоев.
Олим Бобоев.
Олим Бобоев мегӯяд, солҳои қаблӣ бо мардум чанд вохӯрӣ доштанд ва имсол танҳо аввали сол як маротиба имкон даст додаст ҳамчун намояндаи ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ бо мардуми чанд шаҳру ноҳия вохӯрӣ кунанд. Ҷаноби Бобоев, ба ин суол ки то чӣ андоза бовар дорад, ки мардум дар рӯзи интихобот номи вайро дар байни дигар номзадҳо фарқ мекунад, гуфт, «инро натиҷаи интихобот нишон хоҳад дод.»

Нишастанду гуфтанду бархостанд...

Бо ин ҳол, бино ба гузоришҳо, мулоқотҳои 5 номзад ва шахсони боэътимоди номзади шашум Эмомалӣ Раҳмон бо мардум дар шаҳру навоҳӣ хеле камрангу якнавохт мегузаранд. Дар чанд вохӯрие, ки гузашт, дида шуд, ки касе аз толор бо номзадҳо ҳатто суолу ҷавоб намекунад ва издиҳоми зоҳиран иҷборан ба ин мулоқот сафарбаршуда баробари анҷоми суханронии номзадҳо бошитоб тарки макони мулоқот мекунанд.

Саидҷаъфар Исмонов мегӯяд, дар роҳи мулоқотҳои онҳо бо мардум монеае мушоҳида накардаанд, вале чизе ки мушоҳида шудааст, фаъол набудани мардум буд, ки ба бовари ӯ, аз сатҳи пасти дониши сиёсии онҳо ва барояшон писанд будан ҳолати феълии зиндагиашон дарак медиҳад.

Мулоқот бо номзадҳо дар Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:25 0:00

Аммо таҳлилгарон иллати бетаваҷҷӯҳии мардум ба корзори интихоботиро ба маъруф набудани номзадҳои пешбаришуда ва тавони ночизи онҳо дар муқобили номзади ҳизби ҳоким мебинанд. Аз тарафи дигар, ба бовари бисёриҳо, ҳизбҳое, ки номзадҳояшонро ба мақоми президентӣ мондаанд, аслан шохаҳои ҳизби ҳокими халқии демократӣ ё ба истилоҳи дигар, ҳизбҳои кисагианд, ки танҳо ба хотири алтернативӣ ҷилва додани интихоботи рӯзи 6-уми ноябр номзади худро пешбарӣ кардаанд. Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, ҳеҷ кадоме аз ин 5 номзад ба пирӯзии худ бар Эмомалӣ Раҳмон заррае бовар надорад, балки ба сурати ғайриаланӣ худи онҳо ҳам мардумро ба пуштибонӣ аз "номзади арзанда", ки манзур ҳамон раисиҷумҳури феълист, даъват мекунанд. Пас мо чаро бояд ба онҳо эътимод кунем? - мепурсанд бисёриҳо.

Интихоботи раёсатҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр баргузор мешавад. Барои ширкат ин маърака 6 номзад - аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ - раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳизби коммунист - Исмоил Талбаков, аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ - Олим Бобоев, аз ҳизби аграрӣ - Толиббек Бухориев, аз ҳизби демократ - Саидҷаъфар Исмонов ва аз ҳизби сотсиалист Абдуҳалим Ғаффоров сабти ном шудаанд. Номзади ягонаи мухолифин Ойниҳол Бобоназарова ба далели ҷамъ наовардани 210 000 имзои лозими тарафдоронаш ба интихобот роҳ наёфт.

Ба ақидаи аксари нозирони умур, интихоботи рӯзи 6-уми ноябр яқинан бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон анҷом хоҳад ёфт. Ва ҳоло дигар танҳо бояд як масъала рӯшан шавад, ки шоми 6-уми ноябр ин пирӯзиро бо касби чанд дарсади оро ба фоидаи оқои Раҳмон тасдиқ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG