Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷир -- оне, ки аз даҳони шер нон меканад (ВИДЕО)


Акс аз саҳифаи Диловар Ашӯров дар Facebоok
Акс аз саҳифаи Диловар Ашӯров дар Facebоok

18-уми декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи Муҳоҷир таҷлил мешавад. Ин ҷашн ба як бахши бузурге аз аҳолии Тоҷикистон низ рабт мегирад, ки дур аз зану фарзанд, дар Русия бори иқтисоди Тоҷикистонро мекашанд.

Пардохте ба муҳоҷирони тоҷик - қишри асосии аҳолии қобили кори Тоҷикистон, ки чархи асосии аробаи иқтисоди кишвар шудааст. Вале оё пуле ки мардикорони тоҷик дар Русия ба даст меоранд, оё дар ивази чӣ азобҳое қатра-қатра ба кафи онҳо мерезад.

Видеои раҳоии се муҳоҷири тоҷик аз ғуломӣ ҷомиаи Тоҷикистонро, ки қариб ҳар хонаводааш ҳатман як ё ду азизе дар мардикорӣ доранд, сахт таккон дод. “Хозяин”-и рус барои онки пули корашонро надиҳад, ин мардикоронро бандӣ карда, ба пои якеи онҳо аз туфангча тир задааст. Ин қиссаи талх шояд бисёриҳоро ба андеша водор кард, ки ин сели пуле ки аз Русия меояд, дар ғурбат дар ивази чӣ азобу уқубат ва ҳатто ҷонбозиҳое қатра-қатра ба кафи мардикорони тоҷик мерезад. Ва дар ватан ин қадар осону бепарво ва баҳудаву беҳуда харҷаш мекунанд.

Портрети муҳоҷири тоҷик
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим

Дар мусофират ин, метавон гуфт, “гули сари сабад”-и қишри қобили кори аҳолии Тоҷикистон таҳти таъқиби пайвастаи пулису хадамоти муҳоҷират ва даҳҳо ниҳоди дигари қонуниву нимақонунии рус, ки ҳар кадом мехоҳад аз ҳисоби “Равшану Ҷамшуд”-ҳо “ҳаққ”-е барои худ биситонад, қарор дорад. Солҳо дар як шароити беҳуқуқӣ ва пур аз маҳрумият ва зери таҳдиди ҳамлаи қавгароёни рус ба сар мебарад... Ва ин ҳама фишори пайвастаи равониву ҷисмонӣ ин қишри асосии қобили кори Тоҷистонро алакай ба як насли мариз табдил додааст.

Ба гуфтаи Каромат Шарифов, раиси ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия, агар ҳатто дар Кремл сӯхтор шавад, дар он ҳатман тоҷике низ осеб мебинад. Ахиран дар як раъду барқ дар як рустои дурдасти Калуга боз ҳам тоҷике ҷон бохтааст.

Бӯрибой Ҳайитов ва Бахтиёр Мавлонов
Бӯрибой Ҳайитов ва Бахтиёр Мавлонов

Ҳамин тавр, дар садамаи ахири метрои Маскав ду тоҷик – Бӯрибой Ҳайитов ва Бахтиёр Мавлонов – кушта ва 4 тани дигар захмӣ шуда, 24 январи соли 2011 дар таркиши фурудгоҳи Домодедово низ се тоҷик ҷон бохта буд. Дар маҷмӯъ ҳар сол дар Русия беш аз 1000 муҳоҷири тоҷик ба иллатҳои мухталиф ба зиндагӣ падруд мегӯянд.

Портрети муҳоҷири тоҷик
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:27 0:00

Абдулҳамид, додари хурдии Ашӯрбой Ҳайитов мегӯяд: “Акаамро дӯст медоштам. Чизе мегуфтам, меовард. Бачаи амакам планшет дошт, маро ҳам ҳавасам омад, гуфтам ба акаам, аз Русия бароям планшет овард...”

Абдулҳамид, ки 16 сол дорад, ҳоло намедонад, ки агар боз ягон чиз ҳавас кунад, ба ҷои акааш дигар кӣ барояш хоҳад овард? Магар инки соле баъд худи ӯ ҳам ба артиши мардикорони тоҷик дар Русия пайваста, ҷои холишудаи бародарашро пур кунад.

​Ҳамин гуна ҳама нақшаҳое, ки дар Тоҷикистон ба умеди пули муҳоҷирон мекашанд, нақшаҳои хеле осебпазиранд ва агар Худое нохоста, азизи ба муҳоҷират рафтаи онҳо дар Русия кор наёфт, мариз шуд, дар “рӯйхатти сиёҳ” афтоду ихроҷаш карданд ваё аз он бадтар, бо пули қарз ба Русия рафту дар фурудгоҳи онҷо маълум шуд, ки ҳаққи вуруд надорад, ва бадтар аз ҳама, мисли Бахтиёр ё Ашӯрбой аҷалашро дар мусофират пайдо кард, ин ҳама нақшаҳои азизони дар Ватан мондаи ин муҳоҷир, бадбахтона, нақше бар об мешаванд.

Вазорати шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба Русия 109 000 муҳоҷири камтар рафтааст. Чунин тамоюл аз поёни солҳои 90 ба ин сӯ мушоҳида нашудааст. Бар илова, шумори шаҳрвандони тоҷике ки бо ҳар баҳона – ҳатто барои пардохт накардани пули телефон ё вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ - ба “рӯйхатти сиёҳ”-и мақомоти мухталифи Русия афтодаанд, 100 000 нафар(!!!) шудааст. Ба гуфтаи Сумангул Тағоева, вазири шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон, “имсол ба Русия аз Тоҷикистон 109 000 муҳоҷир камтар рафтааст ва сабаби асосии ин манъ шудани сафари шаҳрвандони мо ба Русия аст.”

Ба гуфтаи коршиносон, чунин вобастагии шадиди кишвар аз пули муҳоҷирон дар сурати ба ягон тарафи манфӣ тоб хӯрдани ин қарта аз сӯи Маскав, ки дар солҳои охир аз қартаи муҳоҷирон ҳарчӣ бештару бештар барои таҳмили хостаҳои худ болои кишварҳои пасошӯравӣ истифода мебарад, метавонад нафақат бар хонаводаҳои алоҳида, балки ба иқтисоди кишвар дар умум таъсири сахти манфӣ гузорад.

Собир Вазиров, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд: “Ва ҳар навъ коҳиши пули муҳоҷирон зарари манфӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дорад ва афзоиши ин маблағҳо маънои рушди иқтисодро дорад.”

Муҳоҷирони тоҷик дар Волгоград
Муҳоҷирони тоҷик дар Волгоград

Аммо дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон - вобастатарин кишвари дунё аз пули муҳоҷирон – пули фиристодаи ин қишр чархи асосии аробаи иқтисодаш боқӣ мемонад. Ва тақрибан ҳама дар ин кишвар – аз азизони муҳоҷирон то фурӯшандаҳои бозорҳояш, аз ҳаммолони фурудгоҳ то мансабдорони фосиде ки низ аз ҳисоби ҳамин муҳоҷирон “як чӣ- ним чӣ” кор мекунанд, ҳама бо умеди оши деги муҳоҷир турб метарошанд. Ҳатто мансабдорони ин кишвари фақиртарин ва ҳамзамон фасодзадатарини пасошӯравӣ ҳам аш шинохта шудааст, вақте меъёри пора ё ба истилоҳи худашон “ сафед кардани даст”-и онҳоро барои буд кардани ягон кор, масалан барои ҷудо кардани қитъаи замин ва ҳатто таҳияи ягон санад, баровард мекунанд, низ ба сӯи Русия нигоҳ мекунанд, ки мардикорони тоҷик имсол чӣ қадар “пур” бармегарданд.

Ҳамин тавр, раста-раста ҳавливу манзилҳои наве, ки ҳам дар шаҳру ҳам дар рустоҳои Тоҷикистон сари ҳар қадам қомат меафрозанд, аксаран аз пулест, ки муҳоҷирон мефиристанд.

Тоҷирон чӣ дар бозори матоъ ва чӣ дар мошинбозорҳо, ки дар ин мавсими сол қариб харидор надорад, ҳама низ рӯ ба раҳми тирамоҳ нишастаанд, ки муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба истилоҳ “суруп” баргарданду равнақи бозори онҳоро ҳам таъмин кунанд.

Искандар Шоимов, тоҷири бозори “Сафариён” мегӯяд:“Харидорони мо асосан аз ҳисоби пуле ки аз Русия барояшон мефиристанд, мол мехаранд. Вақте мепурсем, ки чаро кам харид мекунед ҳозир, мегӯянд, ки пул нафиристода истодаанд аз он тараф. Вақте муҳоҷирон бармегарданд, савдои мо хеле хуб мешавад.”

Пайвандони муҳоҷирон дар Тоҷикистон низ пайваста шабу рӯз мепоянд, ки аввалан, ба дидори азизони дурафтодаи худ бирасанд, вале ҳамзамон, ҳар кадом алакай барои дар куҷо сарф кардани пуле, ки падар ё бародари онҳо аз Русия хоҳад овард, нақшаи худро кашидааст. Кӯдаки ин муҳоҷир шояд фикр дорад, ки аз ин пул барои худ компутар ё планшет ё телефони мобил бихарад. Ҳамсар ё модараш ҳатман нақшаҳои бузургтар дорад ва шояд мехоҳад хонаи нав биандозанд, ё хонаи кӯҳнаашонро тармим кунанд, ё...

Мастона Мирзоева, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки шавҳараш дар Русия астҶ мегӯяд: “Мардакам 6-7 сол мешавад, ҳар сол меравад. Аз пули Русия сохтем ҳамин хонаро, вале боз дар оянда пул даркор, ки дохилашро дуруст кунем, гирди ҳавлиро девор бардорем: чойлобу дарвоза бисозем. Албатта, агар шароитамон бирасад...”

Албатта, нафарони пурхарҷе ҳам ҳастанд, ки коргари хонавода ҳанӯз дар Русия аз бозору мағозаҳо бе ягон пушт-пушт “пулашро тирамоҳ мегирӣ” гуфта, ба таври нася нафақат орду равғану гӯшт, ки зарур аст, балки тӯп-тӯп матоъ ва ҳатто тиловор мегиранд ва муҳоҷири бечораро ҳанӯз аз мардикорӣ барнагашта, ӯро то баногӯш дар гирдоби қарз ғарқ мекунанд. Ва боз нақшаи харидани сад матоу ҳалқаи тилову мисли дигар “камбудиҳои рӯзгор”-ашонро ба замони бозгашти мардикори хона мегузоранд.

Аммо аз ҳоло маълум аст, ки дар соли 2014 рекорди як соли пеш, ки аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 4 миллиард доллар омад, такрор нахоҳад шуд. Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки интиқоли пул аз Русия алакай коҳиш ёфта, дар семоҳаи аввал 502 миллион доллар ворид шудааст, ки назар ба айни давраи соли гузашта 13 дарсад ё қариб 70 миллион доллар камтар аст. Дар миқёси сол ҳаҷми пули мардикорони тоҷик, бино ба ҳисобҳо, метавонад то 1 миллиард доллар кам шавад. Ин ба маъноест ки иҷрои нақшаҳои қишрҳои мухталифи ба умеди пули муҳоҷирон ба маблағи 1 миллиард доллар ҳадди ақал дар соли равон дар ҳаво хоҳад монд.

Ҳазорон хонае ки бояд сохта мешуд, носохта мемонад, ҳазорон мошине ки бояд ба ин мардум мефурӯхтанд, дар дасти фурӯшандаҳояш хоҳад монд... Ҳамин тавр, мансабдорони фасодкор ҳам як муддат ду даст дар бинӣ мемонанду азизони ин мардикорон, ки кайҳо нақшаи куҷо сарф кардани пули ин муҳоҷирро кашида буданд, ночор нақшаи “ҷаҳонӣ”-ашонро дастикам як соли дигар ақиб хоҳанд андохт. Ба ин умед ки шояд соли дигар азизи онҳо аз Русия “суруп”-тар баргардад.

Мастона Мирзоева, сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд: “Агар рафту пул равон накунад, мешинем рӯ ба раҳми Худо. Сахт аст зиндагӣ инҷо.”

Аммо илоҷ ин нест. Чандест, дар Тоҷикистон ин масъала матраҳ мешавад, ки ҳукумат бояд сабқатҳои беҳудае, чун сохтани милаи дар дунё баландтарини парчаму масрафи миллионҳо доллар ба ҷашнҳои пурдабдабаро бас карда, аз пайи сохтани корхонаҳои саноатӣ шавад ва ақалан батадриҷ як қисми ин артиши муҳоҷиронашро дар Ватан бо ҷои кор таъмин кунад.

Ба ақидаи иқтисоддонҳо, Душанбе дар кӯтоҳмуддат метавонад рӯи пули муҳоҷиронаш аз Русия ҳисоб кунад, вале на дар баландмуддат, чунки Русия низ чун ҳар кишвари дигар манфиатдор нест, ки ҳар сол миллиардҳо доллар пули коркардани муҳоҷирон аз қаламраваш берун равад. Иқтисоддонҳо сода кардани тартиби ироаи шаҳрвандии Русияро низ аз ин нигоҳ қобили арзёбӣ медонанд.

Собир Вазиров, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд: “Русия ҳоло сиёсати иқтисодиашро дигар карда истодааст. Яъне онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то бо ироаи шароити беҳтар коре кунанд, ки ин миллиардҳо дар Русия бимонанд. Аз ҷумла бо сода кардани тартиби додани шаҳрвандиаш ба садҳо ҳазор муҳоҷир аз паҳнои Шӯравии собиқ. Шаҳрвандони мо ҷам метавонанд аз ин имтиёз истифода кунанд, вале ин ба маъноест, ки маблағҳои интиқолӣ аз Русия ба Тоҷикистон кам хоҳад шуд.”

Алишер Усмонов
Алишер Усмонов

Бо вуҷуди беш аз ду даҳсолаи ҳузур дар бозори Русия муҳоҷирони тоҷик ҳанӯз натавонистаанд мисли узбакистониҳо, ки дастикам ду намояндаи онҳо – Алишер Усмонов ва Искандар Маҳмудов – дар сафи миллиардерҳои аввали Русия ҷо ёфтаанд, аз миёни худ ягон миллиардер тарбия кунанд. Аз ин насли муҳоҷирони тоҷик, албатта, чанд миллионер ба вуҷуд омад. Худи муҳоҷирон мегӯянд, тарбияи миллиардерҳои тоҷик дар Русия дигар марҳалаи баъдист, ки насли дувуми муҳоҷирон бояд ба он даст биёбад. Ба бовари онҳо, аз ин тақрибан ним миллион тоҷике ки дар Русия шаҳрвандӣ гирифту монд ва хонаводаҳои худро ҳам инҷо овард, ҳатман нафаре чанд ба сафи нухбагони ояндаи сиёсат ва тиҷорати Русия хоҳанд пайваст ва тоҷикҳо низ шояд ягон даҳсолае баъд мисли озариҳо ё арманиҳо битавонанд дар Русия соҳиби як лоббии бақуввате шаванд, ки дигар касе натанҳо ҷуръат, балки далеле ҳам барои “Равшану Ҷамшуд” гуфтан ба ин мардумро пайдо накунад. Бо умеди чунин як рӯз?

XS
SM
MD
LG