Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таърихро нобуд мекунем." Вокунишҳо ба тахриби "Роҳат" ва Театри Лоҳутӣ


Бинои Театри Лоҳутӣ ва чойхонаи "Роҳат"
Бинои Театри Лоҳутӣ ва чойхонаи "Роҳат"

Хабари тахриби чойхонаи "Роҳат" ва Театри Лоҳутӣ дар маркази шаҳри Душанбе миёни ҷонибдорон ва мухолифони ин тасмим вокунишҳои зиёд ба бор овард. Дар бораи вайрон кардани ҳарду бино рӯзи 29-уми июл Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, иттилоъ дод.

Ғафур Шерматов, муаррихи тоҷик, дар вокуниш гуфт, “чойхонаи “Роҳат” таърихи зиндаи шаҳри мост”. Вай афзуд: "Театри Лоҳутӣ кори дасти меъмори нахустини Узбекистон Бобохон аст. Барои мо ҷойи ифтихор аст, ки мо дар шаҳрамон чунин бино дорем. Бар илова, дар ин бино ҳунармандони машҳур кор кардаанд, одамоне, ки дар театри Тоҷикистон саҳми мондагор доштанд."

Умедҷон Маликов, яке аз корбарони шабакаи “Фейсбук” дар зери хабари тахриби чойхонаи “Роҳат” ва Театри Лоҳутӣ навиштааст, “биноҳои таърихиянд, вале ҷояшон номувофиқ аст. Дар маркази шаҳр бояд биноҳои замонавӣ бошанд."

Ҳабиб Саид дар посух ба ӯ навиштааст, “хона-музей, биноҳои таърихӣ ба ҷойи мувофиқ чӣ кор доранд? Дар Екатеринбурги Русия хонаҳои чӯбии шикаставу рехта аз асри 18 мондаанд. Дар атрофашон баландошёнаҳо сохтанд, вале барои таърихӣ будан онҳоро чаппа накарданд, баръакс, адибону рассомону актёрон дар он ҷо зиндагӣ доранд...”

“Одамон барои бунёди осори гузаштаи худ чӣ корҳо намекунанд, мо бошем таърихро бо дасти худ нобуд мекунем...” навиштааст, Беҳрӯз Сайфуллоев, корбари дигари “Фейсбук”.

Видеоро дар инҷо бинед:

Чойхонаи “Роҳат”-ро дар Душанбе аз байн мебаранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Баҳси вайрон кардан ё мондани чойхонаи “Роҳат” ва Театри Лоҳутӣ чанд сол боз идома дорад. Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ рӯзи 29-уми июл дар нишасти хабарӣ замони дақиқи тахриби ин ду биноро нагуфт, вале тавзеҳ дод, ки чаро онҳо вайрон карда мешаванд.

Низом Мирзозода
Низом Мирзозода

“Аллакай бинои зебои ҳукуматро дидед. Ин тараф бинои рушди иқтисодро дидед. Ин тараф бинои Вазорати адлия сохта шуда истодааст, дидед. Дар пасманзари ҳамин биноҳо чойхонаи мо ягон зебу зиннат дорад? Аз он хубтар нест, ки як тарҳи замонавӣ таҳия кунем, ба талаботи муосир ҷавобгӯ бошад, дар як ҷое созем бо номи чойхонаи “Роҳат”? Мо брендашро гум накунем, тамом,” – афзуд ӯ.

Вай илова кард, ки "чойхонаи "Роҳат"-ро хӯрокҳояш, аз ҷумла лағмонаш маъруф кардааст, ки ҳоло чунин нест." Мирзозода ҳамзамон фарсуда шудани бинои Театри Лоҳутиро далел овард ва гуфт, беҳтар аст бинои нави театр сохта шавад. Ба гуфтаи ӯ, байни ошёнаҳои Театри Лоҳутӣ аз тахта сохта шуда, "ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест".

Дар пайи аз нав сохтани бинои ҳукумати Тоҷикистон як қисмати чойхонаи "Роҳат" тахриб шуд, аммо бахши асосии он ҳанӯз мондааст. Мақомот мегӯянд, чойхонаи "Роҳат” ба феҳристи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии кишвар шомил намешавад. Тарафдорони мондани чойхона борҳо гуфтаанд, “Роҳат” ҳамчун макони таърихӣ бояд ҳифз шавад.

Чойхонаи “Роҳат” дар соли 1958 сохта шуда, яке аз маконҳои дидании пойтахт ба шумор меравад.

Дар пайи бозсозии Душанбе чанд бинои қадимии пойтахт, аз ҷумла Театри Маяковский, бинои Вазорати кишоварзӣ ва ҳукумати Тоҷикистон тахриб шуданд. Коре, ки сабаби танқидҳои зиёд шуд, вале монеи тасмими мақомот нагашт.

XS
SM
MD
LG