Ҳукми Додгоҳ рӯзи 10-уми октябри имсол паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи рақами яки пойтахт содир шуда, Радиои Озодӣ тасдиқи он ва баъзе ҷузъиёти мурофиаи охиринро рӯзи 17-уми октябр дастрасу нашр кард. Бо гузашти ду рӯз мақомот хабарро тасдиқ ё рад нанамуданд.
Масъулони “Гурӯҳи 24” дар баёнияе рӯзи 18-уми октябр ҳукмҳои тӯлониро нисбат ба раҳбари созмон ва як фаъоли дигари он “беасос ва пур аз туҳмат” номиданд. Онҳо мегӯянд, “ҳадафи асосии ҳукмҳо фишор овардан ба ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ва хомӯш кардани садои ҳақиқат аст”, вале ин ҷунбиши мухолиф “ба мубориза идома хоҳад дод”.
Ҷузъиёти ҳукми Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов ва айбномаи зидди онҳо маълум нест. Намояндагони “Гурӯҳи 24” қаблан гуфта буданд, ки ҳарду ба “даъват барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифода аз Интернет” ва “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ” гумонзад ҳастанд.
“Ҳукмҳои тӯлонӣ, беасос ва пур аз туҳмат монеи муборизаи мо алайҳи ин режим нахоҳад шуд. Мо то замоне ки адолат, озодӣ ва ҳақиқат дар Тоҷикистон ниҳодина нашавад, талошҳои худро барои дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон ва озодии сиёсӣ идома медиҳем,” -- гуфта шудааст дар баёнияи 18-уми октябр.
Масъулони созмон дар идома аз Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов ситоиш кардаанд, ки “дар роҳи адолат ва озодӣ мубориза карда”, “танҳо дар доираи қонунҳои байнулмилалӣ фаъолияти сиёсӣ доштанд”, вале ҳадафи режими ҳоким дар Тоҷикистон қарор гирифтанд.
“Ин ҳукмҳо, ки дар шароити фишор ва беэътиноӣ ба ҳуқуқи инсон содир шудааст, боз як намунаи равшани саркӯби озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи қонунии мардум дар кишвар аст,” – таъкид шудааст дар баёния.
Намояндагони ҷунбиши мухолиф аз ҷомеаи байнулмилалӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва мардуми Тоҷикистон хостаанд, ки “ба ин қазия ҷиддӣ вокуниш нишон дода, барои риояи ҳуқуқи одамон ва адолати иҷтимоӣ ба ҳукумати Тоҷикистон фишор оваранд.”
Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" ва Насимҷон Шарифов, фаъоли ин созмони мухолифи ҳукумат, дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуданд. Додситони кул Юсуф Раҳмон баъди қариб ним сол дар Тоҷикистон будани онҳоро тасдиқ кард. Дар ҳоле ки мақомот чӣ гуна дастгир ва аз Туркия ба Тоҷикистон овардани онҳоро нагуфтанд, "Гурӯҳи 24" қазияро "дуздӣ" номид.
Сӯҳроб Зафар аз соли 2014 дар Туркия мезист. Вай дар гузашта, аз ҷумла соли 2018, чанд дафъа дар Туркия дастгир, вале озод гардида буд. Насимҷон Шарифов аз соли 2015 дар Туркия мезист ва ба камияш се бор дастгиру раҳо шудааст. Ӯ соли 2018 беш аз ду моҳ дар боздоштгоҳ буд.
Созмони “Гурӯҳи 24”, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” аст. То ин дам даҳҳо нафарро ба гуноҳи пайравӣ аз он дар Тоҷикистону Русия дастгир ва бархеро ба муддати дароз зиндонӣ кардаанд. Намояндагони созмон фаъолияти худро дурусту сиёсӣ меноманд.