Корхонаву муассисаҳои давлатӣ барои ҳар як метри мукааби оби ошомиданӣ ва системаи фозилоб бо дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда, ба ҷои як сомониву 4 дирами қаблӣ ҳамакнун 1 сомониву 36,88 дирам пардохт хоҳанд кард.
Аммо муассисаҳои ғайридавлатӣ барои ҳар як метри мукааб оби ошомиданӣ ва системаи фозилоб бо дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда ба ҷои 2 сомонӣ ва 71 дирами қаблӣ, ҳамакнун бояд 3 сомонӣ ва 3,99 дирам пардохта намоянд. Сокинони шаҳр ва биноҳои истиқоматӣ ба ҷои 32 дирам барои ҳар метри мукааб оби ошомиданӣ, ҳамакнун 41,61 дирам пардохт хоҳанд кард.
Онҳое, ки то табақаи 12 зиндагӣ мекунанд ва онҷо ҳисобкунак насб нашудааст, пардохти моҳонаи онҳо сари ҳар метри мукааб оби ошомиданӣ ба ҷои 3,5 сомонии қаблӣ, ҳамакнун 4,54 сомонӣ хоҳад буд. Аммо онҳое, ки аз ин баландтар «ошёна» гузоштаанд, сари ҳар метри мукааб оби ошомиданӣ ва системаи фозилоб, ба ҷои 4,38 сомонӣ, сар аз якуми январ 5,69 сомонӣ пардохт мекунанд. Қимати истифодаи обу корез дар хобгоҳҳои умумӣ дар шаҳри Душанбе камтар аст. Сокинони хобгоҳҳои умумӣ ба ҷои 2 сомонӣ ва 90 дирами қаблӣ, ҳоло бояд 3 сомонӣ ва 77 дирам пардохт кунанд.
Мақомоти расмӣ аз ин қабл гуфта буданд, ки бар асоси қонун “Дар бораи монополияҳои табиӣ”, сар аз якуми январи соли 2014, корхонаву муассисаҳо ва аҳолӣ бояд бар асоси нархномаҳои нави “хизматрасонии таъминоти оби ошомиданӣ ва системаи фозилоб” ҳаққи обу истифода аз ин системаро бипардозанд.
Дар шарҳи намояндаи корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” омада буд, ки ба ҳамаи ин қиматҳо молиёт ва ё андоз аз арзиши изофа илова шудааст. Бори охир ҳаққи обу истифода аз системаи фозилоб дар шаҳри Душанберо соли 2011 боло бурданд. Истифодаи бемеъёр ва зиёди об, ки дар Душанбе "расм" шудааст, яке аз омилҳои боло бурдани қиматҳо медонанд ва дигар ин ки ба гуфтаи мақомот, бо чунин қиматгузорӣ наметавон кори дуруст шабакаҳои обтақсимкунӣ ва фозилоби Душанбе ва дигар шаҳрҳои кишварро таъмин кард.
Тайи солҳои ахир дар пойтахти Тоҷикистон ва дигар шаҳрҳои кишвар ҳукумат аз ҳисоби миллионҳо доллар қарзи Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва дигар муассисаҳои байналмилалии молӣ шабакаҳои фарсудаи таъмини обу фозилобро таъмир кардааст, аммо бо вуҷуди ин на ҳамаи хонаҳо ба таври муносиб бо об таъмин ҳастанд.