Рустам Ҷабборов, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт, ҳар мақоми назоратии кишвар низ, ки ҳуқуқи ҷарима ситонидан дорад, агар дар қонун пешбинӣ шуда бошад, ҳуқуқи барои хароҷоти дохилиаш истифода кардани як қисми пули ҷаримаҳоро дорад: «Ҳар сол дар қонуни будҷа муайян мекунанд, ки кадом қисми ҷаримаҳо ба мо дода мешавад. Масалан, имсол мувофиқи қонун ба Кумитаи мо 50 фисади кулли ҷаримаҳо ҷудо шудааст.»
Аммо коршиносон ва соҳибкорон мегӯянд, барои масрафоти худи Кумитаи андоз ҷудо гардидани як қисмати пули ҷаримаҳо боиси боло гирифтани манфиатҳои инфиродии ин ниҳод мегардад. Ба таъкиди коршиносон, ҳамакнун нозирони андоз барои бештар ситонидани ҷарима аз ширкату соҳибкорони инфиродӣ манфиатдоранд, чунки нисфи аз ин маблағҳо барои ниёзҳои идораашон масраф мешавад.
Заррина Суюнова, муаллимаи забони русии яке аз мактабҳои пойтахт мегӯяд, чун вай пас аз дарсҳо барои афроди хоҳишманд иловатан забони русиро меомӯзонад, мақомот ӯро водор кардаанд, ки шаҳодатномаи соҳибкорӣ бигирад ва аз фоидаи фаъолияташ андоз супорад: «Як вақт ба идораи андоз равам, нозири андоз мегӯяд, ки ман андозҳоро аз муҳлаташ дер супурдаам. Бинобар ин маро 1200 сомонӣ ҷарима бастанӣ шуданд. Ман ба онҳо гуфтам, ки ман аз корам ҳамин қадар даромад намегирам охир! Хуллас, баъди назди чанд масъул даромадан бо 400 сомонӣ ҷарима халос шудам. Охир маро касе нафаҳмонда буд, ки кай ва чӣ хел бояд андоз супорам? Ҳамин хел таассурот ҳосил кардам, ки гуё нозирон интизори пайдо кардани ягон айб ва ҷарима бастан ҳастанд.»
Хонум Суюнова афзуд, баъди супурдани ҷарима ҳамеша андозро тибқи қоидаҳои муайяншуда месупорад, аммо чун банди таълиму тадрис ҳаст, барои истодан дар навбатҳои дурудароз дар назди равзанаҳои нозирони андоз на ҳамеша вақт меёбад.
Михаил Петрушков, роҳбари Маркази ҳимояи бизнес дар Тоҷикистон мегӯяд, дар чунин ҳолат нозирони Кумитаи андоз ҳатман манфиатдоранд, ки бештар афрод ва ё ширкатҳоро ҷарима кунанд: «Дар кишварҳои пасошӯравӣ низоми кори ниҳодҳо бар пояи зӯроварӣ бунёд шудааст. Самараи кори чӣ мақомоти андоз ва чӣ кори милиса бар асоси ҳаҷми ҷаримаҳои ситонидашуда ва миқдори ҷиноятҳои ошкоршуда баҳо дода мешавад. Дар ҳоле, ки низоми кори онҳо бояд комилан баръакс бошад. Кори як нозири андоз бояд бар асоси он баҳо дода шавад, ки вай дар тӯли фаъолияташ ба чанд нафар кӯмак кардааст, ки андозро дуруст супорад, на бо миқдори ҷаримае ки ситондааст. Чӣ фарқ дорад, ки Кумитаи андоз 50 дарсади ҷаримаҳо ва ё 30 дарсади онро азони худ мекунад? То замоне ки ҳамин система ҳаст, онҳо барои ҷарима бастан манфиатдоранд.»
Ҷаноби Петрушков афзуд, ки таҷрибаи барои худи кумитаи андоз масраф шудани як қисмати андозҳо кайҳо боз вуҷуд дошт, аммо дар Тоҷикистон аксарият ба ҳама чиз одат кардаанд ва барои дифоъ аз ҳуқуқаш касе садо баланд намекунад.
Михаил Петрушков мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон низоми супурдани андоз хеле душвору вақтгир боқӣ мондааст ва аз ин рӯ аксар соҳибкорон наметавонанд сари вақт андозро супуранд ва ба ин далел ҷарима баста мешаванд: «Қаблан агар шумо роҳбари як ширкати муваффақ мебудеду оҷилан ба Хуҷанд сафари корӣ доред, метавонистед бо воситаи «Амонатбонк» андози худро сари вақт супоред. Аммо ҳоло шумо наметавонед ба ин роҳ андоз супоред. Чунки варақаи пардохтии шуморо бонк бе имзои худатон ва муҳосиб қабул намекунад. Мантиқан бигирем, дар мо бояд баръакс бошад. Вақте ба будҷаи Тоҷикистон пул намерасад, бояд мақомоти андоз манфиатдор бошанд, ки соҳибкорон бо ҳар шакли мумкин андозашонро пардохт кунанд.»
Ба гуфтаи Петрушков, баъди як моҷарои сирқати пул аз будҷаи давлат аз ҷониби як гурӯҳи ҷинояткор, мақомоти андоз қабули андозҳоро тариқи «Амонатбонк» мамнуъ карданд ва ҳамакнун супурдани андоз барои соҳибкорон вақтгиру мушкил шудаст.