Омилҳои қатъ шудани фаъолияти соҳибкорӣ баланд будани андоз, фазои номусоиди соҳибкорӣ, мушкилоти молӣ ва санҷишҳои ба такрори мақомот унвон мешавад. Зайниддин Каримови 33-сола даҳ сол пеш дар шаҳри Хуҷанд мағозаи фурӯши либосу пойафзол таъсис дод. Дар оғоз тиҷорати ӯ хуб пеш мерафт ва дар чаҳор соли аввали кораш 4 фурӯшгоҳи бузург боз кард.
Зайниддин ҳоло ботаассуф мегӯяд, ки дар баробари тафтишҳои батакрори идораҳои гуногун, талаби иҷрои корҳои хайриявӣ, ки ҳукумати маҳаллӣ дархост мекард, дигар натавонист, кори худро бомуваффақият пеш барад. Ӯ чанд рӯз пеш ба нишони эътироз аз ин ҳама фаъолияти соҳибкории худро қатъ кард ва дар Фейсбук навишт: "Бас! Маҳкам мешавем!”.
Зайниддин рӯзи 4-уми июл дар суҳбат Радиои Озодӣ гуфт: «Ман хостам як фурӯшгоҳи муосир боз кунам. Зеро ҳама аз бозор мехариданд, вале бозор ҳар рӯз кор намекард. Хостам чеҳраи шаҳр иваз кшавад. Номи фурӯшгоҳро «Шапарак-Ман нав» гузоштам. Ҳатто номи мағоза тоҷикӣ буд, тамоми моли он аз Туркия оварда мешуд. Кӯшиш мекардам мардум либоси босифату арзон пӯшанд. Вале, афсӯс, ман дари худро бастам».
Ҳамин тавр, фурӯшгоҳҳои бренди «Шапарак-jeans», «Шапарак-арзон» ва «Шапарак-classic» дар Хуҷанд баста шуд ва бори дигар мушкил будани шароити пешбурди соҳибкориву тиҷорат дар Тоҷикистонро нишон дод.
Зайниддин Каримов молҳои боқимондаи мағозаҳояшро бо тахфифҳои баланд ба фурӯш гузоштааст. Ҳоло, ки ба қавле аламҳои ӯ аз бастани тиҷоратҳояш тоза аст, мегӯяд, соҳибкорӣ ба ӯ на рушду пешрафт, балки дарди сар эҷод кард: “Барои доштани фурӯшгоҳи сарулибос, шуруъ аз андоз то ниҳоди санитарӣ-эпидемиологӣ, ҳудудан бо даҳ ниҳоде сарукор доштем. Ғайр аз санҷишҳои батакрору ҷарима боз барои ҷайби худ маблағ мепурсанд”. Каримов мегӯяд, ки дар чунин шароит дигар дил ва хоҳиши идомаи соҳибкориро надорад.
Зайниддин мегӯяд, ин ҳама солҳо аз ҳисоби тиҷорати ӯ 20 нафари дигар низ ҷои кор доштанду хонаводаашонро таъмин мекарданд. “Агар соҳибкор бештар шавад, ватан низ бой мешавад. Аммо, афсӯс, ҳоло чунин нест” - гуфт ӯ.
Зайниддин Каримов танҳо нест ва ба иттилои расмӣ, танҳо дар шаш моҳи имсол дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор соҳибкори хурду миёна тарки пеша кардаанд.
Дар суҳбатҳои бидуни сабт аксари соҳибкорон дар Тоҷикистон аз гаронии андоз, ё ба ибораи онҳо “нодуруст ситонидани молиёт” шикоят мекунанд. Аксари онҳо бори молиётро миёншикан мешуморанд, аммо намехоҳанд номашон бурда шавад. Ба гумони инки мабодо шикояти онҳо аз андоз барояшон “дардисарсоз” нашавад.
Саодатхон Давлатова, як соҳибкори собиқ, ки як соли пеш аз соҳибкориву тиҷорат канор рафт, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, замон корхонаи қаннодӣ боз карда мехост ба соҳибкорӣ машғул шавад, вале баръакс кораш ҳамеша пешниҳоди ҳисоботу навбатпоӣ дар пушти дари мақомот буд:“Барои ҳамин ман аз баҳри кор гузаштам, чун на фоида дидаму на пешрафт”.
Соли гузашта додситони кулли Тоҷикистон гуфт, аз 87 ҳазор санҷиши мақомот ҳудуди 23 ҳазораш ғайринақшавӣ ва такрорӣ будааст. Санҷишҳои зиёди берун аз нақша, асосан ба мақомоти назорати фаъолияти фармасевтӣ, оташнишонӣ, «Тоҷикстандарт» ва ҳифзи муҳити зист марбут будааст. Барои гузаронидани санҷишҳои беасос ва ғайриқонунӣ дар 9 моҳи соли 2018 - 155 корманди мақомоти назоратию санҷишӣ ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида шуданд.
Худи мақомот коҳиш ёфтани шумораи соҳибкоронро муваққатӣ медонанд ва мегӯянд, бо рафъ шудани таъсири буҳрони иқтисодӣ соҳибкорон дубора ба кор шурӯъ мекунанд. Иқтисоддонҳо мегӯянд, қатъи фаъолияти соҳибкорон барои иқтисоди Тоҷикистон паёмади нохуб дорад. Зеро онҳо аҳолиро бо ҷойи кор таъмин мекунанд, аз даромадашон андоз месупоранд.
Шамсиддин Ҷалолов, иқтисодшиноси тоҷик рушди соҳибкории хурду миёнаро дар кишвар муҳаррики ҳаракати иқтисодиёт унвон мекунад. Ҷалолов мегӯяд, мушкиле, ки дар соҳибкорӣ ҷой дорад, ҳалшаванда аст, агар афроди дилсӯз дар сафи ниҳодҳои тафтишотӣ кор кунанд. Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт: “Дар ҳақиқат, вақте аз рӯи қонунгузорӣ мебинед, роҳи соҳибкорони хурду миёна ҳамвор аст ва мушкиле ба назар намерасад. Аммо вақте корро шуруъ мекунанд, пеши роҳашон аз сӯи бархе мақомоти санҷишӣ садде пайдо мешавад, ки ин албатта қонунҳои нонавишта аст. Инро мешавад ислоҳ кард."
Бо назардошти ин мушкилот, президенти Тоҷикистон моҳи декабри соли 2018 гуфт, барои дастгирӣ ё ҳимоят аз соҳибкорон 300 рӯзи ислоҳот эълон мекунад. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми декабр дар паёмаш ба порлумон гуфт, ҳамагуна санҷиши фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ аз тарафи Додситонии кул, Оҷонсии мубориза бо коррупсия, идораи андозу Палатаи ҳисоб ва гумрук дар солҳои 2019-2020 манъ карда шавад.
Ҳоло бархе соҳибкороне, ки фаъолияти худро дар Тоҷикистон қатъ мекунанд, талош мекунанд, соҳибкории худро дар кишварҳои ҳамсоя, масалан, Қирғизистон идома диҳанд. Онҳое, ки фаъолияти соҳибкориро ба роҳ мондаанд, ба тиҷорати хурду миёна, аз ҷумла таъсиси мағозаву супермаркет ва марказҳои интернетӣ ё фурӯши маводи ғизоӣ машғул ҳастанд.
Айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор соҳибкори инфиродӣ сабти ном шудааст ва саҳми бахши хусусӣ дар иқтисоди миллӣ аз 70 дарсад бештар аст.