Рафаэл Мақсудов, шоҳиди парвандаи пурсарусадои марги Ҳамза Икромзода, ки ҳудуди ним моҳ қабл аз боздоштгоҳи муваққати шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Ҳисор фирор карда буд, аз тарафи кормандони пулис дар Хуҷанд боздошт шудааст.
Навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд рӯзи 10 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Рафаэл Мақсудов, сокини шаҳри Душанбе дар авохири ҳафтаи гузашта ҳангоми як амали дуздӣ дар шаҳри Хуҷанд аз тарафи кормандони милиса боздошт шуд ва зимни кофтукоб аз ҷайбаш 300 сомонӣ ҳам ёфт шудааст. Шӯъбаи корҳои дохилии Хуҷанд мегӯяд, ки барои маълум кардани шахсияти Рафаэл Мақсудов ба идораи ЗАГС-и шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, маълумотнома дар бораи шахсияти ӯро дарёфт кардаанд ва тафтишоти пешакӣ нисбати ӯ идома дорад.
Рафаэл Мақсудов, зиндонии собиқ ва шоҳиди парвандаи пурсарусадои марги Ҳамза Икромзода, бо иттиҳоми авбошӣ ва ғоратгарӣ ва бар асоси шикояти чанд сокини ноҳияи Ҳисор аз тарафи кормандони ШКД Ҳисор боздошт шуда бар боздоштгоҳи пулиси ин ноҳия нигоҳдорӣ мешуд. Вале рӯзи 24 август Рафаэл, дар шӯъбаи корҳои дохилӣ бо баҳонаи тоза кардани фарши даромадгоҳи шӯъба аз дари бино баромада фирор кард ва таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифт. Маъмурияти шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор мегӯяд, барои хунукназарӣ ба вазифаи хизматӣ, нозири минтақавии ШКД Саъдӣ Юнусовро танбеҳ додааст.
Рафаэл Мақсудов дар гузашта бо гуноҳи дуздӣ ба сеюним соли зиндон маҳкум шудааст ва ӯро моҳи апрели ҳамин сол баъди адои ҳукм озод карданд. Ӯ баъди раҳоияш аз зиндон бо хабарнигорон дар бораи парвандаи Ҳамза Икромзода сӯҳбат карда, исрор дошт, ки Ҳамзаро бо шиканҷа куштаанд.
Волидони Ҳамза Икромзода иддао мекунанд, ки писари 27-солаи онҳо рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 бар асари латукуби бераҳмонаи маъмурони зиндон ҳалок шудааст. Онҳо мегуфтанд, ки дар бадани Ҳамза Икромзода осори шиканҷа аз ҷумла пайи дарзмол буд, вале мақомот ин иддаоҳоро рад мекунанд. Мақомот мегуфтанд, ки Ҳамза Икромзода бар асари сактаи қалб фавтидааст, вале баъдан Маҳмуд Исмоилов, як посбони зиндони рақами як бо гуноҳи баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ, ки боиси марги инсон шуд, ба панҷуним соли зиндон маҳкум шуд.
Худи Ҳамза Икромзода дар вақташ бо гуноҳи дуздиву авбошӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд. Марги мармузи ӯ дар маҳбус дар соли 2012 сару садои зиёдеро дар матбуоти Тоҷикистон барангехт ва дигарбора баҳсро дар бораи мавҷудияти бадрафториву шиканҷаи маҳбусон дар зиндонҳо доғ кард.