Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мансабдори Исфара барои қаллобӣ ҷарима ва аз мақомаш барканор шуд


Намое аз шаҳри Исфара.
Намое аз шаҳри Исфара.

Як мақомдори ҳукумати Исфара, ки ба қаллобӣ муттаҳам мешуд, аз сӯи додгоҳ ҷарима шудааст.

Оҷонсии зидди фасод 29-уми апрели имсол хабар дода буд, ки Искандар Шафеиён, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи ҳукумати Исфара дар пайванд ба тақсими замин боздошт шудааст.

Мақомот гуфтанд, Шафеиён барои додани қитъаи замин аз чанд нафар 225 ҳазор сомонӣ талаб кардааст, аммо назари ин мақомдор дастрас нашуд.

Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара 22-юми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, Искандар Шафеиён аз сӯи додгоҳ ҷарима ва ҳам аз мақомаш барканор шуд. Аммо шаҳрдори Исфара нагуфт, ки зердасти собиқи ӯ чӣ қадар ҷарима шудааст.

Баъзе аз ҳамкоронаш қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, Шафеиён ҳангоми муноқишаи шаби 28 ба 29-уми январи соли 2022 дар марз бо Қирғизистон захмӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG