Яке аз наздикони Зайд Саидов рӯзи 28 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, соати даҳи субҳ додраси парванда ва намояндагони додситонӣ ба маҳалли баргузории мурофиаи ин соҳибкори маъруф - боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ - ҳозир шуданд, вале вакилони Саидов ба мурофиа наомаданд. Яке аз вакилони ӯ ба "Азия Плюс" гуфтааст, ки Зайд Саидов низ имрӯз ба додгоҳ нарафтааст.
Қарор буд, муҳокимаи пушти дарҳои бастаи парвандаҳои Зайд Саидов рӯзи 28 октябр дар боздоштгоҳи Кумитаи амният аз сар гирифта шавад. Вале Зайд Саидов ҳафтаи гузашта ҷараёни додгоҳро якҷониба хонда, эълон кард, ки на ӯ ва на вакилонаш дар ин "мурофиаи ҳукмаш аз пеш маълум" ширкат нахоҳанд кард. Шӯҳрат Қудратов, яке аз 3 вакили ин соҳибкор рӯзи 27 октябр ба Озодӣ гуфт, онҳо рӯзи шанбе дар боздоштгоҳи Кумитаи амният бо Саидов шеваҳои идомаи ҳимоят аз ӯро баррасӣ кардаанд ва қарор ин шуда, ки ҳам Саидов ва ҳам вакилонаш дар ҷаласаи рӯзи душанбеи додгоҳ ширкат накунанд.
Оқои Қудратов мегӯяд, Зайд Саидов феълан танҳо як талаб дорад – анҷоми ташхиси нави ДНК-и ӯ ва кӯдаки навзоди зане, ки Зайд Саидов ба таҷовуз ба номусаш айбдор мешавад. Ӯ афзуд, агар ин шарт пазируфта нашавад, на Саидов ва на вакилонаш ба мурофиа барнамегарданд.
"Мо 200 фоиз бовар дорем ки..."
Натиҷаҳои ташхиси дар як маркази ташхиси ДНК дар Маскав анҷомёфта, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ба додгоҳ ироа шуд, Зайд Саидовро падари ин кӯдак медонад. Аммо вакилони Саидов мегӯянд, ин ташхис ғайриқонунӣ анҷом шуда, натиҷаҳояш низ ғайри қобили боварист. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, “мо 200 фоиз боварӣ дорем, ки падари ин кӯдак Зайд Шерович нест. Мо муайян кардем, ки падари ӯ кист. Инро ҳам ҷониби тафтишот ва ҳам ҷониби додгоҳ медонанд ва аз ин рӯ, наметавонанд ва намехоҳанд ташхиси нав анҷом шавад.”
Шӯҳрат Қудратов гуфт, бо гузашти 4 рӯз аз эълони ин эътироз нафаре аз масъулони Додгоҳи олӣ ё ҷониби айбдоркунанда на Зайд Саидов ва на бо вакилони ӯ роҷеъ ба талабҳое, ки муваккили онҳо пеш гузоштааст, вориди музокира нашудаанд. Ӯ мегӯяд, Кодекси мурофиавӣ ба нишони эътироз аз ширкат дар мурофиа худдорӣ кардани айбдоршавандаву вакилони ӯро пешбинӣ кардааст ва дар ин сурат иҷборан ба додгоҳ эҳзор кардани нафари муттаҳамро манъ мекунад. Ин ҳуқуқдони тоҷик мафзодя, тибқи қонунҳои Тоҷикистон, додгоҳ метавонад бидуни ҳузури айбдоршаванда гузарад, аммо бидуни ҳузури вакилон – на.
Зайд Саидов ҳанӯз рӯзи 23 октябр қабл аз эълони танаффуси чоррӯза дар муҳокимаи парвандааш ин додгоҳро якҷониба номида, эълон кард, ки дигар дар мурофиа ширкат намекунад. Ӯ ҳамин тавр, аз ҳарсе вакилаш низ хост, ки аз ҳузур дар мурофиае, ки таҳти раёсати Шавкат Абулхайров, додраси Додгоҳи олӣ, аз 12 сентябр ба ин сӯ пушти дарҳои баста дар дохили боздоштгоҳи Кумитаи амният идома дорад, худдорӣ кунанд. Вакилони мудофеъаш мегӯянд, ин баёнияи эътирозиро Зайд Саидов баъди он пахш кард, ки додраси парванда Шавкат Абулхайров дархости онҳо барои ташхиси ДНК-и Зайд Саидов ва кӯдаки духтареро, ки Зайд Саидовро ба таҷовуз ба номуси ӯ айбдор мекунанд, радд кард.
Зайд Саидов ҳамин тавр, аз ҳар се вакилаш хостааст, ки дигар дар ин додгоҳе, ки ҳукмаш, ба гуфтаи ӯ, “аз пеш маълум ва ҳаллшуда аст,” ширкат накунанд. Вакилони Саидов низ эълом карданд, ки онҳо ҳам ҷараёни додгоҳро яктарафа мешуморанд ва ба назари муваккили худ дар мавриди худдорӣ аз идомаи ширкат дар ин “спектакл” розианд.
Шӯҳрат Қудратов рӯзи 23 октябр ба Озодӣ гуфта буд: “Мо мехостем, ки ташхиси мустақили ДНК анҷом шавад дар ягон кишвари Аврупо ва ҳама шакку гумонҳо дар бораи падари он кӯдак будан ё набудани Зайд Саидовро аз байн бардорад. Вақте дархости мо барои ДНК аз тарафи додгоҳ радд шуд, раддияе ки додем, он ҳам радд шуд, Зайд Шерович изҳорот дод, ки додгоҳ парвандаҳоро яктарафа мебинад, ваҷҳҳову далелҳои моро ба инобат намегирад ва қонеъ намекунад, аз ин рӯ, ман ба ин додгоҳ ва объетивонаву ҳаматарафа ва аз рӯи қонун баррасӣ шудани парвандаам бовар надорам ва хоҳиш мекунам, маро аз толор берун карда, мурофиаро дигар бе иштироки ман гузаронед.”
Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, муваккили онҳо бо ин изҳорот эътирози худ ба раванди муҳокимаи парвандаашро баён кард. Зайд Саидов гуфтааст, “маро ҳар ҳукме медиҳед,, бе ширкати ман ҳукматонро бигиред. Вақте додгоҳ яктарафа аст, ҳузури ман дар инҷо чӣ лозим аст?”
Ба гуфтаи вакилони Саидов, додраси парванда Шавкат Абулхайров иддаои ӯ дар бораи яктарафа гузаштани муҳокимаро рад карда, дар мурофиаи рӯзи 23 октябр гуфтааст, ин қазияро ӯ тибқи қонун дида истодааст. Аммо, мегӯяд Шӯҳрат Қудратов, “ба мо зоҳиран ҳа-ҳа мегӯянд, вале дар асл то имрӯз ягон ваҷҳу далели моро на қонеъ кардаанд ва на ба инобат гирифтаанд. Ҳамаи дархостҳои мо ҳаллношуда, гӯё дар дасти баррасӣ боқӣ мондаанд.”
Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, Кодекси мурофиаи ҷиноии Тоҷикистон муҳокимаи парванда бидуни ширкати нафари муттаҳамро низ пешбинӣ мекунад. Аммо муттаҳамро маъмулан бо қарори додгоҳ ба далели, барои мисол, маризӣ ё халал расондан ба ҷараёни муҳокима аз ҳаққ ё масъулияти ширкат дар муҳокимаи парвандааш маоф мекунанд.
Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, дар чунин ҳолат низ вакилони нафари муттаҳам бояд дар додгоҳ ҳузур дошта бошанд: “Лекин Зайд Саидов азъ мо ҳам хост, ки дигар дар мурофи ширкат накунем. Аз тарафи дигар, чанд ҳаракати муҳими додгоҳӣ ҳаст, ба мисли сухани охирин, ки бидуни он, додгоҳ наметавонад ҳукмашро содир кунад. Дар ин шароит, ростӣ, намедонем, ки додго оё чӣ хоҳад кард?”
Мурофиаи парвандаҳои Зайд Саидов, соҳибкори маъруф ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав аз 12 сентябр дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ пушти дарҳои баста идома дорад.
Дар ҳоли ҳозир, алайҳи Зайд Саидов бар асоси 10 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номуси ноболиғе ки ба синни 14 нарасидааст(моддаи 138), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, ва боздошти ғайриқонунӣ парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд. Зайд Саидов тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд карда, мегӯяд, таъқибу боздошти ӯ ангезаҳои сиёсӣ дошта, баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав шурӯъ шуд.
Зайд Саидов 54 сол дошта, соли 1999 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ сипас аз соли 2001 то оғози соли 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд. Баъди тарки ин мақом ба соҳибкорӣ баргашт ва ширкатҳояш дар соҳоте, чун саноати мармар, ҷавоҳирот ва сохтмони манзилҳои баландошёна дар пойтахти Тоҷикистон пешгом буданд.
Зайд Саидов рӯзи 6 апрели соли ҷорӣ бо ҷамъе аз ҳамфикронаш аз таъсиси як гурӯҳи ташаббускор барои сохтани ҳизби нав хабар дод. Аммо моҳе баъд мақомот аз шурӯъи чандин парванда алайҳи ин соҳибкор хабар доданд ва ӯ рӯзи 19 май баробари баргаштанаш аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе, дастгир шуд.