Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"То пулро надиҳад, намемирад" Гардиши нав дар қазияи Занҷонӣ


Бобак Занҷонӣ дар додгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Бобак Занҷонӣ дар додгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Ҳукми эъдом ё қатли Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ки дар гузашта дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, то замони баргардондани 2.5 миллиард евро пули нафти ин кишвар иҷро нахоҳад шуд. Муҳаммадҷаъфар Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон гуфт, "дар асл ҳукми Занҷонӣ ниҳоӣ шудааст", аммо мехоҳанд, пулҳои, ба қавли ӯ, дуздидашударо ба байтулмол баргардонанд. "То пулҳое, ки ба ҷайб зада ва ғолибан дар хориҷ аз кишвар нигоҳ доштааст, ба байтулмол барнагардад, иҷрои ҳукми эъдом анҷом намешавад", - афзуд ӯ.

Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan” ва “Asian Express Terminal” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешуданд.

Бобак Занҷонӣ, ки дар давраи раёсати ҷумҳури Маҳмуди Аҳмадинажод ва авҷи таҳримҳои марбут бо барномаи ҳастаӣ, бо ҳадафи “дур задани таҳримҳо” фурӯши нафти Эронро бар ӯҳда дошт, муттаҳам аст, ки 2.5 миллиард евро пули нафтро ба давлат надодааст. Вай ба дунболи эътирози ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ дар соли 2013 боздошт ва баҳори соли гузашта барои фасоди саросарӣ ба ҳукми эъдом маҳкум шуд.

Бархе аз мақомоти эронӣ дар гузашта иддао карда буданд, ки ин тоҷири сарватманд аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва ҳамчунин бо афроди пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон робита дорад. Ин мақомот ҳамчунин гуфта буданд, Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст.

Моҳи январи имсол Вазорати иттилоот ё амнияти Эрон ҳам гуфт, ки аз ҷумла воридоти 500 воситаи нақлиёт аз Тоҷикистон ба Эрон ба арзиши 15 миллион долларро ошкор намудааст. Ин вазорат гуфтааст, дар бахши шиносоӣ, корҳое монанди "шиносоии ду фарванд киштии контенейрбар, шиносоии воридоти 500 васоили нақлиёт аз Тоҷикистон ба арзиши қарордоди 15 миллион доллар ва..." анҷом шудааст.

Аммо ин гузориши Вазорати иттилооти Эрон нагуфтааст, ки Бобаки Занҷонӣ чӣ гуна ин васоили нақлиётро аз Тоҷикистон ба он кишвар ворид кардааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳам то ба ҳол ба ин иддаои Вазорати иттилооти Эрон вокунише нишон надодаанд, аммо дар гузашта ҳамеша гуфта буданд, ки Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон чизе надорад.

Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешаванд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.

XS
SM
MD
LG