Президенти Украина рӯзи 23-уюми феврал дар остонаи сесолагии таҷовузи Русия ба хоки кишвараш ва дар замоне, ки фишорҳои сиёсӣ аз ҷониби Вашингтон алайҳаш бештар мешавад, ба суоли рӯзноманигорон посух дод.
"Агар дар Укарина сулҳ шавад, агар ба шумо зарур аст, ки ман истеъфо диҳам, пас ман омодаам…Омодаам инро бо НАТО иваз кунам,"--гуфт Зеленский.
Ӯ гуфт, агар зарур шавад, ӯ "фавран" аз мақомаш истеъфо медиҳад.
Доналд Трамп аз ин пеш Владимир Зеленскийро "диктатори интихобнашуда" номид ва гуфт, ки дар Украина бояд маъракаи интихоботӣ баргузор шавад.
Баҳс бар сари омор
Ҳафтаи гузашта Доналд Трамп чанд бор ба Зеленский ҳамлаи лафзӣ кард. Зеленский гуфт, мехоҳад, Трамп ба Украина биояд. Ӯ гуфт, аз кумаки Амрико "сипосгузор" аст.
"Мехоҳам, ки бо Трамп ҳамдигарфаҳмӣ дошта бошем. Кафолати амниятӣ аз ҷониби Трамп барои мо хеле муҳим аст,"--гуфт ӯ.
Ҳамзамон Зеленский ҳарфи Трампро, ки ИМА 350 миллиард доллар ба Украина кумак кардааст, зери шубҳа гузошт ва гуфт, ки аз Амрико наздик ба 100 миллиард доллар дарёфт кардаанд. Ӯ гуфт, ки ин маблағҳо кумак буданд ва онҳоро ҳамчун қарз эътироф намекунад.
Лаҳни Трамп дар мавриди Украина пас аз суҳбати телефониаш бо Путин ва мулоқоти намояндаҳои ИМА бо намояндаҳои Русия дар Арабистони Саудӣ тундтар шуд.
Ӯ ҳатто дар як суҳбаташ Зеленскийро гунаҳкор кард, ки натавонист аз ҷанг пешгирӣ кунад ё онро барвақттар хотима диҳад.
Дар посух Зеленский гуфт, ки Доналд Трам таҳти таъсири дурӯғпароканӣ қарор гирифтааст.
Баҳс дар мавриди тарҳи ИМА ба Украина
Президенти ИМА дар идомаи ҳамлаҳои лафзӣ гуфт, ки Зеленскийро шахси сазовор барои музокироти сулҳ намебинад ва даъват кард, ки Украина барои ҷуброни маблағҳои Амрико созишномаи коркарди захираҳои нодири зеризаминиро имзо кунад.
Стив Виткоф, ёвари Тармп дар суҳбат бо телевизиони CNN гуфта буд, ки эҳтимол ин созиш рӯзи 24-уми феврал имзо шавад. Зеленский гуфт, ин созиш бояд кафолати амниятӣ дошта бошад ва фиристодани низомиёни амрикоӣ ба Украина мантиқӣ хоҳад буд.
Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ дар баҳси як ҳафтаи ахир бо Зеленский ҳамназар ҳастанд. Онҳо низ бар инанд, ки ҳамагуна созиш бо дарназардошти манфиати Укарина ва Аврупо баста шавад.
Чаро Макрон ва Стармер назди Трамп рафтанд?
Эммануел Макрон, президенти Фаронса ва Кейр Стармер, сарвазири Бритониё барои гуфтугӯ бо Трамп ба Вашингтон рафтаанд. Ҳарду талош доранд, ки бо Трамп забон ёбанд.
Аксари раҳбарони кишварҳои аврупоӣ эълон карданд, ки аз Украина пуштибонӣ хоҳанд кард. Владимир Зеленский рад намекунад, ки агар Амрико кумак накунад, барояш сахт хоҳад буд.
Се соли пеш, рӯзи 24-уми феврали соли 2022 Русия ба Украина ҳамла кард. Он замон маъмурияти Ҷо Байден эълон кард, ки аз Украина пуштибонӣ мекунанд. Амрико дар баробари Иттиҳоди Аврупо аз кишварҳои аслии пуштибони Укарина дар муқобилият бар таҷовузи Русия дониста мешавад. Доналд Трамп, ки моҳи ноябр дар интихоботи президентии ИМА пирӯз шуд, ваъдаи қатъи ҷанг дар Украинаро додааст. Чунин ба назар мерасад, ки дигар Амрико ба Украина кумак карданӣ нест ва бештар Трамп талош дорад, ки маблағҳои кумакшударо аз Украина бозпас гирад.
Ҳанӯз хабаре аз тарҳи дақиқ дар бораи сулҳ дар Укарина нест. Русия ба оҳистагӣ қисматҳои бештаре аз хоки Украинаро ғасб мекунад ва ҳанӯз ҳеч гуфтугӯе миёни ду кишвар дар бораи сулҳ низ сурат нагирифтааст.
Гуфтугӯ