Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский гуфт, поёни интиқоли гази Русия шикасти сахти Маскав аст


Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, қатъи интиқоли гази табиӣ ба Аврупо аз тариқи хати лӯлае, ки аз Украина мегузарад, шикасти калоне барои Владимир Путин, президенти Русия, аст.

Раисҷумҳури Украина рӯзи 1-уми январ дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, беш аз 25 сол қабл, ки Путин ба президентӣ расид, интиқоли гази табиӣ аз тариқи Украина ба Аврупо солона ба беш аз 130 миллиард метри мураббаъ баробар буд.

Вай дар идома гуфт, "ин яке аз бузургтарин шикастҳои Маскав аст. Аз онҷо ки Русия аз бозори энержӣ ҳамчун силоҳ истифода мекунад ва мехоҳад аз шарикони худ боҷ бигирад, яке аз серфоидатарин ва дастрастарин бозорҳои ҷуғрофиёи худро аз даст додааст".

Изҳороти Зеленский дар пайи он баён шуд, ки ширкати "Газпром"-и Русия эълон кард, ба ин сабаб, ки Украина ҳозир нест қарордодро бо Маскав тамдид кунад, интиқоли газ аз тариқи ин хати лӯла бас мешавад.

Тамдид нашудани ин қарордод ба маънои он аст, ки Украина аз ҳаққи транзити худ, ки солона 800 миллион доллар аст, чашмпӯшӣ мекунад. Русия низ солона 5 миллиард доллар зарар хоҳад дид.

Раисҷумҳури Украина ҳамзамон изҳори умед кардааст, ки Амрико содироти гази худро ба Аврупо афзоиш диҳад. Владимир Зеленский гуфт, агар ҳар шарики воқеии Аврупо гази бештаре ба бозор ироа кунад, вобастагии Аврупо ба гази Русия низ зудтар ба поён хоҳад расид.

Киев пеш аз ин борҳо эълон карда буд, ки қарордодро бо Русия тамдид нахоҳад кард ва аз ин рӯ интизор мерафт, ки интиқоли гази Русия ба Аврупо аз роҳи Украина, қатъ мешавад.

Аз онҷо ки бисёре аз кишварҳои аврупоӣ пас аз ҳамлаи низомии Русия ба Украина талош кардаанд, ки вобастагии худ ба гази Русияро коҳиш диҳанд, ба назар намерасад, ки ин тасмими Киев пайомадҳои фаврӣ барои Аврупо дошта бошад.

Словакия, Маҷористон ва Австрия, муштариёни асосии гази Русия дар Аврупо, аллакай аз манбаъҳои дигар гази мавриди ниёзи худро таъмин кардаанд. Барои ҳамин, баъзе аз таҳлилгарон гуфтаанд, қатъи газ аз тариқи Украина ба бозори Аврупо таъсири зиёде надорад.

Содироти газ ба Аврупо аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз ва дар даҳаҳои ахир афзоиш ёфт. Қабл аз оғози ҳамлаи низомӣ ба Украина, ҳудуди 25 дарсад аз гази мавриди ниёзи Аврупоро Русия таъмин мекард. Аммо акнун саҳми Русия дар таъмини гази мавриди ниёзи Аврупо дар муқоиса бо Амрико, Қатар ва Норвегия ба шиддат коҳиш ёфтааст.

Охирин қарордод байни Маскав ва Киев барои интиқоли газ аз ин масир панҷ сол пеш тамдид шуд ва охирин рӯзи он 31-уми декабри соли 2024 буд.

XS
SM
MD
LG