Тоҷикистон воридоти молу маҳсулотро аз чаҳор кишвари пасошӯравӣ – Русия, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон – аз пардохти боҷи гумрукӣ озод кардааст. Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин бора қарори ҳукумат таҳти рақами 399 содир шудааст.