Аз 73 долларе, ки ширкати "Талко" барои транзити як тонна алюминиюм аз қаламрави Узбекистон медиҳад, танҳо 24 доллари он ба ҳисоби давлат мерафтааст.
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба ширкати мобилии «Билайн» дастур дод, ки номи ду тарофааш – «Чақ-чақ» ва «Панҷа парто»-ро иваз кунад. Масъулони ин кумита номи ин тарофаҳоро муғойир ба бандҳои қонуни забон донистанд.
Дар Тоҷикистон беш аз сад номгӯи ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ аз пардохти андоз комилан озод шуданд.
Дар нимсолаи аввали соли 2018 аҳолии Тоҷикистон ба 9 миллион нафар хоҳад расид. Дар ҳоли ҳозир, бино ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, аҳолии кишвар аз 8 миллиону 930 ҳазор нафар иборат аст.
Идораи зиндонҳои Русия мегӯяд, ки бо афзоиши маҳкумшудагони мусулмон аз ҷумлаи шаҳрвандони Осиёи Миёна дар зиндонҳои Русия, тундгароии исломӣ дар миёни бошандагони маҳбасҳо афзоиш меёбад.
Бонки Осиёии Рушд “ошнобозӣ” ё “шиносбозиро” яке аз сабабҳои афзоиши “кредитҳои заҳрогин” донистааст, ки боис ба сар задани буҳрон дар бонкҳои Тоҷикистон шуд.
Дар Тоҷикистон ҷоизае бо исми "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон" таъсис ёфт. Ин ҷоиза барои сокинони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ, ки дар рушди демократия саҳми хос доштанд, тақдим мешавад.
Маъмурияти Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова дар шаҳри Душанбе як устоди ин коллеҷро ба хотири тамошо накардани паёми президент ба порлумон аз кор рондаанд.
"Русал"- ширкати сармоядори рус Олег Дерипаска аз иҷрои боз як тарҳи дигаре дар Тоҷикистон даст кашидааст.
Ду гумонбари дуздии ноқили телефон дар шаҳри Хоруғ, ки як муддат боиси аз кор мондани телефонҳои хонагӣ дар маркази Бадахшон гаштанд, боздошт шудаанд.
Дар як изҳороти ташкилоти "Имон Интернешинл", ки дар вебсайти ин созмон нашр шуд, сабаби аз вазифаи раҳбари кулли ин ташкилот канор рафтани муассиси он Гулбаҳор Маҳкамова шарҳ дода шудааст.
Тоҷирони мошин мегӯянд, қарори охири ҳукумат дар марвиди манъ кардани воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005-ум ба мошинҳои истеҳсоли Корея дар бозори Тоҷикистон бештар роҳ мекушояд.
Бинобар арзёбии ширкатҳои мобилии Қирғизистон, шумораи истифодабарандагони хадамоти ширкатҳои мобилии Қирғизистон дар Тоҷикистон ба беш аз 10 ҳазор нафар мерасад.
Хичакбанд, курхат, қайтарма...Ин номгӯи кӯтоҳи хадамоти фолкушоёну сеҳргарон дар Тоҷикистон аст. Бо вуҷуди расман мамнӯъ будани фолу сеҳргарӣ, фолшкушоён дар Тоҷикистон ба ҳар мушкили муштариёнашон хизматрасонии хосе доранд.
Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дигар андоза ва исми шахсонеро, ки баландтарин ҳаққи бознишастагӣ мегиранд, ошкор намекунад.
Ҷорӣ шудани шеваи нави ҷамъоварии пули бар дар шаҳри Хуҷанд боиси бекор мондани беш аз 75 нозири барқ шудааст. Чун насби усули биллинг дар ҳисобкунакҳои барқӣ заруратеро барои будани нозирони барқ боқӣ намегузорад.
Кӣ камбизоат аст, кӣ не? Дар Тоҷикистон минбаъд компютер ба ин суол посух мегӯяд.
«Панҷ кишваре, ки забони якдигарро намеёбанд». Чанде аз сафирони кишварҳои ғарбӣ дар гузоришу матлабҳои таҳлилии хеш панҷ кишвари Осиёи Миёнаро чунин тавсиф кардаанд.
Тоҷикистон воридоти ҳама гуна маҳсулоти гӯштӣ аз хориҷи кишварро, ки тамғаи “Ҳалол” надорад, манъ мекунад. Ин талаботро Хадамоти назорати давлатии бойтории Тоҷикистон бо воридкунадагони маҳсулоти гӯштӣ дар миён гузошт.
Ҳукумати Тоҷикистон барои шаҳрвандони Чин 2400 бурсия ё квотаи дигари корӣ ҷудо кард. Ҷойҳои корӣ бо амри раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷудо шуданд ва асосан ба мутахассисони сохтмони лӯлаи гази Туркманистон - Чин пешниҳод мешаванд.
Ёфтҳои бештар