Ин ҳол аз сабабе ба миён омад, ки ҳангоми таҳияи буҷаи соли 2016 барои харид ва тақсими ройгони инсулин дар байни гирифторони диабети қанд маблағи кофӣ ҷудо нашуд ва созмонҳои байналмилалӣ низ барномаи ироаи ройгони ин навъи доруро ба Тоҷикистон қатъ кардаанд.
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, ба тамоми нозирон дастур додааст, ки аз таҷрибаи пешакӣ ситонидани андоз даст кашанд, вагарна муҷозот хоҳанд шуд. Ин фармон таҳти рақами 276 нашр шуда, мавриди иҷро қарор гирифтааст.
Соҳибкорони пойтахти Тоҷикистон мегӯянд, мехоҳанд, ки пас аз соати 6-и бегоҳ дари дӯкону фурӯшгоҳҳояшон ба рӯи муштариён боз бошад. Аммо барои идомаи фаъолият баъди соати 6-и бегоҳ иҷозаи хоси мақомоти маҳаллӣ зарур будааст.
Ширкати "Барқи тоҷик" эълон кард, ки маҷмӯи қарзҳояш дар соли ҷорӣ ба марзи 12 миллиард сомонӣ наздик шудааст. Номгӯи идораҳое, ки "Барқи тоҷик" аз онҳо қарздор аст, зиёд буда, аз Вазорати молия то "Ориёнбонк"-ро дар бар мегирад.
Додгоҳи Урдун ҳукми бегуноҳӣ ва озодии тоҷири боздоштшудаи тоҷик Дилшод Иброҳимовро содир кардааст. Ӯ рӯзи 1 август ба Озодӣ гуфт, чор моҳи пеш ҳангоми сафараш дар шаҳри Аммон боздошт шуда, дар аввал барои узвият дар "Давлати исломӣ" ва "ҷосусӣ" муттаҳам мешуд
Як ширкати мухобиротии Тоҷикистон барои муқоисаи арзиши хадамоти интернетӣ бо лимӯву макарон муҷозот шуд.
Маркази милии тестии Тоҷикистон мегӯяд, аз 84 ҳазор довталабе, ки имсол барои шомил шудан ба донишгоҳҳо ҳуҷҷат супориданд, 59 ҳазору 200 нафар бо дарёфти холҳои гузариш ба озмуни тақсимоти довталабон ба ихтисосҳо роҳ ёфтанд.
Обид Асомов - ҳаҷвнигори шинохтаи Узбакистон барои иҷрои як барномаи ҳунарӣ ба Тоҷикистон меояд.
Дар ҳоле ки ихтиёри истихроҷи тилло аз конҳои Тоҷикистон яке пайи дигар ба дасти ширкатҳои Чин мегузарад, бисёре аз таҳлилгарон ин суолро матраҳ мекунанд, ки то куҷо тавсеаталабии ширкатҳои чинӣ ба манфиати Тоҷикистон анҷом хоҳад ёфт?
Ин китоби аксҳои 300-саҳифаӣ дар яке аз чопхонаҳои Туркия бо теъдоди ду ҳазор нусха ва бо фармоиши Маҷлиси Намояндагон ба нашр расидааст ва бидуни муқоваи чарминаш дуним кило вазн дорад.
Ҳукумати Туркия гуфт 60 нафар дар нооромиҳо ва талош барои табадуллоти давлатӣ фавтидаанд, 754 низомӣ боздошт шудааст. Миёни фавтидагон 16 табадуллотгар низ будааст. Сарвазири Туркия Бинали Йилдирим гуфт, як генерал ва раҳбари табадуллотгарон кушта шудааст.
Дар задухӯрдҳо дар шаҳри Анкараи Туркия 17 маъмури пулис кушта шуда, бинои парлумон мавриди бомбборон қарор гирифтааст. Хадамоти амниятии Туркия мегӯяд, табаддулоти давлатӣ шикаст хӯрдааст. Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО аз ҳукумати Эрдуғон пуштибонӣ карданд.
Молики ширкати "Нури ёвар", ки таваққуфгоҳи назди Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо дар ихтиёри ӯст аз кӯшишҳои ғасби рейдерии моликияташ шикоят дорад.
Як соҳибкори тоҷик иддао дорад, ки баъзе аз мақомоти ширкатҳои давлатӣ мехоҳанд, моликияти ӯро ба зӯрӣ бигиранд.
Раҳбари пешини "Барқи тоҷик" мегӯяд, ки танҳо ба кор даромадани ду чархаи аввали Роғун дар соли 2018 кишварро пурра аз банди бебарқӣ раҳо нахоҳад кард ва барои ин фаъол шудани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе низ бисёр зарур аст.
Тоҷикони бурунмарзӣ дар интихоби либос дар кишварҳои хориҷа аз рӯи мақоли “Шаҳри якчашма рафтӣ...” амал карда, талош мекунанд бо либосашон аз мардуми бумии макони зисташон фарқ накунанд.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар Ереван гуфтааст, ки кишвараш ҷонибдори ҳалли мусолиматомези низоъ дар Қарабоғи кӯҳӣ мебошад.
Нашр шудани акси бархе аз шахсиятҳо дар саҳифаи аввали рӯзнома ва ҳафтаномаҳо, ин нашрияҳоро пурхаридор мекунад.
Масъулони Хадамоти гумрук мегӯянд, ки тоҷирони тоҷик "кам кам", вале дар маҷмуъ 700 кило маҳсулоти заргариро ба таври қочоқӣ аз хориҷ ба кишвар овардаанд. Яке аз сабабҳояш гарон будани боҷу андоз гуфта мешавад.
Телевизиони давлатии Узбакистон - "Тошкент" чанд порча аз гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримовро нашр кард, ки ба баъзе аз ҷузъиёти мулоқоти ҳафтаи гузаштаи онҳо рӯшанӣ меандозад.
Ёфтҳои бештар