Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ қимати иҷораи рақамҳои мобилӣ ва NGN-ро аз 10 дирами қаблӣ то 1,82 сомонӣ барои як моҳ боло бурдааст.
Маҳфили таҳлили “Ҷаҳони андеша”и Академияи илмҳои Тоҷикистон зимни як пажӯҳиш мегӯяд, сарнавиштгароӣ ва тақдирпарастӣ монеаи рушд аст.
Даҳсолаи нави байнулмилалии об, ба ақидаи коршиносон, замоне натиҷа хоҳад дод, ки вазифаҳои он аз сатҳи шиору ормон ба дараҷаи тарҳу барномаҳои мушаххас расонда шаванд.
Юрий Крупнов сар ба сар задани Чину Русия барои манфиатҳояшон дар Осиёи Марказиро аз эҳтимол дур надонист, вале таҳлилгарони тоҷик гуфтанд, ки марзи нуфузи Маскаву Пекин дар минтақа, бахусус Тоҷикистон, мушаххас шудааст.
Корхонаи аллюминиюми Тоҷикистон− “TalCo”, ки тайи панҷ соли охир ҳаҷми истеҳсолашро пайваста коҳиш медод, барнома дорад, ки соли равон тавлиди алюминюмро ду маротиба бештар кунад.
Темур Зулфиқоров, нависандаи машҳури русзабони Тоҷикистон дар мусоҳибаи ихтисосии худ бо Радиои Озодӣ дар бораи муносибати мардуми русу тоҷик, равобити Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна сӯҳбат кард.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ки ду сокини ҷавони Қӯрғонттеппа баъд аз чанд муддати будубош дар маҳалҳои таҳти итоати "Давлати исломӣ" ба Туркия фирор карда ва аз он ҷо ба Тоҷикистон омадаанд.
Додситон ва сардори идораи умури дохилии шаҳри Хуҷанд талаб карданд, ки ҳайвонҳои калону майдаи шохдор аз ҳудуди ин шаҳр берун карда шуда, парваришашон низ мамнуъ эълон гардад.
Ду ширкате, ки аз Фонд (Бунёд)-и захиравии раисиҷумҳури Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон барои харидани компютер ба мактабҳо пул дарёфт карда буданд, ба дуздии ин пулҳо айбдор шуданд.
Дар ҳоли ҳозир 276 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд ва 400 ҳазор нафари дигар шомили “гурӯҳи хатар” ҳастанд.
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Саидҷаъфар Исмонов бори севум узви Шӯрои ҷамъиятӣ шуд. Ин масъала субҳи 26 май дар нишасти навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ баррасӣ гардид.
Як созмони ғайридавлатии ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯяд, гумонбари авбошӣ дар коргоҳи муфаттиш шиками худро бо корди канселярӣ ё коғазбурии рӯйи мизи муфаттиш буридааст.
Дар мусобиқаи ҷумҳуриявии бодибилдинг ё бадансозӣ дар Душанбе Хуршед Толибов ғолиби мутлақ эътироф шуд.
Темур Зулфиқоров, адиби саршиноси тоҷику рус, мегӯяд, ки агар арқоми куштори тоҷикон дар Русия даҳшатбор бошад, қатли худи русҳо дар кишварашон аз он ташвишовару даҳшатбортар аст.
Пулиси ноҳияи Айнӣ эълон кард, ки алайҳи шикастани сангу катибаҳои болои мазор дар рустои Ревад парвандаи ҷиноӣ боз мекунад. Шаби 18 ба 19 май афроди ношинос санги қариб 30 қабрро шикастаанд.
Дар ҷаласаи солонаи саҳмдорони Роғун сармояи оинномаваии ин нерӯгоҳ ба андозаи 2 миллиард сомонӣ боло бурда шуд. То кунун сармояи оинномавии Роғун беш аз 12 миллиард буд ва бо пешниҳоди раёсати ҷамъият ба 14 миллиард сомонӣ ҳудуди 2 миллиард доллар расонида шуд.
Наздикони Ҷӯрабек Дӯстов, маъруф бо лақаби "Дустум" -- нозири бахши махсуси Раёсати зиндонҳои Тоҷикистонро дар кӯҳу дараи кишвар мекобанд. Аммо иддае мегӯянд, ки ӯ ҳам ба Сурия рафтааст.
Дастури мақомоти ноҳия Варзоб, ки хешу табор дар як мактаб кор накунанд, мудири ин муассисаро ҳайрон кардааст, зеро ҳама дар ин деҳа хешу табори ҳамдигаранд.
Дар Тоҷикистон бозори махсуси хариду фурӯши саҳмияҳову қоғазҳои қимматнок−биржа вуҷуд надорад. Аз ин рӯ сокинон ба хотири фурӯши саҳмияҳояшон дар рӯзномаву маҷаллаҳо эълон медиҳанд.
Вакили маҷлис даъвати Оҷонсии рушди Олмонро, ки мегӯяд, ба иллати коҳиши рушди иқтисод буҷаи Тоҷикистон ниёз ба таҳрир дорад, беасос номид ва гуфт, зарурате бознигарии буҷа дар миён нест.
Ёфтҳои бештар