Виктория Панфилова, шореҳи нашрияи "Независимая газета", ки дар Тошканд ҷараёни интихоботи президентии Узбакистонро пайгирӣ дорад, гуфт, сокинони ин кишвар мунтазири ислоҳотанд. Ба қавли ӯ, “сокинони Узбакистон мехоҳанд, дар тиҷорат, бахусус соҳибкории хурду миёна ислоҳот шавад ва ба онҳо сабукӣ дода шавад".