Муҳаммадҷон Собиров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, мегӯяд, сарзаниши як маъмури пулис дар ҳини донишҷӯӣ дар Русия ӯро ба ин кор водор кард. Бештар ба пуштибонии ҳуқуқи муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон машғул аст, вале гоҳе парвандаи шаҳрвандони Афғонистону Ҳиндустонро низ ба дӯш мегирад.