Белорус аз ҷумлаи кишварҳоест, ки барои пешгирӣ аз густариши коронавирус "карантин" ҷорӣ накардааст. Ба шаҳрвандон шустани дасту пӯшидани ниқоби тиббӣ тавсия дода мешавад, аммо ягон чораи маҳдудкунанда нест.
Муҳоҷирони корие, ки дар давраи “карантин” дар Русия бекор ва дар вазъияти бад қарор гирифтаанд, аз мақомоти ин кишвар мехоҳанд онҳоро аз андоз ва пардохти пули патент муваққатан озод кунанд.
Дар шаҳраки Новосергиеваи вилояти Ленинград хобгоҳеро ошкор карданд, ки дар он тақрибан 35 муҳоҷири гирифтор ба бемории КОВИД-19 зиндагӣ доранд. Ҳоло хобгоҳ бастааст ва сокинонаш ба карантин фаро гирифта шудаанд. Бино ва фурӯшгоҳҳои наздик ба хобгоҳро "дезинфексия" ё поккорӣ мекунанд.
Гурӯҳе аз тоҷикон дар Маскав тасмим гирифтанд, ба муҳоҷирони бекору бепул дар давраи "карантин" кумак кунанд. Ин ёриҳо аз хӯрокворӣ иборат аст.
Шаби 31-уми март аз фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав ба зӯр ҳудуди 300 муҳоҷир аз Осиёи Марказиро, ки дусад нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, ба кӯча рондаанд.
Оиша Муҳаммадова дар як деҳаи дурдасти Доғистон таваллуд шуда, бо вуҷуди расми мардсолории ҳоким дар ҷомеа, ҳеч гоҳ ҳамсар ва модари мутеъ набуд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои ҷилавгирӣ аз сирояти вируси хатарноки нави чинӣ дар фурудгоҳ ва дигар даромадгоҳҳои кишвар чораҳои назоратиро тақвият додаанд. Чӣ гуна? Дар ин видео бинед.
Як духтари ноболиғи қирғиз баъди ду ҳафтаи асорати шаҳвонӣ дар бораи зулме ки дидааст, нақл кард. Мегӯяд, ӯро дар ин муддат латтӯ кӯб ва таҷовуз кардаан. Ҳоло пайвандони духтар аз он нигаронанд, ки гунаҳгорон беҷазо мемонанд.
Дар шаҳри Душанбе вайрон кардани биноҳое, ки дар солҳои бистум ва сиюми асри гузашта сохта шудаанд ва таърихи пойтахти Тоҷикистон аз онҳо маншаъ мегирад, идома дорад. Ҳоло дар навбат тахриби хонае истодааст, ки меъмори аввалини Душанбе Пётр Ваулин сохта буд. Гузориш бо забони русӣ
Садҳо корманди пулис барои назорати тартибот дар рӯзи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон сафарбар шудаанд. Ҳазорон донишҷӯи дигар дар гушаҳои мухталифи кишвар барои ширкат дар барномаҳои ҷашнӣ тамрин мекунанд.
Дар Ингушистони Русия қоидаҳое таҳия шудаанд, ки ҷавононро аз хандидан, ҳуштак кашидан дар маконҳои серодам манъ карда, занонро вазифадор мекунад, ки бо либоси тангу тунук аз хона берун нашаванд ва худро аз мардҳои бегона дур гиранд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, додгоҳҳо дар Русия парвандаи ихроҷи муҳоҷиронро танҳо ба номаш баррасӣ мекунанд. Дар асл, ба гуфтаи онҳо, ҳукми ихроҷ бе ҳузури муҳоҷирон содир мегардад. Танҳо соли гузашта ба ҳамин шева 130 ҳазор нафарро аз қаламрави Русия берун кардаанд.
Ёфтҳои бештар