Чаҳоряк аср пеш ҷаҳон ба марҳилаи нави зиндагӣ ворид шуд ва коршиносон онро инқилобе дар ҳаёти инсон арзёбӣ карданд.
Кумиссиюни байналмилалии ҳуқуқшиносон(ICJ) аз боздошти Фахриддин Зокиров, раиси коллегияи адвокатҳои мустақили Душанбе ва вакили соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов изҳори нигаронӣ кардааст.
Вазири тозатаъини корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов, ба Маскав сафар кард ва бо Сергей Лавров, ҳамтои руси худ гуфтушунид хоҳад дошт.
Дар ин рӯзҳо дар Русия пешнависи қонуне таҳия мешавад, ки дарёфти шаҳрвандии Русияро барои шаҳрвандони кишварҳои Шӯравии пешин соддатар мекунад.
Дар ин рӯзҳо баъзе аз падару модарони муҳоҷир дар Русия дар таҳлукаи сабти номи фарзандонашон ҳастанд ва мегӯянд, агар онҳо фазандони мактабхони худро дубора сабти ном накунанд, онҳоро аз мактаб меронанд.
Рӯйдодҳои рӯзи 27 феврал дар Симферопол - маркази маъмурии ҷумҳурии мухтори Қрим - осебпазирии ҳукумати нави Украинаро ба намоиш гузошт.
Ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Бишкек мегӯяд, дар номае аз вазорати маорифи ин кишвар хостааст, ки барои аз марз гузаштани донишҷӯёни тоҷикзабони Қирғизистон кӯмак кунанд.
Раиси ҳолдинги "Конт Групп Тоҷикистон" таъйид кард, ки ба Эрон сафаре доштааст, вале мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанаш дар иртибот ба ғайб задани пулҳои нафтии Эронро радд кард.
Таҳлилгарони хориҷӣ мегӯянд,мушкилоти пешомада дар равобити Тоҷикистону Қирғизистон ҳалшаванда ҳаст, агар Душанбеву Бишкек ба ҳалли масоили ҷамъшуда азми қотеъ нишон диҳанд ва дигарон аз берун ба оташи ин моҷаро равған нарезанд.
Ҳоло дар сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматии Тоҷикистон шахсиятҳое кор мекунанд, ки Академияи хадамоти давлатии назди раёсати ҷумҳурии Русияро хатм кардаанд.
Муҳоҷирони кории хориҷӣ ҳар сол аз Русия ба ватани худ тақрибан 20 миллиард доллар пул мефиристанд.
Номи Бобаки Занҷонӣ замоне дар доираҳои иқтисодӣ, ба вижа бонкдории Тоҷикистону Эрон сари забонҳо омад, ки 2 млд евро пули нафти Эрон ғайб зад ва ҳоло дар Теҳрон бар ин ақидаанд, ки ин пулҳо бо номи ӯ иртибот дорад.
Барои нахустин бор ба як муҳоҷири тоҷик ҳаққи бурдани машъали олимпиро доданд. Алидод Исмоилов дар радифи варзишкорони шинохта ва арбоби маъруфи ҷамъиятии Русия машъали Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочиро дар шаҳри Кемерово гардонд.
Дар 13-умин рӯзи эътирозҳои Украина сокинони минтақаҳои дигари кишвар ба Киев барои идомаи эьтисоб кашида мешаванд.
Ахиран ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати Эдго Энерҷӣ (Edgo Energy) дар бораи истихроҷи газ дар ду чоҳи нафт дар ҷануби Тоҷикистон қарордоди ҳамкорӣ имзо кард.
Тақрибан 200 нафар эътирозгарон, асосан ҷонибдорон ва наздикони Аҳмадбек Келдибеков, аз ҳизби "Ота Журт" бо талаби озодии ӯ роҳи мошинрави вилояти Ӯшро бастанд.
Ҳукумати нави Эмомалӣ Раҳмон масъулиятро барои марҳилае бар дӯш мегирад, ки мардум ҳама мехоҳанд саранҷом Тоҷикистон аз бӯҳрон раҳо шавад ва ба роҳи рушди муназзам барояд.
Дар Узбакистон боздошти ҳамкорони наздики Гулнора Каримова идома дорад. Гулнора мегӯяд, ки Рустам Мадумаров, яке аз ҳамкорони наздики вайро боздошт кардаанд.
Созмони назарсанҷии Gallup дар бораи мавҷудияти ришвахорӣ дар доираҳои ҳукуматӣ дар 129 кишвар назархоҳӣ анҷом додааст.
Барои ширкат дар интихоботи соли ояндаи раёсатҷумҳурии Афғонистон 27 довталаб худро сабти ном кардааст.
Ёфтҳои бештар