Вақте бо тақозои кор ба суроғи як хонаводаи фақир афтодам, бо раҳнамоии як шиносам, ба яке аз маҳаллаҳое бо номи зебову хотирмони «Зафар», воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе рафтам.
Бо ибтикори аҳли завқ ва дилбохтагони ҳунари нотакрори Аҳмад Зоҳир, овозхони шаҳир, дар Душанбе як маҳфили ёдбуд бахшида ба зодрӯз ва ҳамзамон рӯзи вафоти ӯ баргузор шуд.
Филми коргардони ҷавони тоҷик Носир Саидов таҳти унвони «Қиёми рӯз» дар як ҷашнвораи байналмилалӣ, ки дар Австрия дар авоили моҳи июн доир шуд, ҳамчун беҳтарин филми ҳунарӣ дониста шуд ва барои беҳтарин кори коргардон ба гирифтани шоҳҷоизаи ин фестивал ноил гашт.
Масъулони созмонҳои рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон аз таҳдид ва талоши ниҳодҳои давлатӣ барои саркӯб кардани нашрияҳои мустақил изҳори нигаронӣ мекунанд. Раҳбарони расонаҳо мегӯянд, бархе мақомот таҳдид кардаанд, ки нашрияҳои мустақиро ба зону хоҳанд даровард.
Мақомоти Тоҷикистон аз тасими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди идомаи кӯмакҳои башарӣ ба Тоҷикистон истиқбол кардаанд ва мегӯянд, қасд доранд сатҳи фақр дар кишварро то 42 дар сад коҳиш диҳанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тааҳуд кардааст, ки дар доираи стратегияи мубориза бо фақр ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард.
Сайлӣ ба мӯзадӯзӣ ва аз сим сохтани кафлезу кафгир машғул аст. Бунафша Тангемеро ба иҷора гирифтаву, дар масири Зарафшон-фурудгоҳ мусофир мекашонад.
Ин ҳафта қариб ҳамаи нашрияҳои чопи Душанбе асосан ба баррасии ду мавзӯъ - пайомадҳои фоҷеабори офати об дар Кӯлоб ва муносиботи андаке ба нармӣ гаравидаи Тоҷикистону Узбакистон пардохтаанд.
Ҷанги дуввуми ҷаҳон ва даҳшати он беш аз чаҳоряк қарн аст, ки ҷону пайкари на танҳо шоҳидони зинда - иштирокчиён ва собиқадорони он ва мардуми дар ақибгоҳ кору пайкор доштаро, балки чандин насли инсониятро такон медиҳад.
Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, иддаъо ва нигаронии хадамоти беҳдоштии Русия дар мавриди эҳтимоли сирояти фалаҷи кӯдакон аз Тоҷикистон ба Русия асос надорад.
Филми Сергей Струсовский - «Девонаавзоъ» ҷашнвораи байнулмилалии «Синамо-марзҳои боз» дар Душанберо ифтитоҳ кард.
Дастандаркорони фестивали байналмилалии театрҳои лухтак - «Чодари хаёл» мегӯянд, барои баргузории даври дуввуми ин фестивал дар Душанбе сармоягузоронро ҷустуҷӯ доранд.
Новобаста аз ҳавои боронӣ, сокинони зиёди пойтахт, ки дар миёнашон бонувони солманд низ кам набуданд, барои овоздиҳӣ ба пояи қуттиҳои раъй омаданд.
Имрӯз, 27-уми феврал, номзадҳо бо интихобкунандагон мулоқот намекунанд, талошу кӯшишҳои мубаллиғони аҳзоб дар хиёбонҳои шаҳр ба чашм намерасад. Вале ҳавзаҳои интихоботӣ ва минтақаҳои райъдиҳӣ пурташвиш ба назар мерасанд.
Як мақоми баландпояи Хадамоти муҳоҷирати Русия дар сафаре ба Тоҷикистон гуфт, аз ин ба баъд ҳар муҳоҷири корӣ бояд ба ҳаҷми 1000 рубли руси патент ё иҷозаи кор харидорӣ кунад ва молиёт супорад.
Дар Душанбе маросими муаррифии китоби нави дромнавис ва таҳиягари шинохта Барзу Абдураззоқов баргузор гашт.
Маркази ҷумҳуриявии наркологии Тоҷикистон ҷиҳати табобати майзадагон аз кодзанӣ ё дар зери пӯсти бемор гузоштани барномаи махсусе кор мегирад.
Мақомоти Тоҷикистон ва Эрон мегӯянд, телевизони муштаракаи фарҳангии кишварҳои форсизабон дар ҷашни Наврӯз, дар моҳи март ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.
Дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили ёдбуди журналист ва нависанда Муҳаммадраҳими Сайдарро ба муносибати зодрӯзаш баргузор карданд.
Ёдам ҳаст, боре ман мизбони барнома будам ва худобиомурз Муҳаммадраҳими Сайдар гузориши худро дар бораи аз ҷониби сартарошидаҳои рус кордкӯб шудани Хуршедаи 9-сола, духтарчаи муҳоҷири тоҷик омода карда буду мехонд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, адиб ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, ки ҳамчун хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Маскав зиндагӣ ва фаъолият мекард, дар синни 57-солагӣ аз дунё даргузашт.
Ёфтҳои бештар