Наздикони Хайриддини Абдуллоҳ (Хайриддин Доcтаков), рӯҳонии боздоштшудаи тоҷик, иддао доранд, ки ӯ зери шиканҷа иттиҳоми ифротгароиро ба дӯш гирифтааст. Ӯ рӯзи 29 декабри соли 2019, ҳангоми бозгашт аз Маскав ба Душанбе, дастгир шуд. Мақомот иддаои шиканҷа шудани Хайриддини Абдуллоҳро рад мекунанд.