Ин сафари дувуми Уиллям Феллон, Сарфармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, дар ним соли ахир аст, ки мебоист авохири моҳи гузашта ё 1-уми ноябр баргузор мешуд. Маҳз ба таъхир уфтодани ин сафарро бархе аз коршиносон фишори Маскав ба Душанбе дар посух ба қаробатҷӯиҳои низомиаш бо Амрико арзёбӣ карданд.