Ҳамла бо тухму бо помидор ва истифодаи гурӯҳи занони гӯё норозӣ зоҳиран ба як василаи осону арзони фишор ба дигарандешон ва сафоратҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон табдил меёбад.
Раҳбари идораи дипломатии Афғонистон, ки бо як сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, кишвараш имкон нахоҳад дод, ки гурӯҳҳои террористиву ҷангҷӯ аз он сӯи Омӯ ба хоки Тоҷикистон ҳамла кунанд.
Корхонаи украинӣ чархаи инак дувуми нирӯгоҳи Роғунро фиристодааст. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё ин чархаҳо кай ба тавлиди нирӯи барқ оғоз кардаву Тоҷикистонро аз вартаи бебарқӣ наҷот хоҳанд дод?
Сӯҳбати ихтисосии хабарнигори "Озодӣ" Фарҳоди Милод бо овозхони саршиноси Афғонистон Фарҳоди Дарё.
Ширкати алюминиуми Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи пардохти 274 миллион доллари ҷуброн ба "РусАл" аз роҳи музокирот ҳал мешавад, аммо дар ҳолати нокомии гуфтушунид, "Талко" розҳои қарзашро аз “РусАл” ошкор хоҳад кард.
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як мошини бидуни шумораи марбут ба низомиёни қирғиз аз сӯи сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло сангборон шудааст.
Телевизионҳои мустақили Тоҷикистон аз он изҳори нороҳатӣ доранд, ки дар ҷараёни татбиқи барномаи давлатии пахши рақамӣ дар ҳошия қарор хоҳанд гирифт.
Роҳбарияти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, созишномаи ҳамкории ин ниҳод бо додситонии Эрон дар ҳоли коркард аст ва ба зудӣ ба имзо хоҳад расид.
Дар ҳоле ки қарзҳои ширкати «Барқи Тоҷик» аз нерӯгоҳҳо, ба истилоҳ “шӯҳраи олам” шуда, ба куҷо рафтани даромади онро ҳар кас ҳар гуна ҳадс мезанад, қарор аст, қарзҳои ин ширкати давлатӣ бо мадади Бонки ҷаҳонӣ ҳисобу китоб шавад.
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯянд, ҳадди аксари ҷиноятҳои коррпусионӣ дар пойтахти Тоҷикистон рух медиҳанд. Рӯзи 4 феврал дар Душанбе боз як маъмури андоз ҳангоми гирифтани 4000 доллар пора дастгир шудааст.
Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе хабар дод, ки шурӯъ аз соати 2 - и пас аз зӯҳр фуруду парвози ҳавопаймоҳо аз сар гирифта шуданд.
Ҳайатҳои баландпояи Қирғизистону Тоҷикистон моҷарои марзии 11-уми январ ва дурнамои кори кумиссюни таъйин ва аломатгузории марзро баррасӣ ва як протоколро имзо карданд.
Ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон мегӯянд, дар сурати қатъ шудани хатҳои интиқоли интернет аз сӯи Қирғизистон мушкили хосе пеш нахоҳад омад.
Коршиносони тоҷик мегӯянд, Украина бояд ҳукуматеро ба миён биорад, ки ҳузураш дар ҳарду фазо – Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ва Иттиҳоди Аврупоро содда кунад.
Раҳбарони Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мегӯянд, эътирозҳои ахир алайҳи мониторинги шӯроро ноогоҳӣ аз асли воқеиятҳо ба вуҷуд овардааст.
Гуфтушуниди ахири сарварони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон бенатиҷа анҷом ёфт ва ақидаеро ба миён овард, ки ду тараф бо он ки дар бунбастанд, ба ҳамдигар гузаште карданӣ нестанд.
Чаро шаҳрвандони Тоҷикистон баъди 22 соли истиқлоли ин кишвар мехоҳанд ба исмҳои хонаводагии русӣ баргарданд? Иллат танҳо дар мушкилоти сафари Русия аст?
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, адолати судӣ дар кишвар қавист ва 95 дарсади ҳукми додгоҳҳо ҳеҷ гуна шикоятеро ба вуҷуд намеоранд.
Дар Тоҷикистон ҳарчанд хизматрасонии тиббӣ дар амал пулакӣ аст, аммо ба гуфтаи баъзе мутахассисон, қисми зиёди ин маблағ ба будҷаи давлат ворид намешавад.
Мақомоти низомии Тоҷикистон мегӯянд, машқҳои нирӯҳои хадамоти марзбонӣ ва вазорати дифои Қирғизистон дар вилояти Бодканд "кори дохилии Қирғизистон аст."
Ёфтҳои бештар