Бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз нооромиҳо дар Тавилдара дар миёнаҳои соли ҷорӣ ёд мекунанд ва мегӯянд, ин ҳаводис нигарониҳоеро дар миёни ҷомеа ба вуҷуд овард.
Ширкати интернетии «Интерком» -и Тоҷикистон тақозои пардохти як миллион сомонӣ ҷарима аз шабакаи мобилии «Таком»-ро кардааст.
Одамони зиёде аз пасовандҳои тоҷикии -ён, -зода, -пур, -дӯхт даст кашиданианд ва мехоҳанд, ба шакли русии –ов, -ев, -вич баргарданд.
Вазири федеролии Покистон дар умури коммуникатсияҳо эълом кардааст, ки бунёди нақби Лаварӣ аз тариқи Чатрол ин кишварро бо Тоҷикистон пайваст хоҳад кард.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба ҲНИТ пешниҳод кард, то барои лағви номи «Ҷамоати Таблиғ» аз феҳристи созмонҳои террористӣ талош кунад.
Анҷумани ҲНИТ бо ҳузури 600 вакил, бо доштани гарданбандҳои ранги кабуд, 22 нафар аз номзадҳои ҳизбро вориди феҳристи интихоботи 2010 кард.
Ҳаҷми умумии маболиғи сарфшуда барои таъмир ва муҷаҳҳаз гардонидани нахустин маркази офиятрасонӣ ҳудуди 145 ҳазор евро баровард шудааст.
ҲСДТ мегӯяд, алорағми эҷоди мавонеъ аз сӯи давлат, ин ҳизб дар интихоботи порлумонии моҳи феврали соли 2010 ширкат ва аз рақибони аслии ҲХДТ ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон хоҳад шуд
Тибқи пажӯҳише, ки аз сӯи Сандуқи Сорос – Институти «Ҷамъияти кушода" дар Тоҷикистон, дар вилояти Свердловски Русия анҷом гирифтааст, дар 40 дар сад аз маворид сокинони маҳаллии ин минтақа бо муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ таҳқиромез рафтор мекунанд.
Дар сурати пирӯзии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихоботи порлумонии феврали соли 2010 оё ҷомеаи Ғарб омодаи пазириши он хоҳад буд ё хайр?
Вуҷуди шиканҷа, набуди истиқлоли додгоҳӣ, дур мондани духтарон аз таҳсил дар Тоҷикистон ҳомиёни ҳуқуқи башарро нигарон кардааст.
Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ, мегӯяд, ҳизбаш омодааст, ҳимояи ҳуқуқии нерӯгоҳи Роғунро дар муқобили даъвоҳои ҷониби Узбакистон дар сатҳи байнулмилалӣ бар дӯш бигирад.
Пажӯҳишгоҳи аврупоӣ мегӯяд, Маскав дар талоши ҳифзи ҳузури худ дар ОМ аст, ки ҷанбаҳои мусбӣ ва манфиеро дар пай дорад.
Интиқоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон тавассути Амрико ва пайомадҳои ин амр барои Тоҷикистон, хурӯҷи Узбакистон аз шабакаи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ ва вркунишҳо ба муроҷиати раисҷумҳури Тоҷикистон барои харидории саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун аз мавзӯъоте аст, ки дар бештари матолиби нашрияҳои ин ҳафтаи чопи шаҳри Душанбе бозтоб ёфтаанд.
Тибқи итилои масъулони Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон, ҳудуди 30 дарсади занони ин кишвар мавриди хушунат дар хонавода қарор мегиранд. Ин дар ҳолест, ки Созмони авфи байнулмилал гуфтааст, ин давлат натавонистааст занонро аз хушунат ҳимоят кунад.
Хонандагон аз Озодӣ пурсон шудаанд, ки кӣ ва чӣ гуна ҳаққи интихоб шудан ба порлумонро дорад.
Тибқи пажӯҳиши Маркази мутолеъотии амрикоии PRB, аҳолии Тоҷикистон дар чиҳил соли баъд 84 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.
Намунаҳои 500 маризи зуком барои таҳлил гирифта шуда, 166 намунаи афроди гумонбар ба зукоми нав барои ташхиси дақиқ ба Лондон фиристода шудаанд.
Нишасти вазирони дифои ИДМ дар Душанбе бо имзои санаде марбут ба натоиҷи ин нишаст, ки ҳамкориҳои низомиро дар бар мегирад, ба поён расид.
Дар пайи мавриди иҷро қарор гирифтани «Қонун дар бораи афв» нахустин гурӯҳи маҳбусон иборат аз 159 нафар зан аз зиндони шаҳри Норак озод шуданд.
Ёфтҳои бештар