Даъвати баҳории ҷавонони аз 18 то 27-солаи Тоҷикистон ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи кишвар шуруъ шуд. Мақомот дар ҳоле маъракаро оғоз бахшиданд, ки ҷаҳон бо бемории ҳамагири КОВИД-19 даст ба гиребон аст ва бархе аз кишварҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла Русия, даъвати ҷавононро ба артиш ба таъхир андохтанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ин дам ягон мавриди гирифторӣ ба вируси нав дар кишвар тасдиқ нашудааст ва ба ин далел даъвати ҷавонон ба артиш ба таври маъмулӣ сурат мегирад.
Даъвати баҳории ҷавонон ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон то 30-юми майи имсол идома хоҳад дошт.
Ориф Нозимиён, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, гуфт, комиссияҳои даъватӣ вазифадор шудаанд, ки ҷавононро аз "муоинаи ҷиддии тиббӣ" гузаронанд. "Ба масъулини Вазорати тандурустӣ супориш дода шудааст, ки дар нуқтаҳои қабули шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ муоинаи ҷиддии тиббӣ гузаронда шавад. Танҳо шаҳрвандони солим ва қобили ҳарбу зарбро ба хизмат ҷалб кунанд", - гуфт ӯ рӯзи 2-юми апрел.
Масъули яке аз комиссариатҳои ҳарбӣ дар вилояти Суғд бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми ташхис ба ҷавононе, ки зуком доранд, диққати бештар медиҳанд: "Агар ҷавон зуком аст, табашро месанҷанд ва ӯро ҷиддитар аз ташхис мегузаронанд. Аммо аз ҷавононе, ки ба артиш мераванд, тести коронавирус гирифта намешавад".
Бо оғози маъракаи нави даъват, бархе аз сокинон на танҳо аз коронавирус, балки аз такрори "сарбозшикор" ё "облава" нигаронанд. Баъзе аз корбарони Радиои Озодӣ бо фиристодани наворҳо гуфтанд, дар рӯзи аввали ҷалби ҷавонон "сарбозшикор"-ро шоҳид шудаанд.
Масъулони Вазорати дифоъ мегӯянд, ба комиссариатҳои ҳарбӣ дастур шудааст, "ба камбудҳо роҳ надиҳанд".
Бо ин ҳол, мақомот дақиқ намегӯянд, барои аз байн бурдани "сарбозшикор" дар даъвати имсола чӣ нақша доранд. Чун супоришҳо барои роҳ надодан ба камбуд пештар низ садо дода буд, вале сокинон мегӯянд, ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш ҳамоно ҷой дорад.
Иҷрои нақшаи даъват дар рӯзи аввал аз сӯи бархе шаҳру ноҳияҳо, ба гуфтаи мақомот, далели ин амр мебошад. Тибқи иттилои мақомот дар рӯзи 1-уми апрел Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон нақшаи даъвати ҷавононро пурра иҷро кардаанд.
Почохон Зарифзода, раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, рӯзи 1-уми апрел гуфт, сабаби дар як рӯз иҷро кардани нақшаи даъват ин аст, ки "корҳои фаҳмондадиҳиро байни сокинон хуб ба роҳ монданд".
"Даъвати тирамоҳӣ анҷом шуд ва мо рафта, бо мардум суҳбат кардем. Дар байни занҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидем. Ҳамин талошҳо буд, ки муввафақ шудем дар як рӯз нақшаро иҷро кунем. Ба касе чизе ваъда ҳам надодем", - гуфт раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин.
Таҷрибаи дар як рӯз иҷро кардани нақшаи даъват солҳои қабл низ буд ва асосан шаҳру ноҳияҳое ин корро анҷом медоданд, ки аҳолии кам доранд ва бояд сарбози камтар бидиҳанд.
Мақомот тақрибан дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бо баргузории чорабиниву консертҳо талош мекунанд нишон диҳанд, ки дар самти ҷалби ҷавонон ба артиш мушкиле нест ва даъватшудагон ихтиёрӣ ҳозир шудаанд. Аммо шикоят ва наворҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ баръакси инро нишон медиҳад.
Аз ҷумла, дар даъвати тирамоҳии соли гузашта сокинони бархе шаҳру ноҳияҳо аз иқдомҳои мақомоти маҳаллӣ шикоят карда буданд, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ мухолифи қонун аст. Аз ҷумла, моҳи апрели соли гузашта чанд ҷавон аз Русия шикоят карданд, ки волидони онҳоро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Исфара бо худ бурда шарт гузоштанд, ки танҳо баъди баргаштани фарзандон ҷавоб медиҳанд. Инчунин, як гурӯҳ аз сокинони ноҳияи Нуробод соли гузашта аз он шикоят карданд, ки мақомот дари масҷидҳоро ба рӯяшон баста ва гуфтаанд, аввал ҷавононро ба артиш фиристед. Ҳарчанд мақомоти ноҳияи Нуробод инро рад карда буданд.
Дар гузашта бархе аз созмонҳои ҷамъиятӣ пешниҳод карда буданд, ки мӯҳлати хизмат дар артиш кам карда шавад, то ҳолатҳои даъвати иҷбории ҷавонон ба хизмати аскарӣ аз байн равад. Мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон моҳи феврали имсол гуфтанд, ба қонуни хизмати ҳарбӣ тағйирот пешниҳод шудааст, ки бар асоси он, мӯҳлати хизмати ҳарбӣ дар кишвар аз 2 ба 1,5 сол кам карда мешавад. Ин тағйирот ҳанӯз қабул нашудааст.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22-юми феврали имсол дар суханроние гуфт, пеш аз ҳама фарзандони мансабдорон, аз аъзои ҳукумат гирифта то вакилони порлумон ва раисони шаҳру ноҳияҳо, бояд ба хидмат дар артиш ҷалб шаванд. Пештар сокинон шикоят мекарданд, ки ба артиши Тоҷикистон асосан фарзандони кишоварзону камбизоатро маҷбурӣ мебаранд, вале фарзандони афроди доро ва мақомдор ё дар донишгоҳҳо мехонанд, ё дар хориҷа ҳастанд ва ё ҷалб намешаванд.
Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор -- баҳору тирамоҳ -- сурат мегирад ва дар ҳар даъват ҳазорҳо ҷавони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд.