Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби рубл дар Тоҷикистон поин омад. Зарбаи таҳримҳо – ба ҷайби муҳоҷирон. ВИДЕО


Таҳрими 24 сарватманду ширкат ва сиёсатмадору мақомҳои Русия дар чаҳор рӯзи пеш боис ба уфти якбораи бозори саҳом ва коҳиши қурби рубли русӣ шуд. Уфти 10-дарсадиро дар бозори асъори Тоҷикистон ва даромади хонаводаҳои тоҷик низ эҳсос кардаанд.

Шароит мушкил шуда буд. Муҳоҷиронро аз кӯча боздошт кардаву аз Русия меронданд.

Дар ду рӯзи охир қурби рули русӣ дар бозори асъори Тоҷикистон 12 дарсад поин рафта, 1000 рубл ба 139 сомонӣ иваз мешавад. Се рӯз қабл, қурби рубли русӣ дар бозор ба 152 - 155 сомонӣ баробар буд. Коҳиши якбораи рубл, ки қуввати ҷайби садҳо ҳазор нирӯи корӣ аз Тоҷикистон аст, хонаводаҳо дар Тоҷикистонро нигарон кардааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Таъсири таҳримҳои Амрико алайҳи Русия ба Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

"Вазъ хуб намешавад"

Ҳоҷӣ Нуриддин Валиҷон, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ин шабу рӯз гӯшу ҳуш ба хабарҳо дар бораи Русия аст. Зиндагии хонаводаи ӯро ду фарзанди муҳоҷираш мечархонанд. Мегӯяд, солҳои охир кори писарони муҳоҷираш каме беҳтар шуда буд, вале тайи чанд муддати охир бо боло рафтани нарх дар бозори Русия ва афзун шудани таҳримҳо даромади фарзандон ва, ҳамин тавр, хонаводаи онҳо коҳиш ёфтааст.

Ҳоҷӣ Нуриддин Валиҷон
Ҳоҷӣ Нуриддин Валиҷон

“Бо зиёд шудани таҳримҳо вазъ рӯз то рӯз бад мешавад. Нархҳо боло меравад, қурби рубл – поён. Фарзандони ман ба савдои мева машғуланд. Соли пеш то 2 ҳазор доллар мефиристоданд. Ҳоло як баробар камтар аз ин маблағ мефиристанд. Вазъ хуб намешавад”, - гуфт ӯ рӯзи 11-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Зарбаи аввал ба сари кӣ мезанад?

Таҳлилгарони тоҷик ҳам ба он таъкид мекунанд, ки таъсири таҳримҳои нав дар Русия ба вазъи молии хонаводаҳо дар Тоҷикистон ва ҳам иқтисоди кишвар бетаъсир нахоҳад буд. Ба қавли онҳо, таъсири уфти бозор дар Русия якбора ва дар фурсати кӯтоҳ дар Тоҷикистон рӯшан эҳсос намешавад, аммо ояндаи наздик эҳтимол паёмадҳои таҳрим аз худ дарак хоҳад дод.

Меҳрубон Бурҳонов
Меҳрубон Бурҳонов

Меҳрубон Бурҳонов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, таҳримҳои нав алайҳи Русия, пеш аз ҳама ба зерсохтори бахши молиявӣ ва истеҳсолии ин кишвар таъсиргузор хоҳад буд. “Вақте Русия наметавонад молу маҳсулоти худро аз кишвар хориҷ кунад, ё рубли русӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ паст мешавад, ё нархи маҳсулоти нафтӣ поин меравад, боис ба кам шудани ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирон ва кам шудани музди маоши онҳо мешавад. Масалан, дар соли 2012 муҳоҷирон аз 500 то 1500 доллар мегирифтанд. Имрӯз муҳоҷирон то 40 ҳазор рубл мегиранд, ки баробар ба 600 доллар аст. Ин таъсири таҳримҳои пешин ба Русия буд”, - шарҳ дод ӯ.

"Агар интиқоли пул аз Русия кам шавад..."

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки иқтисодаш пойбанди пули интиқолии муҳоҷирон аст. Ин далел иқтисоди кишварро дар ростои омилҳои берунӣ ва ҳама гуна таҳаввулот дар иқтисоди Русия заъфпазир мекунад. Ба андешаи иқтисоддонҳо, поинравии қурби рубли русӣ ба ноустувории қурбии миллӣ дар Тоҷикистон ҳам таъсир мегузорад.

Меҳрубон Бурҳонов мегӯяд, мухолифатҳо алайҳи Русия на танҳо ба вазъи муҳоҷирон, балки ба низоми бонкӣ ва буҷети давлат, дар маҷмӯъ, ба иқтисоди кишвар ҳам таъсир хоҳад гузошт: “Шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишвар садҳо миллион доллар мефиристоданд. Аз ин ҳисоб эътидоли низоми бонкии кишвар вобастагии зиёд дорад. Поин бурдани сатҳи камбизоатӣ ва рушди соҳибкорӣ ҳам аз он вобастааст. Агар интиқоли пул аз Русия кам шавад, гардиши бозор ҳам коҳиш меёбад. Интиқоли пул, ки кам шуд, андозсупорӣ ҳам кам мешавад ва ин боис ба коҳиши пул дар буҷет мешавад.”

Таҳримҳо алайҳи Русия. Аз соли 2014 ба ин сӯ

Таҳримҳои нав алайҳи шахсияту тиҷоратҳои Русия дар ҳоле ҷорӣ шуд, ки ин кишвар баъди ҷорӣ шудани таҳримҳои иқтисодии соли 2014 аз ҷониби Ғарб тоза барқарор мешуданд. Он замон Ғарб дар посух ба ғасби нимҷазираи Қрим ва пуштибонии Маскав аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина Русияро таҳрим карданд. Дар паи ин таҳримҳо даромади муҳоҷирони тоҷик ҳам дар ин кишвар ду-се баробар кам шуд.

Давлатбеки Ҷомӣ
Давлатбеки Ҷомӣ

Русия дар солҳои истиқлол макони аслии кору даромади як миллион шаҳрванди Тоҷикистон шудааст. Мақомоти Русия гуфтанд, мизони интиқоли пулҳои муҳоҷирон дар соли 2017 аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 2 миллиард долларро ташкил додааст. Ин рақам агарчӣ аз нишондоди солҳои то бӯҳрони иқтисодии Русия камтар гуфта мешавад, дар муқоиса ба омори соли 2016 – 31 дарсад бештар аст. Мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки афзоиши пули интиқолии муҳоҷирон ба зиёд шудани теъдоди муҳоҷирони тоҷик ва беҳтар шудани вазъи иқтисодии Русия рабт мегирад.

"Дар ягон ҷо ба кор қабул намекарданд"

Ҳоло хонаводаи муҳоҷирон бо шунидани хабарҳо аз таҳримҳои нав алайҳи Русия мегӯянд, метарсанд, ки вазъи соли 2014 дубора такрор нашавад. Давлатбеки Ҷомӣ, сокини дигари ноҳияи Рӯдакӣ, баъди бӯҳрону таҳримҳои чаҳор соли пеш ба Тоҷикистон ронда шуд. Ӯ бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо гуфт, “шароити мо онҷо мушкил шуда буд. Кор ёфта наметавонистем. Ҳатто берун баромада наметавонистем. Вазъият ҳамин хел буд, ки муҳоҷиронро аз кӯча боздошт кардаву аз Русия меронданд. Дар ягон ҷо ба кор қабул намекарданд.”

То замони буҳрон, муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон соле 4 миллиард доллар пул фиристода, бахши муҳими иқтисодии кишвар ва муомилаҳои тиҷоратиро таъмин мекарданд. Як сабаби дучори бӯҳрон шудани бонкҳои Тоҷикистон ҳам дар чанд соли охир ба камбуди маблағҳои воридшаванда аз ҳисоби муҳоҷирон гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG