Созмони Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, ҳуқуқи сокинони маҳаллӣ бояд дар маркази таваҷҷӯҳи созиши таърихии марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон бошад ва дар ҳақи қурбониёни ҷиноятҳои ҷангии соли 2022 дар сарҳад адолат барқарор гардад.
Дар Телеграм-канали расмии шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 28 март хабар дод, ки дар Душанбе ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ барпо шуд.
Иди Рамазон, яке аз ду идҳои мусалмонон, дар Тоҷикистон рӯзи якшанбе 30- юми март, таҷлил хоҳад шуд.
Сатҳи демократия дар Тоҷикистон дар соли 2024 қариб як зина поин рафтааст. Радабандии навро таҳлилгарони The Economist Intelligence Unit, яке аз шохаҳои пажӯҳишии маҷаллаи бритониёии “Экономист”, тартиб доданд.
Созмони байнулмилалии Human Rights Watch аз намонядагони Иттиҳоди Аврупо талаб кардааст, ки дар гуфтугӯ бо мақомоти Осиёи Марказӣ ба риояи ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ кунанд. Ҷаласаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ рӯзҳои 3 ва 4-уми апрел дар шаҳри Самарқанд баргузор хоҳад шуд.
Даҳҳо қонунгузори амрикоӣ рӯзи 25-уми март аз Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, хостанд, то фармони иҷроии худро барои бастани Оҷонси расонаҳои байнулмилалии Амрико (USAGM) бекор кунад.
Хабари қатъи маблағгузории Радиои Озодӣ ва эҳтимоли аз кор монданаш дар ҷомеаи Тоҷикистон низ вокунишҳои гуногунро ба бор овард.
"Бештар онҳое аз зиндон озод карда шудаанд, ки бо гуноҳи ришваситонӣ, тамаъҷуӣ, ҳамҷинсгароӣ, фурӯши замин ва дуздию авбошӣ ба солҳои гуногун маҳкум шудаанд, на хабарнигорону фаъолони маданӣ ва на сиёсатмадорону мухолифон."
Оҷонсии расонаҳои байналмилалии Амрико (USAGM) ӯҳдадор шуд, ки як қисми маблағҳои аз ҷониби Конгресс ҷудошуда барои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро бипардозад.
Рӯзи 24 март дар Вашингтон мурофиаи додгоҳӣ бар асоси шикояти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) алайҳи қарори Оҷонсии расонаҳои байналмилалии Амрико (USAGM) баргузор мешавад.
Ёфтҳои бештар