Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқи инсон бояд дар меҳвари созиши марзии Тоҷикистону Қирғизистон бошад - HRW


Имзои созишномаи марзӣ 13 март дар шаҳри Бишкек
Имзои созишномаи марзӣ 13 март дар шаҳри Бишкек

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, ҳуқуқи сокинони маҳаллӣ бояд дар маркази таваҷҷӯҳи созиши таърихии марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон бошад ва дар ҳақи қурбониёни ҷиноятҳои ҷангии соли 2022 дар сарҳад адолат барқарор гардад.

Изҳороти ин созмони маъруфи ҳомии ҳуқуқ аз рӯзи 28 март ба қарордоди аломатгузории марз ишора мекунад, ки ду ҳафта пеш миёни президентони Тоҷикистон ва Қирғизистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов имзо шуд. Бисёр шарикону муттафиқони ин кишварҳо дар Ғарбу Аврупо ва ҳам ҳамсояҳои наздик аз имзои ин санад ҳамчун як созиши таърихӣ истиқбол карданд.

Ҳю Уилямсон, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch- HRW) мегӯяд, “сокинони мулкие, ки дар минтақаҳои баҳсии миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон хона доранд, ҷабри дарозмуддати ин низоъро мекашанд, аз ин рӯ ин созиш як қадаме ба пеш аст”. “Вале, - афзуд ӯ, - сулҳи дарозмуддат ба барқарор кардани эътимод бар пояи эҳтиром ба ҳуқуқи инсон миёни ҷомеаҳои сокини ду тарафи марз ва ҳам эътирофи ноадолатиҳое ниёз дорад, ки дар давоми низоъҳои гузашта роҳ дода шуданд”.

Онгуна, ки дар изҳороти гузаштааш гуфта буд, ин навбат ҳам HRW аз ҷинояҳои эҳтимолии ҷангӣ ёдоварӣ кардааст, ки дар даргириҳои марзии солҳои 2021 ва 2022 сабт кардааст. Аз ҷумла, навиштааст: “Нирӯҳои Қирғизистон бо ҳавопаймои бесарнишин ба маркази шаҳре дар Тоҷикистон зарба заданд, се мошини ёрии таъҷилиро, ки маҷрӯҳони мулкиро интиқол медоданд, мавриди ҳадаф қарор доданд, ва, эҳтимолан, ба маҳаллаҳои аҳолинишин дар Тоҷикистон бебандубор тир холӣ карданд. Нирӯҳои Тоҷикистон, зоҳиран, ҳадафмандона сокинони мулкиро кушта, хонаву дигар моликияти хусусии сокинони мулкиро васеъмиқёс хароб мекарданд”.

Ҳанӯз мақомот дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ин изҳороти HRW вокунише накардаанд.

Дидбони ҳуқуқи башар аз ҳукуматҳои ҳарду кишвар даъват намуд, ки ҳолатҳои эҳтимолии нақзи қонун аз ҷониби нирӯҳо ва ҳам афроди мулкиро дар минтақаҳои таҳти назорат таҳқиқ ва гунаҳгоронро ба ҷавобгарӣ кашаданд.

“Ҷабридаҳову наздикони онҳо ҳақ доранд, ки ҳақиқати ҳодисаҳои рухдодаро бидодананд ва ҷуброни одилонае дарёфт кунанд”, гуфтааст Human Rights Watch. Вале ҳеҷ як ҷониб ҳолатҳои эҳтимолии вайрон шудани қонун аз ҷониби нирӯҳояшонро нашр накардаанд, мегӯяд созмон.

Як даъвати дигараш ин аст, ки ҳарду кишвар бояд ташаббусҳоеро роҳандозӣ кунанд, ки барои эҳтироми ҳуқуқи инсон миёни ҷомеаҳои ду тарафи марз “ба мисли барномаҳои кам кардани эҳсоси нафрат” равона шуда бошанд.

Ҳю Уилямсон, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони HRW мегӯяд, “созиши марз як имконияте барои Қирғизистон ва Тоҷикистон аст, ки ба оянда нигоҳ кунанд. Барои бомазмун шудани он, дар авлавият гузоштани ҳуқуқи мардуми маҳаллӣ ва ислоҳи хатоҳои гузашта бисёр иқдоми муҳим мебошад”.

Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз ҳазор километр сарҳад доранд ва то имзои созиш, беш аз нисфи онҳо мақоми баҳсӣ доштанд. Номуайянии сарҳад солҳо сабаби ҷангу хунрезӣ буд ва дар муноқишаи солҳои 2021-2022 аз ду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG