Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бояд баста нашавад!" Ҳимояти баъзе аз сокинону чеҳраҳои шинохта аз Радиои Озодӣ


Аксҳо аз барномаи "Ахбори Озодӣ"
Аксҳо аз барномаи "Ахбори Озодӣ"

USAGM, Оҷонси расонаҳои байнулмилалии Амрико, розӣ шуд, як қисми пулеро, ки аз ҷониби Конгресс ҷудо шудааст, барои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бидиҳад. Ин пул тақрибан ҳафтуним миллион доллар аст ва фаъолияти расонаро аз якум то чордаҳуми март дар бар мегирад. Радиои Озодӣ ҳамоно мунтазири гирифтани қисми дигари маблағҳояш аст. Хабари қатъи маблағгузории Радиои Озодӣ ва эҳтимоли аз кор монданаш дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои гуногунро ба бор овард.

Назари баъзе аз сокинон дар инҷост:

"Ахбори ахири оламро аз Радиои Озодӣ гӯш мекунам". Ҳимояти корбарон аз Радиои Озодӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

Назари баъзе аз коршиносону рӯзноманигорон:

Эдвард Лемон
Эдвард Лемон

ЭДВАРД ЛЕМОН, ПАЖӮҲИШГАР

“Дар ҳоле ки фишори пайвастаи ҳукумат фазоро барои матбуоти мустақил дар Тоҷикистон танг кардааст, Радиои Озодӣ ба гузоришдиҳӣ дар бораи масоили танқидӣ, аз терроризм гирифта то фасоди молӣ, идома медиҳад. Барои онҳое, ки дар дохил ва берун аз Тоҷикистон дар бораи рухдодҳои Тоҷикистон маълумот меҷӯянд, рузоришҳои ин расона муҳим аст. Бастани он як зарбаи бузург хоҳад буд.”

Умед Бобохонов
Умед Бобохонов

УМЕД БОБОХОНОВ, МУДИРИ ГУРӮҲИ РАСОНАҲОИ “АЗИЯ-ПЛЮС”

“Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ чанд даҳа аст, ки дар кори худ меъёрҳои баланди рӯзноманигории ҳирфаиро ба намоиш гузошта, намунае аз бозтоби сареъ ва ҳамаҷонибаи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии ҷомеаи Тоҷикистон аст. Ин кор дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳукмфармоии идеологияи коммунистӣ ниҳоят муҳим буд ва дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон аҳамияти бештар пайдо кард. Рӯзноманигорони Радиои Озодӣ муҳимтарин рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, раванди сулҳ ва барқарории баъдиҷангии кишварро фаъолона бозтоб медоданд. Бисёре аз расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар кори худ ба хабару матлабҳои таҳлилии Радиои Озодӣ такя мекарданд. Шояд мо бо ҳама навиштаҳои ҳамкоронамон мувофиқ набудем, аммо ҳамеша ба шуҷоат ва пайравии онҳо аз усули озодии баён эҳтиром мегузоштем. Хабари эҳтимоли баста шудани Радиои Озодӣ ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро такон дод. Дар шароите ки расонаҳои маҳаллӣ аксаран аз баррасии бисёре аз мавзуъҳои муҳими иҷтимоӣ парҳез мекунанд, Радиои Озодӣ тақрибан ягона манбаи алтернативии итилоотӣ дар кишвар аст. Агар баста шавад, дигар чунин маълумот дар Тоҷикистон дастрас нахоҳад шуд. Ва ин талафоти ҷуброннопазир хоҳад буд.”

Зеварбону Рауфӣ
Зеварбону Рауфӣ

ЗЕВАРБОНУ РАУФӢ, РӮЗНОМАНИГОР

"Агар озодии матбуот ҳамчунон барои давлатҳои демократӣ муҳим аст, ҷудо кардани буҷа барои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бояд идома ёбад, чӣ аз сӯи Иёлоти Муттаҳида ва чӣ аз тариқи Эътилофҳои байнулмилалии ҷойгузин. Кумаккунандагони хусусӣ ва ниҳодҳшои аврупоӣ метавонанд вориди амал шаванд. Муҳимтар аз ҳама, ҷомеаи байнулмилалӣ бояд равшан кунад, ки матбуоти озод як таҷаммул нест, балки як зурурат аст. Таътилии Радиои Озодӣ фақат поёни як истгоҳи радиоӣ нахоҳад буд, балки ин метавонад гоме ба сӯи дунёе ториктар ва камиттилоътар бошад, ҷаҳоне ки дар он ҳақиқат ба ҷои як ҳаққи табиӣ табдил ба имтиёз мешавад. Агар иҷоза диҳем, ин иттифоқ биафтад, пайомади он на танҳо дар Осиёи Марказӣ, гумон мекунам, дар саросари ҷаҳон эҳсос хоҳад шуд."

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

ШАРОФИДДИН ГАДОЕВ, РАИСИ ҶУНБИШИ ИСЛОҲОТ ВА РУШД

"Мо аз эҳтимоли баста шудани Радиои Озодӣ сахт нигарон ҳастем. Дар шароите ки озодии матбуот дар Тоҷикистон комилан саркӯб шудааст, ин расона ягона манбаи боэътимоди ахбори воқеӣ ва бетарафона барои миллионҳо шаҳрванд боқӣ мемонад. Баста шудани Радиои Озодӣ барои Тоҷикистон як зарбаи ҷуброннопазир хоҳад буд, зеро он минбари охирини озод барои садои ҳақиқӣ дар шароити таблиғоти густурдаи ҳукумати худкома мебошад. Ин холигии иттилоотиро танҳо таҳрифи воқеият ва таблиғоти режим пур хоҳад кард. Бо афзоиши нуфузи Русия ва Чин, аз байн бурдани Радиои Озодӣ мавқеи Амрикоро дар минтақа суст мекунад ва фазои иттилоотии Осиёи Марказиро зери назорати пурраи режимҳои худкома қарор медиҳад. Мо аз давлати Амрико ва ҷомеаи байнулмилалӣ даъват мекунам, ки барои ҳифзи Радиои Озодӣ чораҳои фаврӣ андешанд. Озодии баён барои рушди демократия ва суботи минтақа ҳаётан муҳим аст."

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо

РАҶАБИ МИРЗО, РӮЗНОМАНИГОР

“Радиои Озодӣ дар зеҳниятсозии тоҷикистониён барои истиқлол нақши кам надошт. Ҳамчунин барои шаклгирии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ. То ҳудуди 10 сол пеш оҳиста - оҳиста тамғаи “ҷосуси Амрико” ва “фишанги нерӯи нарм” аз “Озодӣ” канортар мерафт ва ин расона ба сифати як минбари розу ниёз ва эътимод ҳам табдил ёфта буд. Аз ин минбар ҳатто ҳукумат ва мақомоти он метавонистанд ба манфиати ҳамагон истифода намоянд. Мутаассифона, рақобатҳои бузурги идеологӣ дар солҳои охир ин расонаи акнун пуртаъсирро боз қурбонии худ карданд."

Қироншоҳ Шарифзода
Қироншоҳ Шарифзода

ҚИРОНШОҲ ШАРИФЗОДА, РӮЗНОМАНИГОР

"Радиои Озодӣ бо вуҷуди ба ақидаи баъзе ноогоҳони душманҷӯ "силоҳи душман" будан, як расонае барои тоҷику Тоҷикистон манфиатовару зарурӣ аст. Бар замми он, бояд гуфт, ки бинобар бо забони форсии тоҷикӣ (забони модариамон) фаъолият кардани расонае бо фарогирии фазои ҳудудан васеъ ба мисли Радиои Озодӣ; дар ин расона кору фаъолият доштани гурӯҳе аз ҳамватанонамон бо рӯҳияву сидқи ватандории тоҷикӣ, имкон медиҳад, РО-ро ба ҳайси ҷузъи таркибӣ бо унвони "ВАО-и муҳоҷир" -и журналистикаи миллиамон шиносем. Дарвоқеъ, ин шабонарӯз, ки атрофи эҳтимоли қатъ гардидани маблағгузории РО сару садо афзудааст, табли шодӣ задан аз "бекор", "бемаош" мондани он бародарону хоҳарони ҳамкасбамон аз РО, нишони бухлу ноҷавонмардист."

Лолисанам Улуғова
Лолисанам Улуғова

ЛОЛИСАНАМ УЛУҒОВА, ФИЛМСОЗИ ТОҶИК

"Умед дорам, ки аъзои гурӯҳи мо аз демократия ва арзишҳои он дар кишвари мо, Тоҷикистон, дар Осиёи Марказӣ ва дар кул ҷаҳон дифоъ мекунанд. Ман барои ҳимоят аз Радиои Озодӣ ба унвони муассисае барои ривояи азишҳои демократӣ яъне озодии баён наворе сохтам. Биёед, аз Радиои Озодӣ ҳимоят кунем."

Темур Варқӣ
Темур Варқӣ

ТЕМУР ВАРҚӢ, ШОИР ВА ДИГАРАНДЕШ

"Радиои Озодӣ барои мардуми Тоҷикистон ягона садо ва ҷуръаи озодӣ, ягона манбаи босифати иттилоот ва рӯшноие дар миёни ноумедии режими 32-солаи диктатории Раҳмон аст. Ва барои ман баста шудани Радиои Озодӣ ба хиёнат на танҳо ба рӯзноманигорон, балки ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон баробар аст."

Иззатулло Дадабоев
Иззатулло Дадабоев

ИЗЗАТУЛЛО ДАДОБОЕВ, РОҲБАРИ ҲАРАКАТИ СИЁСӢ

"Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ барои мардуми Тоҷикистон яке аз пойгоҳҳои охирини мустақил мондааст. Иёлоти Муттаҳида ҳамеша рамзи озодӣ ва демократия буда, миллионҳо нафарро дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон, илҳом бахшидааст. Қатъи маблағгузории RFE/RL на танҳо ин муассисаи муҳимро суст мекунад, балки паёми нодурустеро ба режимҳои худкома мефиристад ва онҳоро ҷасуртар месозад, то озодии матбуот ва ҳуқуқи инсонро маҳдудтар кунанд."

Як шахси масъул дар Душанбе, ки нахост номаш зикр шавад:

"Аз кор мондани Радиои Озодӣ як сабабе мешавад ба рушди беҷазоии мақомот. Дигар ҷабрдидае аз беадолатии судӣ ва ё аз ягон рафтори ноодилонаи мақомот наметавонад ба Радиои Озодӣ ҳамчун ба марҳилаи охирини адолатҷӯӣ муроҷиат кунад. Дигар зане, ки аз ҷабру ситами шавҳар ба дод омадааст, наметавонад ӯро тарс диҳад, ки “агар бас накунӣ, ба Озодӣ шикоят хаҳам кард” ва ба ин васила ҷони худро халос кунад. Аз кор мондани Радиои Озодӣ баробар мешавад ба хондани ҷанозаи озодии баён ва ба хок супоридани арзишҳои демократӣ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон."

XS
SM
MD
LG