Баъд аз қатли садҳо мардуми осоишта дар яке аз шаҳрҳои соҳилии Сурия мардум аз мақомот мехоҳанд, қотилону гунаҳкоронро ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашанд. Бо вуҷуди бозгашти оромӣ ба шаҳри Лозиқия, мардум ҳанӯз ҳам бо тарсу бим зиндагӣ мекунанд.
Бассом Маҳно, сокини ноҳияи Ҷабла, мегӯяд, бо ду писараш дар хона буд, ки шахсони мусаллаҳ бо зӯр ворид шуданд: “Мо гуфтем, хонаро тарк намекунем. Ману оилаам ва ҷиянам будем. Ба хона даромаданду ҷиянам ва ду каси дигарро куштанд. Хонаро ҷустуҷӯ карданд, гуфтанд сари шуморо аз тан ҷудо мекунем. Ҳамаро ғорат карданд, пулу мошинҳоро ҳам.”
Ба қавли таҳлилгарон, кушторҳо дар шаҳр ниқор барои ситамгариҳо дар аҳди Башор Асад будааст, ки ҳукуматаш моҳи декабри соли 2024 суқут кард. Бисёре аз қурбониён алавиҳо ҳастанд. Намояндагони ҳукумат мегӯянд, ки ҷангро тарафдорони Асад оғоз кардаву даст ба куштор задаанд.
Чарлз Листер аз Пажӯҳишгоҳи Ховари Миёна гуфт: “Рӯзи 8-уми декабр ба истилоҳ сарпӯшеро рӯи зарфи оби ҷӯшон гузоштаанд. Тааҷҷубовар аст, чӣ чизе ин қадар вақти зиёд гирифт, эҳсос ва ғаризаҳои бадро барангезад.”
Ӯ мегӯяд, раҳбарони ақаллиятҳо, аз ҷумла алавиҳо аз ҳукумат хостаанд, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашанд. Пас аз хунрезӣ ҳазорон нафар дар ин пойгоҳи Русия паноҳ бурданд, чун онро ҳанӯз ҳам ҳомии алавиҳо медонанд. Маскав як ҳомии асосии Башор Асад буд. Раҳбарони минтақа мегӯянд, вазъ беҳтар мешавад.
Амҷад Султон, раиси ноҳияи Ҷабла, гуфт: “Пас аз вуруди нерӯҳои амниятӣ ва фирори гурӯҳҳои мусаллаҳ вазъи амниятӣ бисёр беҳтар шудааст.”
Аммо ба гуфтаи Чарлз Листер, бӯҳрони башарӣ дар Сурия бадтар мешавад ва фақри густарда ноамниро доман мезанад.
“Ба андешаи ман, мардум бӯҳрони башариро дар аҳди Асад дар моҳи декабр фаромӯш кардаанд, ки дар Сурия 14 сол боз идома дошт. Баъд аз рафтани Асад боз ҳам бадтар шуд,” – гуфт Чарлз Листер аз Пажӯҳишгоҳи Ховари Миёна.
Ба қавли таҳлилгар, таҳримҳои иқтисодӣ ба зидди Сурия бояд бардошта шавад, то ҳукумат маоши мардумро бидиҳад, ёрии башарӣ тақсим кунад, то кишвар ором шавад. Бассом Маҳно ҳам ба ин андеша аст ва мегӯяд, суботу иқтисод ҳамқадами якдигаранд.
“Оромиву осоиш барои ояндаи Сурия муҳим аст, вале бояд мушкилоти иқтисодии мардум ҳам ҳал шавад,” – гуфт Бассом Маҳно.
Аҳмад Шаръ (Абумуҳаммади Ҷӯлонӣ), раисҷумҳури муваққати Сурия, гуфтааст, ҳамаи дастандаркорони қатлҳои охирро ҷазо хоҳанд дод, ки дар байни онҳо тарафдорони худи ӯ низ ҳастанд.
Видео дар инҷост: