Гурӯҳе аз эътирозгарон рӯзи 9-уми март дар шаҳри Димишқ аз мақомдорони нави Сурия хостанд, ба задухӯрдҳои маргбор, ки боис ба фавти мардуми зиёди мулкӣ гардидаанд, хотима бахшанд. Аз 7-уми март ба ин тараф дар Лозиқия, зодгоҳи раҳбари барканоршудаи Сурия Башор Асад ва ҷойи зисти пайравони мазҳаби алавӣ, задухӯрдҳои хунин идома доранд.
Аҳмад Шаръ, раҳбари муваққати Сурия, рӯзи якшанбе дар канори як масҷиди Димишқ ҷонибҳои даргирро ба сулҳу оромӣ даъват кард ва ваъда дод, ки ба ҷангҳо хотима мебахшад. Вай аз мардуми Сурия тақозо кард, назму суботро ҳифз намоянд ва имкон надиҳанд, ки ихтилофҳои мазҳабӣ кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашанд.
Дар ин байн сокинони манотиқи соҳилии вилояти Лозиқия, зодгоҳи раҳбари собиқи Сурия Башор Асад, ки ба маркази муқовимат табдил ёфтааст, қурбониҳои бархӯрдҳои охирро ба хок месупоранд.
Гурӯҳи нозири ҳуқуқи башари Сурия иброз доштааст, ки дар задухӯрдҳои чор рӯзи охир беш аз як ҳазор нафар ва асосан мардуми мулкӣ ба қатл расидааст.
Ба қавли ин гурӯҳи мустақил, дар байни қурбониҳо занону кӯдакони пайрави мазҳаби алавӣ сабт шудаанд.
Мақомоти Сурия мегӯянд, нооромиҳо замоне сар шуданд, ки рӯзи ҳафтуми март пайравони ҳукумати пешина нерӯҳои содиқ ба ҳукумати нави Сурияро ҳадафи ҳамла қарор доданд.
Холид Раъд, сокини Лозиқия, мегӯяд, "ман барои тифли ҳафтсолаам ғизо гарм мекардам. Ӯ ба боло баромад. Ногоҳ аз поён, аз бинои ҳамсоя садои тир омаду дидам, ки дастам ҷароҳат бардоштааст. Чанд тири дигар аз наздам гузашту хуншор шудам."
Дар ҷавоб барои хомӯш намудани ошӯб ҳукуматдорони нави Сурия ба Лозиқия нерӯҳои тозанафас фиристоданд. Мақомдорони Сурия исрор меварзанд, ки куштори мардуми мулкӣ дар деҳоти пайравони мазҳаби алавӣ бар дӯши гурӯҳҳои саркаш аст, ки худсарона ба муноқиша ҳамроҳ шудаанд.
Хабарнигори “Рейтерс” ҷасади даҳҳо фарди мулкиро ба чашми худ дидааст, ки дар кӯчаҳои Лозиқия мехобиданд. Раҳбари муваққати Сурия мегӯяд, ҳам пайравони Асад ва ҳам масъулони ҷиноятҳо ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
“Мо тасдиқ мекунем, ки бидуни тардид афроди шарик дар азият ва рехтани хуни мардуми осоишта ва ҳамчунон онҳоеро,ки аз салоҳияти давлатӣ берун рафта ба нафъи худ иқдом кардаанд, ба ҷавобгарӣ мекашем,” – гуфт Аҳмад аш-Шаръ, раҳбари муваққати Сурия.
Ҳукумати Башор Асад дар моҳи декабри соли 2024 сарнагун шуд ва гурӯҳи "Таҳрир аш-Шом”, ки дар аксар кишварҳои дунё ҳанӯз террористӣ дониста мешавад, зимоми қудратро ба даст гирифт. Раҳбари ин гурӯҳ Аҳмад Шаръ, ки пештар бо лақаби “Абумуҳаммади Ҷулонӣ” машҳур буд, президенти ҳукумати муваққати Сурия шудааст.