"Бештар онҳое аз зиндон озод карда шудаанд, ки бо гуноҳи ришваситонӣ, тамаъҷуӣ, ҳамҷинсгароӣ, фурӯши замин ва дуздию авбошӣ ба солҳои гуногун маҳкум шудаанд, на хабарнигорону фаъолони маданӣ ва на сиёсатмадорону мухолифон."
Ин хулосаи ҳуқуқдон Ҷамшед Ёров дар бораи "бахшиши гуноҳ"-ест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 19-уми март фармонашро содир кард ва бар асоси он 897 маҳбусро раҳо намуданд.
Ба иттилои ёфтаи Радиои Озодӣ, яке аз озодшудаҳо Аскар Нурализода, собиқ корманди баландпояи Вазорати рушди иқтисод ва узви ҳизби ҳокими халқӣ демократист. Вай дар соли 2018 бо гуноҳи гирифтани тақрибан ним миллион доллар “пора” ба 11 сол зиндон маҳкум шуда буд.
Он замон пайвандонаш иттиҳомро нодуруст номиданд, вале мақомоти Оҷонси зиддифасод гуфтанд, ки Нурализода аз корафтодаҳо ба номи ҳамсари худ як хонаи сеҳуҷраӣ низ талаб кардааст. Кӯшиши мо барои тамос бо Аскар Нурализода ва гирифтани шарҳи наздиконаш дар бораи озодии ӯ рӯзи 25-уми март бенатиҷа буд.
Алимардон Ҷабборов, раиси пешинаи Идораи замин дар ноҳияи Рашт, ки дар соли 2023 бо гуноҳи фурӯши замин ва пешниҳоди ришва ба маъмурони амниятӣ ба шаш сол зиндон маҳкум шуда буд, акунун дар озодист.
Ҷабборов дар суҳбат бо телевизиони давлатии "Тоҷикистон" ва ҳангоми озодшавӣ дар саҳни маҳбас гуфт, "ман аллакай ислоҳ шудам ва зиндагиям аз пештар хубтар мешавад."
Гулсара Тӯхтаева, ки дар моҳи декабри соли 2022 дар маркази вилояти Хатлон ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуда буд, низ аз зиндони шаҳри Норак озод шудааст.
Дар Додгоҳи шаҳри Бохтар гуфта буданд, Тухтаева муносибати маҳрамонаашро бо як мард ба навор гирифта, ӯро таҳдид кардааст, ки пул диҳад, вагарна онро ба дигарон, аз ҷумла модараш нишон медиҳад. Дертар ӯро бар асоси шикояти мард ва бо айбномаи тамаъҷуӣ ва "шантаж" боздошту зиндонӣ карданд.
Як ҳуқуқшиноси тоҷик бе зикри номаш гуфт, дар навори телевизионҳои Тоҷикистон шахсеро дидааст, ки қаблан бо гумони ҳамҷинсгароӣ ва таблиғи он дастгиру зиндонӣ шудааст.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, парвандаи ин нафар ва ҳамроҳонашро аз наздик медонад ва биноан баробари дидан ӯро шинохт. Мақомоти Тоҷикистон дар соли 2024 тақрибан сӣ касро бо гумони ҳамҷинсгароӣ дастгир ва ба зиндон маҳкум карданд.
Дар умум бар асоси фармони президент Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои 21 ва 22-юми март аз зиндонҳои Тоҷикистон 897 зану ноболиғу мард аз зиндонҳо раҳо карда шуданд. Аммо дар миёни онҳо касоне нестанд, ки ба қавли наздиконашон бо айбномаҳои сохта ва ё дорои ангезаҳои сиёсӣ ба маҳбас андохта шудаанд.
Ба нақли ҳуқуқшинос Ҷамшед Ёров онҳое бахшида шудаанд, ки гуноҳро ба гардан гирифта, аз раисҷумҳур бахшиш хостаанд. "Афроде, ки бо ангезаҳои сиёсӣ дастгиру зиндонӣ карда шудаанд, бо вуҷуди душворӣ ва солҳои дароз нишастан дар паси панҷара гуноҳи нокардаи худро эътироф накардаанд ва нахоҳанд кард," – афзуд ӯ.
Дар чанд соли гузашта даҳҳо нафар аз ҷумла хабарнигорону фаъолони маданӣ ва сиёсатмадоронро дар Тоҷикистон бо иттиҳомҳои гуногун зиндонӣ шуданд, ҳарчанд худашон гуфтаанд, ки гуноҳе надоранд. Ба гуфтаи мақомот, президент "ҷазои онҳоеро бахшидааст, ки ҷинояти начандон вазнин, миёна ва вазнин" кардаанд.