Созмони байнулмилалии Human Rights Watch аз намонядагони Иттиҳоди Аврупо талаб кардааст, ки дар гуфтугӯ бо мақомоти Осиёи Марказӣ ба риояи ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ кунанд. Ҷаласаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ рӯзҳои 3 ва 4-уми апрел дар шаҳри Самарқанд баргузор хоҳад шуд.
Изҳороти Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи 27-уми март нашр шуд. Искра Кирова, мудири ин созмон дар умури кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, гуфт, "ба хотири муассирии кор гуфтугӯҳо бояд масоили бисёр ҷиддии вобаста ба нигарониҳо дар заминаи ҳуқуқи инсонро дар минтақа фаро бигиранд."
Ӯ афзуд, "ҳабси мунтақидону фаъолон ва маҳдудияти кори ҷомеаи маданӣ ва матбуоти мустақил эҳтимол аст ба пешрафте, ки Иттиҳоди Аврупо дар фикри он аст, мусоидат намояд."
Дар миёни намунаҳое аз поймолшавии ҳуқуқи инсон дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Human Rights Watch аз саркӯби пурхушунати эътирозҳо дар Қазоқистон дар моҳи январи соли 2022 ёдовар шудааст. "Намунаи дигар – саркӯби маргбори норозиён дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар моҳи ноябри соли 2021 ва моҳи майи соли 2022 мебошад," -- навиштааст HRW.
Инчунин, таъқиби эътирозгарон дар Қароқалпоқистони Узбекистон дар моҳи июли соли 2022 чун намунаи барҷастаи поймолшавии ҳуқуқи мардум оварда шудааст. Дар пайи ин ҳодисаҳо, навишт Human Rights Watch, мақомот барои ба ҷавобгарӣ кашидани бераҳмиҳои полис тақрибан ҳеч коре накарданд.
Human Rights Watch дар изҳороташ вазъи озодии матбуотро як мояи дигари нигаронӣ номидааст, чун мегӯяд, матбуоти мустақил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо маҳдудиятҳои зиёд рӯ ба рӯ буда, зери назорати сахти ҳукумат ва фишор қарор доранд.
ТОҶИКИСТОН
Human Rights Watch дар бораи Тоҷикистон навишт, дар ин кишвар хабарнигороне, ки дар бораи саркӯбҳо дар ВМКБ гузориш медоданд, мавриди ҳадаф қарор гирифтанд ва ҳафт хабарнигор, аз ҷумла Улфатхоним Мамадшоева ба муҳлати аз 7 то 21 сол зиндонӣ шуданд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2025 хабарнигори дигар – Рухшона Ҳакимоваро дар мурофиаи баста ва бар асоси парвандаи махфӣ ба ҳашт сол зиндон маҳкум намуд.
ТУРКМАНИСТОН
Дар Туркманистон, ки ҳеч расонаи мустақил вуҷуд надорад, мақомот дастрасиро ба иттилоот пурра таҳти назорат даровардаанд, аз пахши маълумоти нохушоянд барои ҳукумат пешгирӣ мекунанд, дастрасӣ ба сомонаҳо, аз ҷумла пойгоҳҳои хабаррасони хориҷиву матбуоти берунаро масдуд мекунанд.
ҚАЗОҚИСТОН
Дар Қазоқистон қонуни матбуоти даврӣ, ки дар моҳи июни соли 2024 қабул шуд, сабтиноми расонаҳои интернетиро танҳо дар сурати дар ҳудуди ин кишвар ҳузур доштани расона иҷоза медиҳад. Ин қонун ба ҳукумат имкониятҳои васеи рад кардани сабтиноми намояндагони матбуоти хориҷиро низ фароҳам овардааст.
Хабарнигорон бо иттиҳомҳои шубҳаовар ба зиндон андохта шудаанд. Масалан, Думан Муҳаммадкарим дар моҳи августи соли 2024 бо иттиҳомҳои эҳтимолии “ифротгарӣ” ҳафт сол ҳабс шуд. Дониёр Одилбеков дар моҳи октябр барои гуё пахш кардани иттилои дурӯғин ба чоруним сол зиндон маҳкум гардид.
УЗБЕКИСТОН
Дар Узбекистон блогеронро барои гуё “таҳқир кардани президент дар шабакаи интернет” азияту озор ва ҳабс мекунанд. Валиҷон Калонов, блогер ва мунаққиди ҳукумат, аз моҳи декабри соли 2021 маҷбурӣ дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ қарор дорад.
Блогер ва ҳуқуқшинос Давлатмурод Тоҷимуродов дар моҳи январи соли 2023 барои нақши эҳтимолияш дар эътирозҳои моҳи июли соли 2022 дар Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон ба 16 сол ҳабс маҳкум шуд. Мақомот шикоятҳои ӯро аз бадрафторӣ ва шиканҷа нодида гирифтанд.
ҚИРҒИЗИСТОН
Дар Қирғизистон, ки замоне матбуоти бисёр фаъол дошт, соли 2024 вазъ бисёр бад шуд. Моҳи январ полис 11 хабарнигори расонаи таҳқиқотии Temirov Live-ро барои “барангехтани ошӯб” боздошт намуд. Моҳи октябр ду касро ба зиндон ва ду нафари дигарро ба ҳабси шартӣ маҳкум карданд.
Додгоҳ амр намуд, ки расонаи таҳқиқгар Kloop Media барои гуё иҷро накардани қоидаҳои сабтином ва “даъват ба ғасби хушунатомези қудрат” бояд баста шавад. Январи соли 2025 дар Кодекси ҷиноии Қирғизистон барои таҳқир дар интернет ва матбуот ҷазо таъйин шуд.
Қонун, ҳукм ва чораҳои саркӯбгар
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба навиштаи муаллифони гузориш, қонунҳои маҳдудкунандаи кори созмонҳои иҷтимоӣ қабул шуда, фаъолони мустақил танҳо барои озодии баён ва ё озодии таҷаммуъ мавриди ҳадаф қарор мегиранд.
Дар Қирғизистон аз соли 2024 аз ташкилоте, ки бо сармояи хориҷӣ кор мекунанд, тақозо мешавад, ки чун “агенти хориҷӣ” сабтином шуда, ба назорати давлатӣ итоат кунанд. Ин қонун ба Қонуни агенти хориҷии Русия монанд аст ва то ҳол бисёр созмонҳоро водор кардааст, ки аз фаъолият даст кашанд.
Дар Туркманистон амалан ҷомеаи мустақили маданӣ вуҷуд надорад. Давлат бе асос ва худсарона наздикони мунтақидони ҳукуматро аз сафар ба хориҷа бозмедорад. Масалан, аз моҳи январи соли 2024 мақомот бидуни асос се фаъол – Султон Очилова, Нургелдӣ Холиқов ва Пигамбергелдӣ Аллабердиевро нагузоштанд аз кишвар берун раванд. Туркманистон дигарандешонро дар хориҷа ва наздикони онҳоро дар дохили кишвар пайваста саркӯб мекунад.
Дар Узбекистон фаъолони ҳуқуқро бар асоси иттиҳомҳои машкук мавриди ҳадаф қарор дода, сабтиноми гурӯҳҳои мустақилро рад мекунанд. Дар Қашқадарё додгоҳ моҳи июли соли 2024 фаъолон Дилдора Ҳакимова ва Наргиза Келдиёроваро баъд аз танқиди онҳо аз фасод дар соҳаи маориф бо иттиҳоми шубҳаовари тамаъҷӯӣ ба беш аз шаш сол ҳабс маҳкум намуд.
Human Rights Watch мегӯяд, дар Қазоқистон бо баҳонаҳои ифротгароӣ фаъолонро ба муҳлатҳои тӯлонӣ ҳабс кардаанд. Марат Жиланбаев, раиси ҳизби сабтиномнашудаи оппозитсионии “Алға, Қазоқистон”, дар моҳи ноябри соли 2023 бар асоси иттиҳоми норӯшани экстремизм ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. Дар ин кишвар низ мақомот дар фикри қабули қонуни монанд ба агенти хориҷӣ мебошанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2025 чанд ҳомии маъруфи ҳуқуқи инсон ва сиёсатмадорону чеҳраҳои саршиносро бо иттиҳоми хиёнат ба давлат аз 18 то 27 сол зиндонӣ кард. Соли 2022 ҳомии ҳуқуқ Манучеҳр Холиқназаров барои нақши эҳтимолияш дар ҳодисаҳои ВМКБ ба 16 сол зиндон маҳкум шуд. Мурофиаи ӯ низ пушти дарҳои баста баргузор гашт.
Бо зикри ин ҳама ҳодисаҳо, Human Rights Watch аз ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ тақозо намуд, ки ҳомиёни ҳуқуқ ва журналистонеро, ки барои иҷрои фаъолиятҳои касбии худ ҳабс шудаанд, озод ва қонунҳои саркӯбкунандаро бекор кунанд.
Муаллифи изҳороти Human Rights Watch Искра Кирова навишт, замоне ки Иттиҳоди Аврупо созишномаи тиҷоратӣ ва сармоягузориро дар бораи тавсеаи шарикӣ ва ҳамкориҳо бо Осиёи Марказӣ баррасӣ мекунад, мурооти ҳуқуқи инсон ва ҳокимияти қонун бояд ҷузъи муҳими ин созишҳо бошанд. Ӯ гуфтааст, Аврупо бояд аз ин созишнома барои дастёбӣ ба натиҷаҳои мушаххас дар бахши ҳуқуқи башар истифода кунад.