Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зиндагӣ дар тарсу таҳқир." Аз Русия хостанд, ҳаққи муҳоҷиронро зери по накунад


Коллаж
Коллаж

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар таҳқиқоти наве гуфтааст, ки пас аз ҳамла ба толори консертии “Крокус”, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия пайваста таъқиб ва озору азият мешаванд.

Ин созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Русия хостааст, ҳаргуна зуҳуроти муҳоҷирситезиро маҳкум кунад ва нагузорад, ки ҳаққу ҳуқуқи муҳоҷирон зери по шавад. Таҳқиқоти 63-саҳифаӣ бо номи “Зиндагӣ дар тарсу таҳқир” рӯзи 17-уми март нашр шуд.

"Ҳамин ки як осиёиро диданд..."

Дар таҳқиқоти Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) омадааст, ки баъди ҳамла ба “Крокус” муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба мавҷи таъқибу фишори зиёд, бадномсозӣ ва боздошти худсарона рӯ ба рӯ шуданд. Гузашта аз ин, ҳукумат қоидаву муқаррароти иқомат ва муҳоҷиратро ба Русия дигар ва кору зиндагиро барои муҳоҷирон сахту душвор кард.

Муаллифон асосан бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷик, қирғиз ва узбек ва зери по кардани ҳуқуқи онҳоро сабт карда, гуфтаанд, ки онҳо фақат барои онки осиёӣ ҳастанд, озору азияту азобу уқубат мебинанд. Ин амалҳои ғайриқонуниро ба онҳо кормандони милиса, шахсони алоҳида, аз ҷумла миллатгароёни ашаддӣ раво дидаанд.

Дар гузориш омадааст, муқаррароти нав, ки баъди моҳи марти соли 2024 ба иҷро даромад, сабаб шудааст, ки дар ҳар кӯчаву паскӯча ҳуқуқи муҳоҷирон ошкоро зери по шавад. Бадтар аз ин ҳама, баъди ҳамла ба “Крокус” худи мақомоти Русия бо нерӯи дучанд барангехтани эҳсосоти муҳоҷирситезӣ ва нафрат ба мардуми омадаро зиёд карданд.

“Зиндагии имрӯзаи муҳоҷирон дар инҷо пур аз тарсу таҳқир аст. Мо ҳар рӯз бо табъиз ва бераҳмӣ аз тарафи мақомоти интизомӣ дучор мешавем. Кормандони милиса ҳамин ки як осиёиро диданд, барояш мушкилӣ меофаранд,” – гуфтааст як муҳоҷири тоҷик дар суҳбат бо муаллифони таҳқиқот.

Радиои Озодӣ ҳам тақрибан ҳар ҳафта як видеое аз худи муҳоҷирон дар ҳамин бора мегирад.

Бар асоси таҳқиқоти HRW, танҳо дар соли 2024 дар Русия зиёда аз 3 миллиону 300 ҳазор муҳоҷир фақат аз Осиёи Марказӣ будаанд. Бар тибқи оморҳои тахминӣ, як миллион ё бештар аз он шаҳрванди Тоҷикистон ҳам дар Русия кору иқомат мекунанд.

Новосибирск, 15-уми октябри 2024
Новосибирск, 15-уми октябри 2024

Салоҳияти бештари милиса; имтиҳони кӯдакон

Муаллифони гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) тағйири қонунро дар бораи мақоми шаҳрвандони хориҷӣ мисол овардаанд. Ин қонун салоҳиятҳои маъмурони милисаро васеъ кард ва ба онҳо иҷоза дод, ҳар муҳоҷиреро, ки хуш наомад ва ё аз ҳаққи хеш дифоъ кард, бе ягон ҳукми додгоҳ аз Русия ихроҷ кунанд.

Мақомоти Русия ҳамчунин феҳрасти “шахсони таҳти назорат”-ро таҳия кардаанд. Ба он муҳоҷироне шомил мешаванд, ки муҳлати эътибори санадҳояшон гузаштааст. Аз замони ҳукми иҷро гирифтани феҳраст дар моҳи феврали имсол ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башар, садҳо муҳоҷири тоҷику узбек ва ё қирғиз аз ҳаққи дастрасӣ ба ҳисобҳои банкиашон маҳрум ва гирифтори дарди сарҳои дигар шудаанд.

Илова ба ин, мақомоти Русия қабули фарзандони муҳоҷиронро ба мактабҳо мушкил сохтанд ва гуфтанд, ки онҳо бояд дар имтиҳон нишон бидиҳанд, ки забони русиро медонанд. Маҳрум кардани муҳоҷирон аз кор дар арсаҳои муайян аз ҷумла маориф, тиҷорат, ҳифзи иҷтимоӣ ва таксиронӣ аз ҷумлаи маҳдудиятҳои дигар буд, ки дар вилоятҳои алоҳидаи Русия ҷорӣ шуд.

Нома ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) натиҷаҳои таҳқиқотро ба мақомоти расмии Тоҷикистону Қирғизистон ва Русияву Узбекистон фиристодааст, вале ба ғайр аз Қирғизистон аз ҳеч касе посух нагирифтааст. Аммо созмон гуфтааст, ки бар асоси қонунҳои байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуқи инсон, ҳукумати Русия вазифадор аст, ҳуқуқи ҳар як нафарро, ки дар қаламраваш ҳастанд, ҳимоят кунад, бе ягон истисно ва табъиз. Фарқ надорад, ӯ тоҷик аст, рус аст, ё узбеку қирғиз.

Дидбони Ҳуқуқи Башар аз мақомоти Русия хостааст, ки сиёсатеро пеш бигиранд, ки муҳоҷирситезӣ, бадномсозӣ аз байн биравад. Барои мубориза бо бегонаситезӣ, зӯроварӣ ба муҳоҷирон ва риояти муносиби ҳуқуқи онҳо саъй кунад.

Айни замон аз Созмони Милал ва кишварҳои дигари узв ва ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ хоста шудааст, ки бо талоши муштарак аз Русия талаб кунанд, ки ҳуқуқи муҳоҷиронро риоят кунанд. “Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ҳам бояд намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳояшонро тақвият карда ба муҳоҷирон ёрии заруриро бирасонанд,” – гуфта шудааст дар таҳқиқоти HRW.

XS
SM
MD
LG